ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБИ КУҲНА

Агар хоҳем, ки дар мавриди мактаби куҳна вориди баҳс шавем, бояд ба ин масъала аз чанд зовия назар кунем. Аввал бояд ба назар бигирем, ки низоми таълим ва тадрис дар мактабҳои куҳна чӣ гуна буд. Дигар, бояд мавриди назар қарор бидиҳем, ки барномаи таълими мактабҳои куҳна чӣ гуна будааст ва мударрисон (муаллимон)-и мактабҳои куҳна чӣ касоне буданд, чӣ маълумоте доштанд ва сатҳи саводу донишашон дар кадом поя қарор доштааст.
Ҳамчунин, бинои мактабҳо ва мадрасаҳои куҳна чӣ гуна будаву дар қиёс бо мактабҳо ва донишкадаҳои имрӯзӣ чӣ тафовуте доштааст.
Ҳангоме ки мо «мактаби куҳна» мегӯем, «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ ба ёд меояд, ки низоми таҳсилу тадрис дар асар ба таври муфассал бо ҷузъитарин хусусиёташ баён шудааст.
Мутолиаи бештар дар ин замина барои мо ин воқеиятро равшан мекунад, ки ҳатто дар охирҳои қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ низоми таҳсил ва тадрис дар мактабҳо ва мадрасаҳои Бухоро мавриди танқиди шадиди маорифпарварон ва ислоҳотхоҳони он замон қарор гирифтааст. Маорифпарварон, аз ҷумла, устод С.Айнӣ низоми таҳсил ва тадрисро дар мактабҳо ва мадрасаҳои он замон бесамар ва бенатиҷа унвон карда, барои ислоҳи низоми таълим ва ворид кардани дигаргунӣ дар барномаҳои таълимии он замон камари ҳиммат бастанд.
Устод С.Айнӣ бо пардохтан ба тавзеҳи ҳолати таълиму тадрис дар мактаби куҳна, сараввал ҳолати биноҳои ин мактабҳо ва мадрасаҳоро устодона ба тасвир кашида, аз ҷумла, мефармояд: « Сохти мадрасаҳои куҳна бо ҳашамат ва шукӯҳи берунӣ ва тангӣ ва нобобии даруниаш ба сохти зиндагонии феодалӣ монандӣ дошт, ки вай ҳам зоҳиран пуртантана ва ботинан тамоман хароб буд. Дар ин биноҳо риё, нифоқ ва зоҳирпарастии феодализм гӯё тамоман акс карда буданд».
Ба шаҳодати устод Айнӣ иҷораи хобгоҳ дар он замон барои толибилмон бисёр гарон буда, хобгоҳҳо низ аз одитарин шароити буду бош маҳрум буданд.
Барнома ва ё программаи таълимии мактаби куҳна чунин буд: сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, ақоиди исломӣ (илми калом), ҳикмат (ҳикмати табиӣ ва илоҳӣ), фиқҳи исломӣ (таҳорат, намоз, рӯза, ҷаноза, масъалаҳои ҳаҷ, закот, харидуфурӯш, ғуломдорӣ, ғуломозодкунӣ, зангирӣ ва зансардиҳӣ ва монанди инҳо, ки дар амалиёти динӣ ё ин ки дар муомилоти ҷамъият оид аст).
Илми ҳисобро агар касе мехоста, дар пеши касе меомӯхтааст. Адабиётро ҳар касе, ки хоҳиш доштааст, ба сари худ меомӯхтааст. Илми забоншиносӣ, ба шаҳодати устод Айнӣ, билкул омӯхта намешудааст.
Соли таҳсил дар мактаб ва ё мадрасаҳои Бухоро он замон аз 22-юми сентябр оғоз гардида, 22 –юми март ба анҷом мерасидааст. Гузашта аз ин, талабаҳо бо сар шудани корҳои саҳроӣ мактабро тарк намуда, то як муддат аз пайи кишту кор мешуданд ва пас аз анҷоми кишту кор ва ҳосилғундорӣ, дубора барои идомаи таҳсил ба мадраса бармегаштанд.
Устод Айнӣ бо таассуф мегӯяд, ки бештари вақт ва дарси талабаҳо сарфи баҳси чизҳои беҳуда мешуд ва дар 19 соли таҳсил дар мадраса онҳо дониш ва саводи кофӣ намебароварданд. Гузашта аз ин, чунонки устод ёдовар мешавад: «Дар мадрасаҳои Бухоро дар дарсҳои расмии дарсхонӣ ҳар ҳафта аз шанбе то сешанбе 4 рӯзи таҳсил- рӯзи корӣ буда, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа – се рӯзи таътил рӯзҳои дамгирӣ ба ҳисоб мерафт».
Устод Айнӣ ҳосили 19 соли таҳсилро дар мадраса ҳеч (сифр) дониста, аз ҷумла, мефармояд: «Аммо дар мадрасаҳои Бухоро дар замоне, ки нависандаи ин сатрҳо мехонд, аз илми мантиқ, гӯё ҳамин калимаи «мантиқ» монда буд ва мунозираҳое, ки дар вақти хондани ин илм ба вуқуъ меомад, тамоман бемантиқ буд».
Ба қавли устод Айнӣ, низоми таҳсил ва таълим дар мактабҳо ва мадрасаҳои Бухоро аз асрҳои пештар вайрон гардида, дар замони ӯ ба қуллаи авҷи вайронӣ расида будааст.
Агар мо ба фаъолияти маорифпарварии устод Айнӣ ва чанд тан аз ёрони ӯ назар кунем, мебинем, ки аввалин кореро, ки онҳо мехостанд анҷом бидиҳанд, ворид кардани ислоҳот дар низом ва барномаи таълимии мактабҳо ва мадрасаҳои он замон будааст. Худи устод Айнӣ чанд китоби таълимие барои мактабҳо ва мадрасаҳои он замон менависад ва онҳоро вориди барномаҳои таълимӣ мекунад. Аз ҷумла, «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон» ва «Заруриёти диния» аз таълифоти устод Айнӣ мебошанд, ки барои талабаҳои мадрасаҳои он замон навишта шуда буданд.
Чизи дигаре, ки аз он бо таассуф бояд ёд кард, ин дастрасӣ надоштани қисми зиёди кӯдакон ва навҷавонон ба таҳсил дар он замон буд, ки ба замони мо қобили қиёс нест.
Агар ба соҳаи мактабу маориф қиёсан ба он давра мо дар тӯли 32 соли Истиқлоли давлатӣ назар афканем, мушоҳида мешавад, ки тафовут аз замин то осмон аст. Ин бартарӣ ва беҳбудро мо дар тамоми заминаҳо ва самтҳо метавонем ба хубӣ мушоҳида кунем. Аз нуқтаи назари дастрасӣ ба таҳсил, таҳсили ройгон, сифати таҳсилот, низоми таҳсили ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, шароити таҳсил, таъмин будан бо таҷҳизот ва воситаҳои таълим, шароити буду бош дар хобгоҳҳои донишҷӯйӣ ва боз чандин омили дигаре ҳаст, ки мо бо камоли бовар ва ифтихор гуфта метавонем, ки аз тамоми нуқтаи назар мактаби замони муосири мо нисбат ба мактаби куҳна бартарии зиёд дорад.

Суҳроби ВАҲҲОБНИЁ,
директори МТМУ №13, ноҳияи Тоҷикобод