ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ

Аз таҷрибаи мактабу маориф бисёр хуб медонем, ки донишомӯзон чӣ гуна омӯзгорро дӯст медоранд. Бешак, ҳамон омӯзгоре миёни мактабиён иззату обрӯ дорад, ки дониши хуб, илми расо дошта бошаду омӯзгори шоиста ва инсони комил бошад ва хулқу атвораш мутобиқи меъёрҳои ахлоқии дирӯзу имрӯз сурат гирад. Фазилатҳои ахлоқии омӯзгор, албатта, мустасно намешавад, вале беш аз ин бояд соҳибилм ва босавод бошад. Агар чунин савияву фазилат набошад, ҳама гуна барномарезӣ ва ҷаҳду талош бенатиҷа хоҳад монд. Ин ҳама ба пешрафти мактабу маориф бетаъсир намемонад.
Дар Паёми Президенти кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, такмили сатҳи касбии омӯзгорон масъалагузорӣ шуда, таъкид кардааст, ки «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».
Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд мекунад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷӯ ва кунҷковӣ фароҳам оварда, ӯро ба шахси комил будан, яъне, ба сӯи дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Дигар ӯ асири хурофот намешавад, мо ӯро дониш омӯхта, бо аслиҳаи илм ва мантиқ мусаллаҳ месозем. Вақте ки инсон бо илму дониш мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ андеша мекунад, бо шуҷоат аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагӣ роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар омӯзгор дар раванди таҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, хонандаро ба банди нодонӣ гирифтор карда, натанҳо ӯро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки аз илму мантиқ дур карда, оташи таассубро дар ботини ӯ меафрӯзад.
Профессор С. Ятимов дар мақолаи таҳлилии фарогири худ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» (Андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) чунин нигоштааст: «Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо мавқеъ ва манзалати инсон, маданият ва маърифати ӯ тавассути мактабу маориф – хамирмояи ҷавҳари одамӣ дар шоҳроҳи андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар ҷойи аввал меистад. Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, натанҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад».
Аз ин лиҳоз, маҳз омӯзгор метавонад шахсро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун шавад. Маҳз ба инсонсозии омӯзгор такя намудани Пешвои муаззами миллат бояд ҳисси масъулияту ватандӯстиро дар ниҳоди ҳар як омӯзгори кишвар даҳчанд намояд.
Адабиёти гузашта ва имрӯзаи мо низ дар ин равиш намунаҳои пурарзише дорад, ки бояд аз он ба дараҷаи лозимӣ истифода кунем. Чунончи, Ҳофизи нозукбаён гуфтааст:
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.
Акнун бо таваҷҷуҳ дар ташаккули шахсияти инсон ба хубӣ метавон хулоса кард, ки вазифаи омӯзгор то чӣ андоза сангин ва пурмасъулият аст.
Оре, маҳз омӯзгорони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан, тафаккури созанда доранд, метавонанд ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро бисозанд.
Ҷамшед БОЙЗОДА,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон