МАРҲАЛАҲОИ ФАТҲИ МУШКИЛОТИ СОҲА

Аз рӯзҳои нахустини ба фаъолият шуруъ кардан, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод.
Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти кулли соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 23.12.2022) зикр гардид, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад ва ишора шуд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд ва бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем. Илова бар ин, хотирнишон шуд, ки соли гузашта барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ зиёд карда шуда, барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд. Дар Паём ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд ва дар ин робита ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки неруи нави илмӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатикунонии мамлакат бештар саҳм гирад. Ҳамчунин, дар Паём олимони мамлакат вазифадор карда шуданд, ки корҳои илмиву таҳқиқотии хешро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.
Дар соҳаи маориф зинаи таҳсилоти томактабию умумӣ ҳамчун зинаи асосӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 7 соли охир кӯшишҳо ба дигаргунсозии мазмуну моҳияти таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва шаклгирии мактаби миллӣ зиёд гардида, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеъдодҳои кишвар заминаи мусоид ба вуҷуд овард. Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар дарак медиҳад.
Дар марҳалаи пешрафти ҷомеаи башарӣ ва талабот ба кадрҳои баландихтисос, диққати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Сарвари маорифпарвару хирадманди он ба соҳаи касбӣ равона карда шуда, барои рушди соҳаи мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёде, аз қабили таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, ташкили технопаркҳо, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ, такмили ихтисоси кормандон ва устодон, ривоҷу равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ, омӯзгорон ва ғайра ба анҷом расонида шудааст.
Яке аз дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тайи чанд соли охир, гузариш ба низоми кредитии таълим мебошад. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштаанд.
Дастоварди муҳими дигар, ташкили Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола довталабон аз тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда мешаванд.
Гузашта аз ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт ва баъд аз тасдиқи Низомномаи муассисаи мазкур, ибтидо аз сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос шуруъ гардид.
Дар солҳои охир ба тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2019-2020 дар ҷумҳурӣ 18 шурои диссертатсонӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад ва дар онҳо наздики 180 нафар рисолаи илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 20 адад рисолаи докторӣ ва 159 адад рисолаи номзадӣ мебошад.
Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 58 шурои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, аз рӯи 160 ихтисос фаъолият менамоянд.
Табиист, ки бо дарназардошти торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва суръати афзоиши аҳолии кишвар пайваста зарурати азнавсозии мактабҳои мавҷуда ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав, хусусан, дар деҳаву шаҳракҳои навбунёд ба миён меояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин теъдод 1444 иншоот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар солҳои 2013-2020 бунёд гардида, барои 279622 ҷойи нишаст мебошад.
Ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар асоси беш 120 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 40 кишвари хориҷӣ 30448 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, аз ҳисоби Стипен-дияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурах-шандагон» беш аз 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти мамлакат зарур фиристода шудааст. Ҳоло шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои пешрафтаи олам тибқи бурсия ва стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» таҳсили илм менамоянд.
Хушбахтии мо, ҷавонон, дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, марҳалаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодати осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.
Санавбар АБДУЛЛОЗОДА,
омӯзгори гимназия-парваришгоҳи
ба номи Бобоҷон Ғафурови
ноҳияи Рӯдакӣ