Омӯзгор рукни асосии таълиму тарбия буда, тарбиятгари наслҳо ва созандаи ақлҳост. Ӯ чароғест, ки зеҳнро бо дониш мунаввар месозад. Муаллим шахсест, ки ба насли наврас хондан, навиштан ва омӯхтанро меомӯзонад ва шогирдонро аз илму дониш баҳравар месозад. Агар омӯзгор бомаърифат ва донишманд бошад, майли наслҳоро ба дониш бештар мегардонад ва онҳоро ба фарҳангомӯзӣ роҳнамоӣ мекунад.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки омӯзгор онро ба уҳда дорад, ҳидояти ҷавонон ба роҳи дуруст мебошад.
Омӯзгорони беҳтарин ба шогирдони худ аз таҳти дил таълим медиҳанд. Қадр кардани омӯзгор беҳтарин ҷоизаест, ки ӯ таманно дорад. Барои муаллим таълим додан аз фармон додан осонтар аст.
Омӯзгорӣ — бузургтарин касб аст, чун ҳама касбҳоро аз ӯ меомӯзанд. Муаллим муҳимтарин узви ҷомеа мебошад, ки ба табиб, муҳандис, ҳуқуқшинос, муҳосиб, милиса таълим медиҳад.
Маҳз устод-омӯзгор аст, ки ба мо роҳи зиндагии хубро нишон медиҳад.
Муаллимро қадр накардан, ҳаққи падару модарро надонистан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба онҳо эҳтиром мегузоранд, ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва барояшон шароити шоистаро фароҳам овардаанд.
Омӯзгор чун шамъ худаш месӯзад, бо илму дониш ва ахлоқ роҳи дигаронро равшан мекунад. Аввалин қадами устувори мо ба сӯи майдонҳои дониш ва баҳрҳои маърифат ба шарофати омӯзгор аст.
Хуб аст, ки инсон дар зиндагияш ҳадаф гузошта бошад ва аз ҳама зеботар ин аст, ки омӯзгор дар ин ҳадаф шуморо роҳнамоӣ мекунад ва шогирдон номи омӯзгорро баланд мебардоранд ва ӯро шуҳратманд месозанд.
Чӣ қадар зебост миёни омӯзгорон зиндагӣ кардан, зеро онҳо ҳаётро дӯст медоранд, душвориҳои илмро паси cap мекунанд.
Аз ин рӯ, меҳри омӯзгор дар вуҷуди ҳар як табиб, муҳандис, олим ҷой гирифтааст, зеро бе омӯзгор ҳеҷ кас ба мақоми имрӯзааш дар ҷомеа намерасид.
Бо итминон мегӯям, ки касби омӯзгорӣ аз мушкилтарин касбҳост. Онро ҳатто ба касби сӯхторхомӯшкунӣ ташбеҳ дода метавонем.
Аз сӯйи дигар, ин яке аз беҳтарин ва ҷолибтарин пешаҳост, зеро бо афроди мухталиф аз маконҳои мухталиф сарукор дорад, синну сол, кор ва таҷрибаи онҳо гуногун аст.
Омӯзгорон дар ҳаёт бо шогирдони гуногун вомехӯранд. Ин кофист, ки вақте шогирд ба омӯзгори худ мегӯяд, ки «ман» чизеро дар ҳаётам омӯхтам, аз шумо омӯхтам. Омӯзгор худро хеле шоду хушбахт мешуморад.
Билоли ҲИКМАТУЛЛО,
омӯзгори ДДБ ба номи
Носири Хусрав
