САЙДИ ОСОН

Ё чӣ гуна наврасон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро вобаста мешаванд?
Имрӯз интернет ба ҳаёти қариб ҳар як оила ҳамаҷониба ворид шудааст. Ҳатто кӯдаки 2 – 3-сола ҳам имкони истифодаи телефон ва планшетро дорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки шабакаи ҷаҳонии интернет ба як ҷузъи ҳаёти мову шумо ва кӯдаконамон мубаддал шудааст. Имрӯз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани кор дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин, шаклу намудҳои гуногуни расондани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.
Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонон ва ҳатто наврасони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.
Интернет пур аз таҳдидҳои зиёд аст ва наврас, мутаассифона, на ҳама вақт метавонад хатарро дарк кунад. Ҳолатҳое зиёданд, ки наврас бо истифода аз интернет ба таблиғи ғояҳои терроризм ҷалб карда мешавад. Наметавон ҳама вақт фарзандонро аз истифодаи интернет комилан манъ кард. Ҳатто ва дар хона метавонад дар кӯча наврас аз дӯстонаш ва дигар мавридҳо интернетро истифода барад. Яъне, на ҳама вақт мо имкони кӯдакро аз шабакаи иҷтимоие, ки баъзан хатар ба шуури тафаккури фарзандонамон дорад, дур намуда метавонем.
Пас, чӣ бояд кард, ки фарзандонамон ба шабакаҳои иҷтимоие, ки корашон таблиғу ташвиқи ифротгароӣ ҳаст, ҳамроҳ нашаванд?
Волидон бояд донанд, ки фарзандонашон дар интернет бо кӣ муошират мекунанд. Агар наврас дӯстоне дошта бошад, ки аз ӯ хеле калонтаранд, пас ин бояд ба таври махфӣ баррасӣ карда шавад. Инчунин, муҳим аст, то ба фарзандонатон бирасонед, ки онҳо наметавонанд бе иҷозати волидайн бо дӯстони виртуалӣ вохӯранд ва маълумоти шахсиро пешниҳод кунанд.
Агар шумо эҳсос кунед, ки бо фарзанди шумо ягон воқеаи бад рӯй медиҳад, метавонед ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед.
Маъмулан, наврасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дошта, маълумот дар бораи фарзандон, аксҳои онҳо ё маълумотҳои дигар метавонанд барои ҳама дастрас бошанд.
Ҳар як шахс метавонад ба нав-рас паём ё шарҳ нависад, кӯшиш мекунад, ки бо ӯ дӯстӣ пайдо кунад. Аъзои гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин усул истифода мекунанд.
Азбаски дар воситаҳои ахбори омма барои ин гуна ифротгароён таркиби фикру ақоид манъ аст, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар шабакаи ҷаҳонии интернет аудиторияи васеи худро ҷустуҷӯ кунанд. Ва ҷалби наврасон нисбат ба калонсолон хеле осонтар ва бехатар аст.
Дар хотир бояд дошт, ки террористон танҳо шахсони дар ниқоб мусаллаҳ набуда, ҳангоми муносибат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар шахси одӣ намуда, ба нав-расон одитарин корҳоро мефармоянд. Масалан, ба шахси дигар додани чизе (нома, сандуқ ва ғ.)-ро супориш медиҳанд.
Аъзои гурӯҳҳои ифротӣ тавассути интернет “ҳамфикр”-они ояндаро ба сафи худ ҷалб мекунанд.
«Маводи ифротӣ»-ро чӣ гуна бояд эътироф кард?
Танҳо додгоҳ метавонад паёмҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё мессенҷерҳои фаврӣ экстремистӣ эътироф кунад. Аммо ҳама бояд нишонаҳои ифротгароиро пайдо карда тавонанд. Шумо метавонед ба нуктаҳои зерин диққат диҳед:
— даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё сафедкунии оммавии терроризм;
— агар паём боиси кинаю адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ бошад. (Инҳо метавонанд даъватҳо ба куштор, латукӯб ё депортатсияи ашхоси миллат ё мазҳаби муайян бошанд);
-тарғиби истисноӣ, бартарӣ ё паст будани шахс аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонии ӯ.
Дар хотир доред, ки ояндаи неки фарзандонатон дар дасти шумост!

Матлуба ҲАЙДАРОВА,
корманди нашрияи
«Маорифи Суғд»