Раҷаб Зокиров як сол баъди хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба дунё омадааст. Падарашро ёд надорад, зеро ҳанӯз як сол надошт, ки ӯ аз дунё гузашт. Дар солҳои баъдиҷангӣ аксарият бо душворӣ зиндагиашонро пеш мебурданд. Модар тани танҳо писарашро калон кард.
– Ман ҳамагӣ то 10-солагӣ дар зодгоҳам зиндагӣ кардаам. Соли 1956 ба маҳаллаи Маҳмадшоҳи Поёни Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ кӯчидем. Дар мактаб бо баҳои қаноатбахш ва баъзан хуб мехондам, – кӯдакияшро ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.
Мавсуф бо маслиҳату роҳнамоии дӯсташ Назаралӣ Назаров пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил ва маълумоти олӣ гирифтан ба Институти педагогии ба номи Тарас Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуд.
– Ман як моҳ пеш аз имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳ рафтам ва мисли садҳо довталаби аз минтақаҳо омада аз маъмурият ҷойи хоб гирифта, дар саҳни донишгоҳ барои имтиҳонҳо тайёрӣ дидам. Расо як моҳ дар ҳавлии донишгоҳ хӯрдаму хондаму хуфтам. Он ҷо майдони филмбардориро мемонд, ки бояд ҳар нафар кори худашро анҷом диҳаду ба дигарон халал нарасонад. Он як моҳ хеле душвор буд. Ҳамон вақт дарк кардам, ки дасткӯтоҳ будан дар масъалаи иқтисодӣ чӣ қадар бад аст, чӣ қадар одамро дар ҳолати ногувор мемонад, чӣ қадар азобро бояд таҳаммул кард. Аммо агар инсон сабр кунад, худро месозад ва дар зиндагӣ аз по намеафтад.
Қисса кӯтоҳ, вақте ки имтиҳонҳо оғоз шуданд, ман аз фанни физика баҳои «3» гирифтаму аз иншо баҳои «4». Пасон, ба имтиҳони ихтисосам фанни кимиё даромадам. Муаллимон гуфтанд, ки билети имтиҳонӣ нагир, балки як муодила мегӯем, агар ҳал карда тавонӣ, баҳои аъло мемонем. Ман розӣ шудам, муодилаи пешниҳоднамудаашонро ҳал карда, баҳои «5» гирифтам. Ҳамин тавр, донишҷӯ шудам.
Р. Зокиров расо панҷ сол аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ кашида, танҳо бо 28 сӯми идрорпулиаш зиндагӣ мекардааст. Ӯ танҳо як даромад доштааст ва мекӯшидааст, ки пули доштаашро то охири моҳ расонад. Ҳамчунин, аз касе интизори дастгирӣ ҳам набудааст, зеро модар, ки ба нигоҳубини кӯдакони мардуми деҳа машғул мешудааст, танҳо зиндагиро пеш мебурдааст.
– Соли 1969 донишгоҳро хатм кардам. Тибқи тақсимот ба минтақаи Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) интиқол ёфта, дар мактаби №7 чор моҳ ҳамчун омӯзгори химия фаъолият кардам. Баъд ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардидам. Пас аз хидмати аскарӣ чанде ба тиҷорат машғул шудам ва дарк кардам, ки ман барои омӯхтану омӯзонидан ба дунё омадаам. Инак аз соли 1976 то имрӯз, бидуни танаффус фаъолияти омӯзгорӣ дорам, — бо шавқу ифтихор нақл кард устод.
Мавсуф аз соли 1976 то 1985 дар мактаби №45-и маҳаллаи Сарикиштии Поён кор кардааст. Мактаб аз хонааш 9 километр роҳ буд ва пиёда рафта меомад.
Сипас, ба мактаби №201, ба деҳаи худашон ба кор гузашт. Соли 1992, вақте ки дар ҷумҳурӣ нотинҷӣ шуд, ҳамчун ҷонишини директор ба мактаби №62 интиқол ёфт. Соли 2003 боз ба мактаби деҳаи худашон гузашт, вале мактаб набуд, балки дар зери хайма як сол дарс дод. Мактаби нав сохтанд, ки рақамаш аз 201 ба 74 табдил ёфт. Ҳоло дар ин мактаб кор мекунад.
Боварии мардум ба ӯ ангеза медиҳад, ки ҳатто дар 77-солагиаш ҳам кор кунад, касбашро дӯст дораду ба ояндаи бачаҳо бетафовут набошад.
Дар мавриди арҷгузории мардум ба омӯзгор назари нек дорад. Мегӯяд, ки агар дар таълиму тарбияи фарзандони онҳо саҳлангорӣ накунем, мардум моро дӯст медоранд, қадр мекунанд ва баробари дидан изҳори ташаккур менамоянд.
Шогирдони зиёд омода кардааст, ки дар миёнашон дорандагони медали тилло ҳам ҳастанд. Мегӯяд, ки бачаҳо бештар пеш аз имтиҳоноти дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои дарсҳои иловагӣ меоянд ва дар муддати муайян онҳоро омода мекунад.
Ҳамчунин, омӯзгорони ҷавон аз ӯ маслиҳат мепурсанд, таҷриба меомӯзанд.
– Нони муаллимӣ бисёр болаззат аст, зеро самари меҳнати ҳалол мебошад. Ин нонест, ки осон ба даст наомадааст ва иловатан аз кори савоб аст. Шукр, ки ним аср мешавад, нони муаллимӣ мехӯрам ва аҳли оилаамро таъмин мекунам, — пеш аз нонро ба даҳон бурдан гуфт ба мо.
– Умри ман ба кори омӯзгорӣ сипарӣ шуд ва ҳоло, ки даврони пирӣ меронам, аз кору касбам танҳо ифтихор дораму халос. Бисёр касбҳо паҳлуҳои мусбату манфӣ доранд, вале бо гузашти қариб 50 сол ҷиҳати манфии ин касбро надидаам, — бо ханда илова кард мавсуф.
Раҷаб Зокиров ба он назарраст, ки насли нав бояд зиёдтар ба таҳсил таваҷҷуҳ кунад, зеро оянда танҳо нафароне лозим ҳастанд, ки босавод бошанд.
Аз он ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст, бисёр хушҳол буда, ба боварест, ки иқдоми мазкур барои бештару амиқтар омӯхтани фанҳои дақиқ мусоидат мекунад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
рӯзноманигор
