ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАҶОТБАХШИ САЙЁРА

Илм собит намудааст, ки тағйирёбии сайёраи мо бори аввал нест. Аммо тағйирёбии кунунии он бештар бо таъсири худи инсон ба амал омада истодааст. Рушди бемайлони ҷаҳони муосир, агар аз ҷиҳате хуб бошад, аз ҷониби дигар, бар зарари табиат аст, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва он моро мехӯронад, мепӯшонад, табобат мекунад, гарму сард менамояд ва зинда медорад. Имрӯз табиат аз бошандагонаш муносибати оқилонаю ғамхорона ва эҳтиёткоронаро тақозо дорад.
Мо сокинони хушбахти яке аз кишварҳои мустақили ҷаҳон ҳастем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун яке аз абармардони хайрхоҳи башар ва ҳомии табиат шинохта шудаанд. Сарвари кишвари мо Тоҷикистони ҷангзадаву тороҷёфтаро ба як мамлакати мустақили рӯ ба тараққӣ табдил додаанд. Ҳамакнун барои ҳалли проблемаҳои глобалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ азму талош доранд.
Дар суханрониҳои аввалини худ солҳои 90-уми асри XX Пешвои миллат агар аз давлатҳои узви СММ кумак барои таъмини сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар хоҳиш карда бошанд, дар суханрониҳои минбаъдаашон барои ҳаллу фасл намудани муаммоҳои сайёра пешниҳоду ташаббусҳои худро иброз кардаанд, ки дар ҳама маврид муфид арзёбӣ гаштаанд.
Бояд гуфт, ки об барои ҳаёти тамоми мавҷудоти зинда муҳим аст. Тибқи сарчашмаҳо, дар маҷмуъ, дар рӯи замин тақрибан 1400 миллион км3 об мавҷуд аст. Об 71%-и сатҳи ҷаҳонро фаро мегирад. Қисми зиёди оби замин ба уқёнусҳои ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Оби шӯр барои кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқ набуда, масъалаи таъмини сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ мақсади 6 –уми СММ аст, ки дар ҳалли он нақши Тоҷикистон бузург дониста шудааст. То имрӯз СММ бо ибтикори Тоҷикистон якчанд қатъномаро марбут ба об қабул кардааст. Қобили зикр аст, ки иқдомҳои марбут ба об дар ҳалли мушкилоти мавҷуда заминаҳои хубе фароҳам овардаанд. Аз сарчашмаҳо маълум гардид, ки маҳз бо шарофати Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» дар тамоми ҷаҳон теъдоди аҳолии ниёзманд ба оби тозаи нӯшокӣ 700 миллион нафар кам гардидаст.
Имрӯз инсоният барои беҳтар кардани ҳаёти худ ба кашфиёти бузурге ноил мегардад. Аммо нуктаи дигареро ҳам бояд ба назар гирифт, ки бархе аз ин кашфиёт бар зарари сайёраамон мебошад. Яке аз муаммоҳои ҷиддии сайёра зиёд гардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ аст, ки тибқи таҳқиқоти олимон, ба системаи глобалии иқлим, аз ҷумла, тағйири гармӣ, намнокӣ, обу ҳаво, гардиши ҳаво ва уқёнус таъсири манфии худро мерасонад. Яке аз оқибатҳои манфии он обшавии пиряхҳо мебошад. Ҳатто пиряхҳои бузурги Антарктида, Гренландия об шуда истодаанд, ки ин ба тамоми соҳаҳои ҳаёт оқибатҳои нохуш ба бор меоварад. Бояд дар назар дошт, ки оби тоза асосан дар пиряхҳост.
Ин масъала ба тамоми сайёра, аз ҷумла, ба давлати мо низ сахт марбут аст. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, низ об шуда истодаанд. Бузургтарини онҳо пиряхи Федченко мебошад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Обшавии пиряхҳо боиси нигаронии тамоми кишвар гардида, дар робита ба он Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ таъкид доштанд, ки «Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро дар обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст.»
Дар суханронияшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи мазкурро яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ин ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд ва 14 декабри соли 2022 аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Бар замми ин, пешниҳод шуд, ки дар назди СММ Фонди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Моҳи сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, суханронӣ карда, вазъи тағйирёбии иқлимро дар Осиёи Марказӣ таҳлил ва баррасӣ намуданд. Дар он масъалаи нигоҳдории пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ таҳлил шуда, таъкид гаштааст, ки ҳалли самаранокии ин проблема ба кӯшиши якҷояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад.
Умуман, масъалаҳои глобалӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат буда, гувоҳи ояндабинӣ ва ташаббускориашон мебошад. Метавонем бо итминони комил гӯем, ки иқдомҳои Пешвои миллат дар бартараф кардани масъалаҳои актуалии сайёра пурманфиат ва наҷотбахш мебошанд.

Шодмон ШАҲОБИЁН,
устоди ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров