ҲАРАКАТ ҚОИДА ДОРАД, ЧАРО ОНРО РИОЯ НАМЕКУНЕМ?

Бале, ҳаракат ҳам қоида дорад. Расо 15 сол пеш доир ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузорише навишта будам, ки дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба табъ расида буд. Дар он гузориш далелҳо аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва ибрози назарҳо аз аҳли ҷомеа оварда шуда буданд.
Аз ҷумла, гуфта будем, ки бо талаби Бозрасии автомобилии давлатӣ теъдоди соатҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар мактаб аз 10 ба 17 расид, аммо «масъулият чи аз тарафи инспекторон-муаллимон ва чи аз тарафи маъмурият мушоҳида намешавад. Аввал ин ки теъдоди муайяншудаи соатҳо гузаронида намешаванд, сониян, агар гузаронида шаванд ҳам, рӯякиянд. Муаллимон бештар ба баёни он чизе, ки дар китоб дода шудааст, қаноат мекунанду халос, зеро донишҳои худи онҳо басандагӣ намекунад.»
Он вақт Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», Барномаи беҳдошти таълими бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҶТ барои солҳои 2009-2013 амал мекарданд.
Хушбахтона, имрӯз дарсҳо ҷолибтар, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, рейдҳои гуногун, аз ҷумла, рейдҳои «Автобус», «Тартибот», «Чорроҳа», «Истгоҳ», «Ронанда», рейдҳои махсуси якмоҳа-амалиёти «Эҳтиёт, бачаҳо!», «Кӯдакон» ва «Бачаҳо», барномаҳои радиоиву телевизионӣ, тавзеҳот тавассути матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, суҳбату вохӯриҳо миёни ҷомеа бештару ҳадафмандона сурат мегиранд. Аммо дар ҳамин ҳол нофаҳмиҳо ҳам аз ҷониби пиёдагардон ва ҳам аз ҷониби ронандагон боз ҳам кам намешаванд.Чаро?
Ин чӣ даҳшат аст? Худ қазоват кунед: 1.05.23: шаш нафар дар роҳи Душанбе – Чаноқ ба ҳалокат расиданд; 28.06.23: шаш нафар хонанда дар Себистон (Данғара) ҷароҳати вазнин бардоштанд; 2.07.23: 11 нафар дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расиданд; 3.07.23: падар бо духтари донишҷӯяш дар гузаргоҳи назди хонаашон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид.
Аз мақомоти дахлдор ҳам пайваста иттилоъ мерасад, ки ба сабаби қоидавайронкуниҳо (аз меъёри муқарраршуда баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт; вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонӣ; истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми мошинронӣ; итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо; истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандагон; итоат накардан ба талаботи корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла, ҳолати мастӣ) дар давоми моҳ ё соли ҷорӣ зиёд ва гуногунанд: фалон қадар ба ҳалокат расид, фалон қадар ҷароҳат бардошт, фалон қадар ҷарима ва ё ҳабс шуд. Аммо боз ҳам тасодум кам намешавад…
Ин дар ҳолест, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» соли 1995 қабул шудаву дар ин асос даҳҳо санади дигар ба тасвиб расидааст. Баргузории озмунҳо барои аз худ кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни мактаббачагон солҳо боз идома дошта, дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» бо ҳам сабқат меороянд. Бозрасии давлатии автомобилӣ дар пойтахт ва вилоятҳо озмуни «Ронандаи сол» баргузор мекунад. Дар назди мактабҳое, ки канори роҳ ҷо гирифтаанд, гурӯҳҳои ихтиёрии нозирони навраси ҳаракати роҳ фаъолият мекунанд. Дар Душанбе соли гузашта «Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шуд. Беҳтарин воситае, ки чанд соли ахир аз тасодумҳои нақлиётӣ ҷилавгирӣ мекунад, ба фаъолияти камераҳои «Шаҳри бехатар» рабт дорад. Аммо гӯё ин ҳама басанда нест. Зимнан, мо пайи он намегардем, ки ба кӣ дар кадом ҳолат чӣ ҷазо дода шавад, вале мехоҳем Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» (соли 1995) ва Низомномаи БДА ВКД Тоҷикистон аз ҷониби ҳама ҳатман риоя гардад. Банди 17-и ин Низомнома мегӯяд: «Ошкор сохтани омилҳо ва шароите, ки сабаби рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар аъмоли ғайриқонунӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ мегарданд ва дар ҳудуди салоҳияти худ андешидани тадбирҳо дар бобати бартараф кардани онҳо.»
Тавре ки ишора шуд, тадбирҳо аз ҷониби масъулин зиёд дида мешаванд, аммо ташвиш дар натиҷагирист, ки намебинем. Ба ин саволу ҷавоб таваҷҷуҳ намоем:
1. Барои маърифати ҳуқуқӣ пайдо кардани насли наврас танҳо мавқеи мактаб кофӣ нест.
– Ба вохӯриҳои мақомоти дахлдор дар муассисаҳои таълимӣ падару модарон ҳам бояд ҷалб гарданд, чун саҳлангорӣ аввал аз ҷониби онҳост.
2. Суръати миёнаи ҳаракат риоя намегардад, тадбир чист?
– Албатта, ғайриҳирфаиҳо сари чанбари мошин мешинанд, ки ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддиро интизор аст. Шояд таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯхтан лозим бошад?
3. Пиёдагардон ҳам бегуноҳ нестанд, вале хоҳ-нохоҳ ронанда ҳамеша ҷавобгар аст.
– Махсусан, дар ҷойҳои серодам, ҷойҳое, ки роҳҳои зеризаминӣ вуҷуд доранду пиёдагардон ба болои роҳ мегузаранд, бояд чораи қатъӣ дида шавад.
4. Оё ҳамеша доир ба қоидавайронкуниҳо чора дида мешавад?
– Бояд дар муассисаҳои таълимӣ тамоми хонандагону донишҷӯён бовар кунанд, ки тобеи қонун будан шарт аст.
Воқеаҳои рӯзҳои охир дар роҳҳои кишвар хеле нигаронкунандаанд. Бояд тамоми ҷомеа ва мақомот дар роҳи ҳалли мушкилот ҳамдаст шаванд, фарҳанги ронандагӣ бояд аз қонун маншаъ гирад, чун ронандаҳо бо ҷони одам сарукор доранд.
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»