НАХУСТМАКТАБҲО ДАР БАДАХШОН

Оид ба пайдоиши аввалин мактабҳо дар Бадахшон, сатҳи саводнокии мардуми ин диёр то даврони Шуравӣ фарзияву мулоҳизаҳо гуногунанд. Гурӯҳе ақида доранд, ки то давраи инқилоб дар қаламрави Бадахшон мактабе набудааст. Зумрае даъво мекунанд, ки чанд мактаби хусусӣ вуҷуд доштааст, ки шахсони босавод дар хонаҳои худ чанд нафарро савод меомӯхтаанд. Яке аз онҳо Шоҳҷон Шоҳнаврӯзов аст, ки умре дар соҳаи маориф хидмат кардааст ва аз шахсони маъруф дар қаламрави Бадахшон мебошад.
Бино ба иттилои устод, дар мактаби ягонаи русӣ, ки онро марзбонони рус соли 1909 кушода буданд, ҳамагӣ 8 нафар фарзанди одамони сарватманди деҳаи Хоруғ савод меомӯхтаанд. Онҳо саводро бо роҳи худомӯзӣ аз худ карда буданд. Соле пас шумораи хонандагони ин мактаб ба 18 нафар расид ва ба онҳо бештар он амалдорон ё марзбонони рус дарс медоданд, ки забони маҳаллиро каму беш медонистанд.
Соли 1917 дар мактаби ибтидоии русӣ – тоҷикӣ 25 талаба сабақ мегирифт, вале задухӯрдҳои миёни ҳокимияти нав ва куҳна имкон надоданд, ки фаъолияти он идома ёбад ва соли 1918 он баста мешавад. Метавон гуфт, ки нахустин мактаби даврони Шуравӣ ҳамин дабистон буд. То соли 1922 ин вазъ дигар нашуд.
Аз рӯйи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, моҳи октябри соли 1922 фарзанди барӯманди миллат Шириншоҳ Шоҳтемур (он замон намояндаи Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон) пешниҳодҳои худро ҷиҳати таъсиси аввалин мактабҳо ба Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон мефиристад. Ӯ таъсиси ин мактабҳоро дар деҳаҳои Нуд (Ғорон) ва Лангар (Вахон), Хоруғ (Шуғнон) ногузир мешуморид. Пешниҳоди Шириншоҳ Шоҳтемурро Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон ба эътибор гирифта, 16 декабри соли 1922 барои фаъолияти ин мактабҳо иҷозати расмӣ дод. Бори дуюм Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон дар ҷаласаи худ боз намудани мактабҳоро маъқул шуморида, дар ин замина аз 17 июни соли 1923 қарор баровард.
Дар ташкил намудани мактабҳои нахустин марзбонон низ нақши асосӣ доштанд. Соли 1922 дар назди постгоҳи Хоруғ барои 15 нафар бачаи камбағал интернат таъсис дода шуд.
Расман соли 1923 аввалин мактаб – интернати ба номи В. И. Ленин ифтитоҳ гардид. Ҳукумат барои соҳаи маориф 6618 сӯм ҷудо мекунад. Ин мактабро сарҳадбонон таҳти сарпарастии худ қарор дода, 5% маводи ғизоиро барои тарбиятгирандагони ин муассиса ҷудо мекарданд. Мактаб – интернат 50 тарбиятгиранда дошт, ки аз ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Бартанг (он замон ноҳия буд), Ишкошим, Вахон (низ ноҳия буд) гирд оварда буданд.
Ҳамчунин, соли 1923 ду мактаби маҳви бесаводӣ барои калонсолон ташкил гардида буд, ки дар онҳо чанде аз деҳқонони камбағал хату савод меомӯхтанд.
Ду рӯйдоди муҳим — таъсис ёфтани Ҷумҳурии сотсиалистии автономии Тоҷикистон (14 октябри соли 1924) ва Вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ (2 январи соли 1925) дар ташкил намудани мактабҳо ва дар маҷмуъ, рушду равнақи соҳаи маориф нақши меҳварӣ бозиданд. Аз ин баъд соҳаи маорифи ҷумҳурӣ аз рӯйи нақшаи муайян такмилу таҷдид меёфт. Мутобиқи маълумоти бойгонӣ, соли 1926 дар Бадахшон 9 мактаб фаъолият мекард.
Солҳои 1926 – 1927 дар ноҳияҳои Шуғнон (деҳаи Поршинев), Бартанг (деҳаи Сипонҷ), Ишкошим (деҳаи Нумд), Вахон (деҳаи Шитхарва), Роштқалъа (деҳаи Анҷин), Ванҷ (деҳаи Рохарв), Дарвоз (деҳаҳои Қалъаихум, Зинг, Рузвай, Кеврон) аввалин мактабҳои ибтидоӣ ба фаъолият пардохтанд, ки 185 хонанда доштанд ва 12 омӯзгор бо онҳо машғулиятҳои таълимӣ мегузарониданд. Бояд зикр намуд, ки омӯзгорон дар ин давра ҳам кам буданд, вале ниёзмандони илму дониш хеле зиёд. Дар як санади бойгонӣ омадааст, ки дар бисёр рустоҳо иддае аз омӯзгорон шабона ба хоҳишмандон дарс медоданд, ки аксаран аз ҳисоби калонсолон буданд.
Соли 1926 дар Хоруғ мактаби ҳизбӣ кушода мешавад, ки дар он кадрҳои маҳаллӣ сабақ мегирифтанд.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”,
ВМКБ