МЕҲМОНХОНАИ РОЙГОН

Зимистони соли равон ниҳоят сард омад. Гурӯҳи ҳафтнафарае аз атрофи шаҳри Хуҷанд барои тиҷорат ба шаҳри Панҷакент омаданд. Ҳангоме ки аз деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент мегузаштанд, мошинашон вайрон шуд. Онҳо гумон мекарданд, ки дар ин бебарқию сардӣ касе ба онҳо ҷой намедиҳад ва дар ин деҳаи дур аз шаҳр сахт азоб мекашанд.
Аз сардӣ меларзиданд. Аз роҳгузаре пурсиданд:
— Оё дар ин деҳа ошхона ё меҳмонхонае вуҷуд дорад, ки каме гарм шаванду як пиёла чой нӯшанд?
Роҳгузар биноеро ба онҳо нишон дод ва гуфт, ки бе пурсиш вориди ин биное, ки ба дараш қуфл зада нашудааст, ворид шаванду истироҳат кунанд. Чун меҳмонон вориди бино шуданд, зуд ду ҷавонмард омада, ба оташдон алов гиронданду дастурхон густарданд. Чанде пас дар ҳафт коса қурутоби таърифии косатарошиёнро оварда, ба назди меҳмонон гузоштанд. Меҳмонон бо иштиҳои том қурутобро нӯши ҷон карданду гуфтанд:
– Мошини мо дар як-ду рӯз таъмир намешавад. Ҷое ёбед, ки мо то дуруст кардани он дам гирем. Пеш аз рафтан ҳисобӣ мекунем.
Ҷавонмардон гуфтанд:
– Чи қадаре ки мехоҳед, дар ин ҷо истироҳат кунед.
Меҳмонон то ёфтани қисмҳои эҳтиётию дуруст шудани мошин он ҷо монданд. Ҳамарӯза се вақт хӯрокашон омода буд.
Рӯзи баргаштанашон соҳибо-ни меҳмонхона Ҳоҷӣ Эсо ва Ҳоҷӣ Қурбонро даъват карданду миннатдорӣ баён намуданд ва илова карданд:
– Фарзандонатон як ҳафта ба мо хизмат расонданд. Бар замми ин, се вақт хӯрокамон ҳам омода буд. Ҳоло солу замони бепул меҳмондорӣ кардан нест. Мо чӣ қадар қарздор шудем?
Ҳоҷӣ Эсо, ки хеле шӯхтабиат аст, гуфт:
– Меҳмонони азиз, мо то имрӯз ҳатто номи ҳеҷ кадоматонро намедонем, албатта, қарзатон хеле калон аст. Намедонам, пардохта метавониста бошед ё не?!
Меҳмонон гумон карданд, ки ҳоло ӯ маблағи ҳангуфтеро ба забон меорад.
Ҳоҷӣ Эсо бо лаби пуртабассум гуфт:
– Дар ҳаққи падаронамон як дуо!
Меҳмонон маънидорона ба рӯйи ҳамдигар нигаристанду калонсолтарашон даст ба дуо бардошт:
– Илоҳо, рафтагонро Худованд раҳмату мағфират кунаду зиндагонро дар паноҳаш нигоҳ дорад! Ба фарзандонатон умри дароз ато кунад! Мо чунинашро интизор набудем.
Аз сокинони имрӯза деҳаи Косатарош касе таърихи дақиқи ин меҳмонхонаро намедонад. Умри ман ба ҳафтод мерасад ва аз кӯдакӣ медонам, ки боре дари ин меҳмонхона қуфл набуд ва пайваста пур аз меҳмон аст.
Меҳмонхонаи «Усто Ғиёс», ки баъди марги бародарашон ин унвонро гирифтааст, то даргузашти бародарашон меҳмонхонаи «Бобои Раҷаб» ном дошт, бо меҳмонхонаи «Алимуродиён» таърихи беш аз садупанҷоҳсола дорад.
Маҳз тавассути ин ду меҳмонхона меҳмоннавозию меҳмондории мардуми деҳаи Косатарош дар атрофу акноф паҳн шудааст.
Бобокалони хонавода Қурбони Элликбошӣ, ки амалдори давраи амирӣ будааст, меҳмонхонаро аз падараш мерос гирифтааст.
Ҳангоме ки дар бистари марг мехобид, писари калонияш Муҳаммадраҷабро ба наздаш хонда мегӯяд:
– Писарам, ман ин меҳмонхонаро аз падарам мерос гирифтаам ва то имрӯз ба ивази хидмат аз касе дираме наситонидаам. Ту ҳам баъди сари ман ин корро идома деҳ. Нон надошта бошӣ, косаи об ба назди меҳмон гузору узр пурс, ки нон надорӣ.
Муҳаммадраҷаб, ки номи бобояшро гирифта буд ва ҳама ӯро Бобои Раҷаб мегуфтанд, васияти падарро ба гӯши ҷон пазируфт. Ӯ аввалин муаллими деҳа буд. Баъдтар ба кони Ҷилав ба кор гузашт. Хатту саводи хуби арабӣ дошт.
Чунон хушсуҳбат буд, ки то имрӯз касеро чун ӯ хушсуҳбат дарнаёфтаам.
Соли 1970 деҳаи Косатарошро кӯчонданд. Дар мавзеи нав Муҳаммадраҷаб нахуст меҳмонхонаашро ба тарзи замонавию васеътар бунёд намуд ва сипас бунёди хонаи иқоматии худу бародарашро ба итмом расонд.
Чандин ятими бекасро бо худ ба кони Ҷилав бурд ва ба нон расонд. Мутаассифона, 16-уми октябри соли 1974 дар садамаи автомобилӣ дар 53-солагӣ ҷаҳонро тарк гуфт.
Баъди сари ӯ ихтиёри меҳмонхона ба дасти бародари зебосуханаш, човандоз ва паҳлавони номӣ, шодравон Муҳаммадғиёс афтод.
Дар замони зиндагии Усто Ғиёс шуҳрати ин меҳмонхона даҳчанд афзуд. Махсусан, солҳои навадум меҳмонхона хеле серодам буд.
Баъди фавти Усто Ғиёс ихтиёри меҳмонхона ба дасти фарзандаш Ҳоҷӣ Эсо, бародарзода ва домодаш Ҳоҷӣ Қурбон гузашт ва то ин лаҳза ин даргоҳи муқаддас бе меҳмон намондааст.
Бартарии ин меҳмонхона дар он аст, ки барои чорвои меҳмонон низ оғили махсус бунёд карда шудааст.
Саҳни меҳмонхона васеъ буда, аксар маъракаҳои ҳамдеҳагон дар ин макон мегузарад ва давоми солҳо касе аз ин ҷо озурдахотир берун наомадааст.
Меҳмонхонаи мазкур дар қатори меҳмонхонаҳои дигари маҳалла «Ҳоҷӣ Мустафо», «Зайниддин», «Мулло Абдураҳим», «Бобои Ҳайит», «Мулло Муҳаммадамин», «Умарқул», «Эшонқул», «Ҳабибулло Ёров», «Алимуродиён» омодаи хидмат аст ва мардуми меҳмоннавози деҳаи Косатарош ҳамеша интизори меҳмонанд.
Исмоил ЗАРИФӢ,
рӯзноманигор ва шоир