Дар ҳошияи мақолаи профессор С.Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад»
Тайи 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, озодии воқеии шаҳрвандон таъмин гардид. Пайваста ба чунин тағйироти куллӣ, дар соҳаи маориф низ навгониҳо ба амал омада истодаанд. Силсилаи ислоҳоти соҳаи маориф боис гардид, ки стандартҳои давлатӣ аз нав коркард, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, китобҳои дарсӣ ва методҳои таълим такмил дода шаванд.
Сарчашмаи ин дастовард ва тағйирот, пеш аз ҳама, инсондӯстӣ, тафаккури миллӣ ва арзишҳои демократие мебошанд, ки нигоҳи навро ба таълиму тарбияи насли наврас тақозо менамояд. Бо ин мақсад мактаби имрӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки маҷмуи донишҳои муайянеро ба хонанда диҳад, иловатан, дар ҷомеаи имрӯзаи шаҳрвандӣ шахсони бомаърифат, умедбахшу меҳанпарастро тарбия намояд. Чунин афрод бояд ҳимоятгари сарзамини худ бошанд ва чун шаҳрванди асил саҳми худро дар шукуфоии ватан гузоранд.
Талаботи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чӣ тавр бошад? Ин саволест, ки аз ҷомеаи имрӯз, пеш аз ҳама, тарбияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва шаҳрвандиро талаб менамояд. Ин матлаб дар мақолаи пурмуҳтавои профессор С.Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», ки дар заминаи шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23.12.2022) таълиф шудааст, дарҷ гардидааст. Дар ҳақиқат, таърих дар баробари дигар илмҳои ҷомеашиносӣ нақши муҳими тарбиявию таълимӣ дорад. Ин мавзуъро профессор С.Ятимов ба таври зайл баён кардааст:
«… Таърих бошад, доира ва мавзуи васеи таҳқиқот дорад. Миллатҳоеро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки аз чаҳорчӯбаи мутобиқшавии одӣ ба табиату ҷамъият пештар рафтаанд. Тоҷикон миллати худкифо ва соҳибтамаддун ҳастанд. Ҳанӯз ду ҳазор сол қабл, ба ҳоли халқе, ки «зи шири шутур хӯрдану сусмор, тахти каёнӣ орзу кардан»-ашро хандида, бо ғурур ба истеҳзо кашидаанд. Мавзуи омӯзиши таърих халқҳоеанд, ки соҳиби орзуву ормон ва нақшаҳои ояндасоз мебошанд. Ва амалӣ кардани онҳо фарҳангу хиради ин мардумонро боз ҳам сайқал мебахшад. Зиндагии инсонро ба беҳбудӣ ва сулҳу оромӣ раҳнамун мекунад. Умуман, тасаввурот ва нияту мақсадҳое, ки метавонанд як чизи идеалиро ба фоидаи пешрафти ҳаёти воқеӣ амалӣ гардонанд, барои таърих муҳим мебошанд».
Воқеан, ба насли наврас омӯзонидани ҷавҳари ғояҳои арзишҳо ва ормонҳои миллӣ вазифаи ҷонии натанҳо омӯзгори таърих, балки кулли омӯзгорон ва аҳли ҷомеа мебошад. Донистани таърих барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Ҳар як миллат аз гузаштаи худ бояд огоҳ бошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) таъкид намуда буданд, ки «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Таърих чун илми ҷомеашиносӣ яке аз шаклҳои муҳими афкори халқ аст. Албатта, дигар илмҳое низ ҳастанд, ки дар қатори илми таърих ба омӯзишу инкишофи ҷомеаи инсонӣ машғуланд, аз ҷумла, фалсафа, ҳуқуқ, назарияи иқтисод, этнография, демография, сотсиология, психология, биология, антропология ва ғайра. Аммо ин илмҳо мазмунан аз таърих фарқ доранд. Дар мазмуну мундариҷаи онҳо ҳодисаю воқеаҳо моҳияти дуюмдараҷа доранд. Дар ҷамъбасту хулосаҳои алоҳида дар мисоли баъзе аз онҳо диққати махсус дода намешавад. Вале дар системаи илмҳои ҷомеашиносӣ илми таърих мавқеи вижаро ишғол мекунад. Махсусияти илми таърих дар он аст, ки он ба омӯзиши ҳодисаҳое машғул аст, ки аллакай ба амал омадааст. Воқеа ба итмом мерасад, аммо аз ёдҳо гум намешавад ва он дар хотираи мардум, дар манбаъҳои таърихию ёдгориҳо боқӣ мемонад. Таърих таҷрибаи бисёрсолаи оламро гирд оварда, то кунун ҳифз кардааст.
Илми таърих ҳаёти гузаштаи одамонро дар бар гирифта, ба мо имкон медиҳад, ки ҳаёти имрӯзаро дарк карда, самти ояндаро аниқ созем. Дар илми таърих факту рақам ҷойи муҳимро ишғол мекунад, зеро илми таърих мазмуни илми дақиқро дорад. Аз ин рӯ, ҷамъоварии далелҳо ва ба мубодилаи илмӣ ворид кардани он аз муҳаққиқ — таърихшинос малакаи хуби касбӣ талаб мекунад. Агар дар дигар илмҳои ҷомеашиносӣ барои тақвияту таҳкими афкор ва ё хулосабарорӣ як ё ду далел кифоя бошад, дар таърих барои шарҳи воқеа маҷмуи далелу мисолҳо ва то кадом андоза ҳақиқат доштани онҳо зарур аст. Доираи илмии таърих рӯз то рӯз васеъ мешавад, зеро замони ҳозира бо гузашта алоқаи зич дорад. Ҳар як рӯзу моҳу соли гузашта боиси зиёдшавии маводи таърихӣ мегардад.
Дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърих яке аз омилҳои муфиди тарбияи ватандӯстӣ ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон ба ҳисоб меравад. Хотираи инсоният ба мисли оинаи пурҷилоест, ки ба бани одам аз насл ба насл мерос гузашта, дар роҳҳои пурпечутоби таърих онро эҳтиёткорона ҳифз намудаанд, то гаштаю баргашта дар оинаи таърих осореро бубинанд, ки орзую омол, шикасту пирӯзиҳо ва лаҳзаҳои наҷотбахши замонҳои пешинро ифода менамоянд. Огаҳӣ аз таърихи гузашта наслҳои минбаъдаро бо донишҳои нав мусаллаҳ месозад, ба онҳо сабақҳои волою хирадмандона медиҳад, дар мисоли корномаҳои аҷдодон ибрату илҳоми тоза мебахшад. Аз таърихи миллати хеш огоҳии хуб доштан на танҳо ифтихори миллии насли наврасро афзун мекунад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқу миллатҳои гуногун, инчунин, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Дар ин хусус профессор С.Ятимов чунин овардааст:
«…Бояд ба инобат гирифт, ки давлати миллӣ ҳамчун организми зинда дар фазо, ҳама вақт таъйиноти гузаштан аз монеаҳоеро дорад. Чунин мушкилот ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналхалқӣ бешуурона ва аксари вақт бошуурона барои ин ниҳод эҷод мешаванд. Идеяҳои устувори давлати миллӣ ва субъектҳои пешбарандаи он, бояд ҳаммароми ин муассисаи умумимиллӣ — давлат бошанд».
Бале, дар ҳақиқат, «муассисаи умумимиллӣ» (давлат) барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанхоҳ муқаддас аст ва шиносоӣ бо воқеаҳои муҳими таърихӣ ва дарк кардани онҳо яке аз аломатҳои ҳатмии маълумотнокӣ ва масъулияти баланди ҳар як фард мебошад. Донишҳои таърихӣ на танҳо хусусияти маърифатӣ, инчунин, аҳаммияти амалӣ доранд. Таърихдонӣ, худшиносӣ, ҷаҳондонӣ яке аз нишонаҳои муҳими инсони комил аст. Вобаста кардани таърихи гузашта ба замони ҳозира ба масъалаи сарфаҳм рафтан ба ҳодисаҳои мудҳиши ҷаҳони зудтағйирёбанда, аз қабили амалҳои нобахшидании террористону экстремистон ва ифротгароии динӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муайян кумак мерасонанд. Донистани таърих дар ҷустуҷӯи роҳи беҳтарини эмин будан аз хатоҳои гузаштагон ва роҳ надодан ба хатарҳои замони муосир саҳми арзанда дорад. Мо бояд аз тафсири асноди таърихӣ баҳра ҷӯем ва донишҳои худро дар бунёд намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди шаҳрвандӣ истифода барем.
Инчунин, бояд дар назар дошт, ки таърих на танҳо замони гузаштаро меомӯзаду ба мо дастуруламали рафтору кирдор, интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, ташаккули фикру ақида дар муносибати мо ба масъалаҳои муҳими ҷомеа ҳамчун устоди зиндагӣ хидмат мекунад, балки оид ба ояндаи мо низ баҳс карда, барои интихоби роҳи дурусти ояндаи ҷомеа саҳм дорад.
«Омӯхтани таърих, — зикр намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дастурамалест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешояндҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хидмат мекунад».
Бо туфайли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши ҳамаҷо-нибаи таърихи кишвари азизамон аз тарафи олимони ҷавон давом дорад. Бо донистани таърихи ҳамин сарзамину диёри биҳиштосо бояд ба қадри Ватан беҳтару бештар бирасем. Барҳақ, донандаи таърихи сарзамин ва миллат инсони комил аст.
Халқи тоҷик яке аз аввалин халқҳои соҳибкитоб, соҳибсухан ва соҳибназари рӯйи Замин аст, ки ҳам дар соҳаи дунёшиносӣ ва худшиносӣ ва ҳам дар бахши давлатдорӣ, ҳам дар тарбия ва маърифати инсон ва умуман, аҳли ҷомеа дар таърих хидмати дурахшон кардааст, ки сазовори ифтихори ҳамагон аст.
Ифтихори миллӣ дар қалби ҳар як ҷавони боору номус, ҳар қавм ва миллат, маҳз ба воситаи хуб донистани таърих ҷой мегирад. Ифтихори миллӣ танҳо ба такрор ба забон рондани ин вожаҳо нест. Дар ин хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр кардаанд: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитоби сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотияшро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, «манқурт» мешавад. Яъне, инсон аз таърихи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад». Дар ҷойи дигар Сарвари давлат мефармоянд: «Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».
Худшиносӣ роҳи асосии ба камол расонидани инсон мебошад. Ҳар як шахс бояд бидонад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист, он гоҳ моҳияти ҳастии атрофиён, ҷомеа ва оламро хоҳад фаҳмид. Пас, инсон барои он ки таърихи миллатро донад, лозим аст, ки аввал худро дарк намояд. Шинохтани таърихи дигарон боз барои шинохти шахсияти худ заминаро васеътар мекунад ва дар ин асос пайваста дар ислоҳи худ кӯшида, инсонро, камолоти вайро дараҷа ба дараҷа боло мебардорад.
Омӯхтани таърихи миллат дар замири ҳар ҷавон, умуман, инсон бар ӯ сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати ба зуҳуроти номатлуби манфии ҷомеа назари интиқодӣ дошта бошад, Ватани худро дӯст дорад ва манфиати онро ҳимоя намояд.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзго