ШУМОРАИ НАВБАТИИ «ОМӮЗГОР» АЗ ЧОП БАРОМАД

Ба таври маълум, яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, босуръат обшавии пиряхҳо мебошад. Дар сармақолаи шумораи №29 – и «Омӯзгор» бо номи «Иқдомҳои ҷаҳонии Пешвои миллат» сухан аз ҳамин хусус меравад. Чун ҳарвақта дар саҳифаҳои 2 ва 3 дар бораи ободкориҳои соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расидааст. Навиштаҳои «Армуғон ба ҷашни истиқлол», «Омӯзгор» дар ноҳияи Деваштич», «Ноҳияи Айнӣ: Як гули мақсуд дар ин бӯстон», «Марҳалаҳои фатҳи мушкилоти соҳа» ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Бояд гуфт, ки қисми зиёди матолиби ба чопрасида бештар методӣ ва проблемавӣ буда, ба беҳтар кардани усулҳои таълим, сифати таҳсилот, истифода бурдани воситаҳои техникӣ дар дарсҳо бахшида шудааст. Ҳамчунин, дар як қатор навиштаҳои дигар оид ба масъулияти падару модар, тарбияи зебоипарастӣ, ватандӯстии шогирдон аҳамияти ҷиддӣ дода шудаст. Масалан, донишҷӯйи ДМТ Ф. Ҳусейнзода андешаҳояшро дар бораи зарурати ба таълим фаро гирифтани теъдоди боз ҳам бештари духтарон баён доштааст, ки ҷолибу хонданист. Ҳамчунин, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Билоли Ҳикматуллло — «Тарбиятгари наслҳо ва равшангари ақлҳо», мухбири минтақавии рӯзнома Н. Раҷабзода «Дар роҳи татбиқи барнома», Беҳрузи Сайфулло бо номи «Ифтихор –аз айёми тиллоӣ» андешаҳояшонро оид ба таълиму тарбия, роҳҳои беҳтар кардани ҷалби хонандагону донишҷӯён ба таҳсил бо истифода аз мисолҳои мушаххас баён намудаанд.
Чунонки хонандагони «Омӯзгор» иттилоъ доранд, нашрия дар чанд соли охир озмунҳои зиёдеро роҳандозӣ карда, навиштаҳои фаровонеро ба чоп расонда буд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии «Омӯзгор» қадрдонӣ гардида буданд. Инак чанд моҳ аст, ки озмунҳои навбатии рӯзнома бо номҳои «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа», «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо», «Тоҷикистон — диданист» идома дорад. То ин вақт матолиби зиёде дар ин бора рӯйи чоп омад. Дар ин шумора низ се навиштаи ҷолиби омӯзгорон аз ин силсила ба табъ расидааст. Навиштаи Амир Сайиди Мункӣ, директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг бо номи «Швейтсарияи дувум», «Обро аз рӯшноӣ кун қиёс» — и Азизҷон Холиқов, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, «Афзоиши инфрасохтор дар минтақаҳои сайёҳии кишвар» — и Ҷаннат Умарова, корманди раёсати маорифи вилояти Суғд ба ҳамин мавзуъҳо дахл доранд.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Нашрия дар ин масъала низ ҳар сари чанд вақт навиштаҳои омӯзгорони собиқадор, равоншиносону кормандони соҳаи тандурустӣ ва умуман, навиштаҳои онҳоеро, ки ба рушду инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳ доранд, ба дасти чоп медиҳад. Дар шумораи навбатӣ низ оид ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардида, як қатор мақолаҳои муҳими проблемавӣ пешкаши хонандагон гардонида шудааст. Аз ҷумла, мақолаи мудири шуъбаи корҳои методӣ ва ташаккули зеҳнии МҶМТИ ВМИ ҶТ Раҷабалӣ Сангов – «Таҳсил – кафолати таҳкими ҳуқуқҳои кӯдакон», навиштаи мухбири рӯзнома Ҷ. Улфатшоев – «Ба манзили хонанда рафтани омӯзгор шарт аст?», навиштаҳои Д. Мӯсоева (мухбири «Омӯзгор») – «Робитаи оила ва кӯдакистон», Аъзам Бобоев (рӯзноманигор) – «Навгониҳо дар пешанд» хонданбобу дилчаспанд. Дар саҳифаи «Методика» чанд навиштаи омӯзгорони ҷумҳурӣ оид ба сифат ва шеваҳои таълим чоп шудааст.
Матлаби Сайфиддин Муродов бо номи «Ҳофизаи таърихӣ ва тарбияи худогоҳӣ» (дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов –«Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад») зери рубрикаи «Хештаншиносӣ» нашр гардида, як навъ ҳамовозиро ба ин мақола дарбар мегирад.
Дар мусоҳибаи рӯзноманигор А. Муродӣ бо ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор У. Маҳмадёрзода суҳбат атрофи дастовардҳои ҳайати профессорону устодони донишгоҳ, навгонӣ ва навовариҳои кормандону донишҷӯён андешаҳо баён гардидаанд.
Дар қатори иншои мақолаҳои методии соҳавӣ як қисми омӯзгорон ба эҷоди бадеӣ низ завқу шавқи беандоза доранд. Бинобар он, ҳайати эҷодии рӯзнома тасмим гирифтааст, ки дар саҳифаи 15 – и «Омӯзгор» бо номи «Гулистони сухан» чакидаҳои хомаи омӯзгоронро низ пешкаши ҳаводорон гардонад. Аз ин силсила эссеи адиб ва омӯзгор Ҳаким Алӣ – «Гургзода» ва «Балои охирзамон» — и Ш. Раҷабзод ба табъ расидааст. Ҳамчунин, чун дар ҳар шумора ин дафъа низ кӯшиш карда шудааст, ки зери рубрикаҳои «Хонед, аҷиб аст!», «Донистан мехоҳед?», «Оё медонед?», «Танҳо дар як сатр» ва монанди ин навиштаҳои аҷоиботи олам, навигариҳо дар соҳаҳои илму техника ва навовариҳову ихтироъкориҳои мардуми олам чоп шудааст, ки донистани онҳо барои омӯзгорон ва умуман, хонандагони «Омӯзгор» аз фоида холӣ нест.
Навбатдори шумора: Ҳ. Ҳомид