Бо суръат об шудани пиряхҳо дар баробари зиёд шудани истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ сабаб шавад. «Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокини Замин, хусусан, дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад», зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат зикр намуданд, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан, роҳбарони сиёсӣ қарор дошта бошад. «Дар ин қарина, ҳамчунин, мехоҳам, бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намоям…», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Бори аввал роҷеъ ба зарурати таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген пешниҳод ироа намуда буданд. Сарвари давлат оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳолати ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст.
Пешвои миллат пиряхҳоро захираи асосии оби тоза арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки об шудани босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ боис шавад.
3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки бо равиши видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Ҳамоиш таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои баъзе кишварҳо, инчунин, коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар босуръат об шудани пиряхҳо дар натиҷаи гармии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодааст.
Тавре ки аён аст, яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, босуръат об шудани пиряхҳо мебошад ва Тоҷикистон низ дар ҳалли ин мушкилот худро бетараф гузошта наметавонад. Вобаста ба масъалаи мазкур 7 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), ки дар Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, бори дигар нигаронии хешро аз тағйирёбии иқлим дар кураи Замин иброз доштанд.
Пешвои миллат бо нигаронии амиқ таъкид доштанд, ки тайи чанд даҳсолаи ахир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазори он аз байн рафтааст. Вобаста ба ин масъалаи мубрами байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 зимни суханронии хеш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд: «Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашанд, мо, мардуми Осиёи Марказӣ наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».
Дар замоне, ки фазои экологии ҷаҳон ҳар лаҳзаву сония метавонад тағйир ёбад, моро мебояд, ки баҳри ҳифзи табиати биҳиштосои кишвари азизамон бетараф набошем. Тоҷикистони мо барҳақ ҷаннати рӯйи замин аст. Манзараҳои дилфиребу тамошобоб, чашмаву дарёҳои пуртуғёнаш, бидуни шак, имрӯз аз зеботарин манзараҳои олам ба ҳисоб мераванд. Бояд ин зебоиҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, яъне, ҳар сокини Тоҷикистон на танҳо ифтихор аз он намояд, ки дар чунин ватани биҳиштосо умр ба сар мебарад, балки бояд худро барои ҳифзи ин зебоиҳо масъул ва вазифадор шуморад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки дар раванди тағйирёбии босуръати иқлим табиати нотакрори кишварамонро аз хатари носолим гардидан эмин нигоҳ дорем. Махсусан, насли ҷавони кишварро бояд дар руҳияи дӯст доштани табиат, анҷом додани амалҳои неку созанда, аз қабили шинонидани гулу ниҳолон ва ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани онҳо тарбия намоем. Ҳар кадоми мо ҳатто бо шинонидани як дарахт метавонем дар сабзу хуррамгардонии кишвари азизамон саҳм гузорем.
Шодовар НУРИДДИНОВ,
донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров