ТАЪЛИМИ МОДУЛӢ

Такмили ихтисоси омӯзгорон дар раванди ҷаҳонишавии таҳсилот, ки тағйироти куллиро дар таълиму тарбияи насли наврас ба вуҷуд меорад, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб мешавад ва аз кормандони соҳа маълумотгирии пайвастаи касбӣ ва омӯзиши навовариҳои дар фазои таҳсилоти байналмилалӣ рухдодаро талаб менамояд. Ба хубӣ донистан ва дарк кардани дигаргуниҳои соҳаи маорифи ватанию хориҷӣ, таҳлили ҳаматарафаи навгониҳоро аз нуқтаи назари манфиатнокӣ ба ҳисоб гирифтану дар ҷараёни лексияву дарсҳои амалӣ ба шунавандагони курсу семинарҳо пешниҳод намудан василаи асосии татбиқи тадбирҳо дар ин самт аст.
Мақсади асосии такмили ихтисоси омӯзгорон аз он иборат аст, ки системаи ягонаи омӯзишро барои таъмини ниёзи таълимии омӯзгорон ба вуҷуд оварад. Барои ба ин мақсад муваффақ шудан дар раванди таълим бояд муносибати лектору омӯзгорро иваз намуд. Бино бар ин, ҷустуҷӯи технологияи нави таълим, фароҳам овардани худомӯзӣ, инкишофи шахсият, ки дар шароити муосир татбиқи фаъолияти таълимии хонандагонро таъмин менамояд, зарур аст.
Низоми муқаррарӣ ё анъанавии такмили ихтисоси омӯзгорон бо методҳои тавзеҳию намоишии худ, ки лектор/омӯзгор мефаҳмонад, мепурсад, идора мекунад, баҳо мегузорад, аммо шунавандагон танҳо нишаста супориши навро интизоранд, ки чунин навъи дарс дилгиркунанда ва якранг аст. Аз ҳама муҳиммаш ин низом имконияти инкишофи малакаҳои мустақилона кор кардани шунавандагонро таъмин нахоҳад кард. Ба ғайр аз ин, шунаванда имкон надорад, ки малакаи касбии худро нишон диҳад ва мушкили дигар аз он иборат аст, ки донишҳои гирифтаи шунаванда дар як «қолаби мурда» дар мағзи сари ӯ мехобанд. Ба ин ақидаҳо розӣ нашудан мушкил аст, аммо ба қобилияти фикрронӣ ва дигар ҳолатҳои равонии шунавандагон бояд диққати махсус дод. Вале мунтазам ин ғояро дар амал ҷорӣ кардан кори саҳл нест. Он якчанд сабаб дорад. Аз ҳама муҳимтарин вақти омӯзиш муайян аст (6,12-18 рӯз), аммо доираи донише, ки лектор/омӯзгор бояд ба шунаванда расонад, хеле зиёд аст. Дар натиҷа дар кори лектор/омӯзгор душворӣ ба миён меояд: чӣ тавр дар вақти муқарраршуда на танҳо донишҳои нав, балки дар ташаккули малакаву маҳорати касбии шунаванда аҳаммияти аввалиндараҷа дода тавонад?
Имконоти зиёде барои якеро бо дигарӣ якҷо (мувофиқа) кардан вуҷуд дорад. Ғайр аз он, усулу воситаҳое мавҷуданд, ки қобилияти фикррониро васеъ намуда, дар як муддати кӯтоҳ барои зудтар омӯхтани мавод имкон фароҳам меоранд, яъне ба воситаи он на танҳо дониш аз худ карда мешавад (яъне осон, қобили фаҳм дар амал иҷро мешавад), балки шунавандагон ба омӯзиш майлу рағбати нав пайдо менамоянд, зеро берағбатии шунавандагон дар ҳоле зоҳир мешавад, ки бештари вақтҳо онҳоро меомӯзонанд.
Ҳамаи гуфтаҳои боло лектор/омӯзгор, методист ё мутахассиси имрӯзаро водор месозад, ки дар таълими курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон технологияи инноватсиониро ҷустуҷӯ кунад. Роҳҳои нави донишандӯзии шунавандаи имрӯзаро дарёфт намуда, ба рафтору гуфтори худ объективона назар намояд. Инчунин, дар ҷараёни омӯзиш бештар худомӯзии омӯзгоронро тарғиб карда, ба шахсоне, ки ба он ниёз доранд, ёрии методӣ расонад.
Барои ҳалли масъалаҳои зикрёфта ташкили раванди таълим бо технологияи модулӣ зарур аст. Ташкил намудани системаи модулии таълиму тарбия якчанд хусусияти хос дорад. Дар ҷараёни чунин навъи таълим бунёди муносибати субъект ба субъект ба вуҷуд омада, дар татбиқи ин муносибатҳо байни омӯзгору шунаванда мустақилӣ ба назар расида, мақсади дар пеш гузошта амалӣ мегардад.
Барои он ки ба умқи ин масъала сарфаҳм равем, бояд ба якчанд савол ҷавоби мушаххасро дарёфт намоем. Пеш аз ҳама, чаро ин масъаларо мехоҳем шарҳ диҳем? Бояд гуфт, ки истилоҳоти модул ва системаи модулии таълим дар такмили ихтисоси омӯзгорон дар «Барномаи давлатии рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» инъикос ёфта буд. Дигар он ки дар шарҳи истилоҳҳои «модул» ва «модел» бештари омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа ақидаҳои гуногун дошта, дар аксар мавридҳо ба омехтани мазмуни ин мафҳумҳо даст мезананд. Аз ин лиҳоз, ба саволи он ки «истилоҳи модул ва модел чӣ маъно доранд?» каме андеша меронем.
Истилоҳи модел ба таври зайл шарҳ дода шудааст: модел аз фаронсавии modele ва лотинии modulus гирифта шуда, ба забони тоҷикӣ ченак, намуна мебошад. Дар навбати дигар, зери ин мафҳум маҳак, меъёр, стандарт ва мафҳуми васеи он ҳар як нақш, аналог (зеҳнӣ ва шартӣ), тасвир, тавсиф, тарҳ, график, нақша, харита ва ғайра фаҳмида мешавад.
Инчунин, истилоҳи модулро дар адабиёти даврӣ чунин шарҳ додаанд: а) воҳиди тамомшуда ё мустақил, қисми ахбор; б) ҷудо намудани қисми ихтиёрии система ё ташкилот.
ОМӮЗИШ АЗ РӮЙИ МОДУЛ
Маҷмуи модулҳо имконият медиҳад, ки мундариҷаи муайяни мавзуи таълимӣ ва ҳатто фанни таълимӣ васеъ фаҳмонда шавад. Модулҳо метавонанд мақсаднок (маълумот оид ба рушд ва далелҳо), ахборӣ (маводи китоби дарсӣ, дигар китобҳо) ва амалиётӣ (машқҳои амалӣ, супориш) бошанд.
Ҳамзамон, модулҳоро ба се навъи асосӣ ҷудо мекунанд: а) маърифатӣ, ки ҳангоми омӯзиши асосҳои илм истифода мешавад, б) амалӣ, ки барои ташаккули усулҳои фаъолият нақши муҳим дорад, в) омехта.
Бояд гуфт, ки дар такмили ихтисоси омӯзгорон истифодаи модулҳои омехта бештар манфиатовар аст. Модулҳои таълимӣ метавонанд одӣ бошанд. Масалан, системанокии маълумот, тасниф аз рӯйи аломат, ба тартиб овардани маълумот/ахбор, ҷудо намудани фикри асосӣ, тарҳрезии ҳодисаву воқеаҳо ва ғайра. Аммо аз модулҳои одӣ метавон як технологияи мукаммали педагогӣ таҳия намуд. Барои муқоиса чунин мисол меорем. Аз маводи одии сохтмон — хишт метавон хонаи якошёнаи одӣ созем ва ё қасри бошукӯҳ ва бояд гуфт, ки ҳамаи ин аз мақсад ва маҳорати сохтмончӣ вобаста аст. Дар педагогика низ чунин аст. Имрӯзҳо бо модулҳои таълимӣ аксарият ошно ҳастанд ва модулҳои гуногунро таҳия менамоянд, аммо бояд зикр намуд, ки таҳия намудани технологияи инноватсионии модулҳо корӣ осон нест. Он аз таҳиягарон маҳорати баланди эҷодиро талаб менамояд.
Таълим аз рӯйи модулҳо сохти муайяни маълумот, мазмуни омӯзиш ва ташкили кори омӯзанда бо дарназардошти мантиқан анҷомёфтаи боб ё қисми таълимро дар назар дорад. Дар модул мақсад мушаххас, вазифа ва сатҳи омӯхтани мавзуъ муайян гардида, малака ва маҳоратҳо номбар карда мешаванд. Дар он ҳамаи фаъолиятҳо тарҳрезӣ карда шуда, на танҳо пайдарҳамии омӯхтани мавод, балки сатҳ ва сифати он дар назар дошта мешавад.
Таълими модулӣ дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои такмили ихтисоси ИМА, Олмон, Британия Кабир ва дигар мамлакатҳои мутараққии олам ба миён омада, маъруфият пайдо намудааст. Айни ҳол таълими модулӣ дар тамоми ҷаҳон, ҳатто дар донишгоҳу донишкадаҳои мо низ маълуму мавриди истифода қарор дорад. Новобаста аз маъруфу «куҳансол» будани таълими модулӣ, он тақрибан аз солҳои 60-ум дар ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад. Оид ба дарки модул, технологияи таҳияи он, ки ба тартиби сохтори мазмун ва таҳияи шаклу методҳои таълим такя менамояд, то ҳол нуқтаи назари гуногун мавҷуд аст. Якчанд муаллифи хориҷӣ (В.Голдшмидт, М.Голдшмидт) бар он ақидаанд, ки модул барои ташаккули воҳид ва ё қисми алоҳидаи мустақилонаи фаъолияти ба нақша гирифташуда, ки барои ба даст овардани мақсадҳои муайян равона шудааст, ёрӣ мерасонад.
Назари тамоман дигарро оид ба модул дар корҳои А.А.Вербитский дидан мумкин аст. Ӯ мафҳуми нав, модули амалиро ворид намуда, фаъолиятро ҳамчун воҳид, қисми алоҳида, ки гузариш аз фаъолияти касбӣ ба таълимӣ, аз вазифаву мушкилоти воқеӣ ба аудиторияро дар назар дорад, тавсиф бахшидааст. Муаллиф зикр менамояд, ки мафҳуми модули амалӣ аз мафҳуми модули таълимӣ, ки қисмати мазмуни курс якҷо бо маводи методист, ба куллӣ фарқ менамояд. А.А.Вербитский модули амалиро ба қисматҳои зер гуруҳбандӣ кардааст: 1) умумӣ-методологӣ, 2) мушаххас-методологӣ, 3) назарӣ, 4) амалӣ 5) иҷтимоӣ.
Ю.К.Балашов ва В.А.Рижов тайёрии касбии мутахассисони мамлакатҳои пешрафтаро таҳлил намуда, бартарӣ ва хусусияти методии модули таълимиро чунин шарҳ додаанд: а) тақсим намудани ихтисос ба қисмати анҷомёфтаи модул ва унсурҳои он, ки моҳияти мустақил доранд, б) бартараф намудани маводе, ки нолозим ба шумор меравад, в) пешрафти инфиродӣ дар ҷараёни таълим.
Тавре ки муаллифон менигоранд, модул ба худ миқдори муайяни ахбори таълимиро дар назар дорад, ки барои иҷрои ин ё он фаъолияти мушаххаси касбӣ равона гардидааст. Он метавонад аз якчанд қисм иборат бошад, ки ҳар яке тавсифи анҷомёфтаи амалиёт ва ё усулро дар бар гирад. Воҳид, қисми алоҳидаи модул вобаста ба фаъоляияти касбии мушаххас метавонад дар мазмуни модул васеътар дарҷ гардад.
Модулро ҳамчун як унсури таълимӣ дар шакли буклети қолабӣ, ки аз қисмҳои зайл иборат аст, метавон пешниҳод намуд:
1. Таҳияи мақсади мушаххаси таълимӣ. 2. Рӯихати таҷҳизоти зарурӣ, мавод ва воситаҳо. 3. Рӯихати унсурҳои алоқаманди таълим. 4. Маводи таълим дар шакли мухтасар ва мушаххаси матн, ки якҷо бо воситаҳои аёнӣ истифода мешаванд. 5. Машғулияти амалӣ барои коркарди малакаҳои зарурӣ, ки ба унсури таълимии мазкур дахл дорад. 6. Кори назоратӣ (санҷишӣ), ки ба мақсади дар унсури таълимии мазкур гузошташуда мувофиқ аст.
Қисматҳои номбаршудаи методи таълим мувофиқи тартиби пешниҳодшуда ҳатмӣ нест ва вобаста ба фанни алоҳида метавонад дар шакли гуногун истифода шавад.
Дар донишгоҳи Мичиган (ИМА) методи модулӣ яке аз самтҳои фардикунонии таълим, ки «худомӯзӣ на танҳо барои танзими суръати кор, балки мазмуни маводи таълимист» имкони татбиқ пайдо намудааст. Методи модулӣ дар ин донишгоҳ марҳала ба марҳала татбиқ карда мешавад. Аввал мақсадҳои таълим муайян карда мешавад, сипас, таҳлили ташхисӣ ва арзёбии пешакии қобилияти донишҷӯён доир мешавад. Дар асоси он пайдарҳамии маводи дарс аз рӯйи модулҳо ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи ҷамъбастӣ меъёри арзёбии натиҷаҳои бадастомада муайян карда мешавад.
Дар мактабҳои Шотландия солҳои зиёд аст, ки системаи модулии таълим татбиқ шуда истодааст, ки тибқи он тамоми сикл (силсила)-и фанҳои таълимӣ дар мактаб ба 2000 модул дар се навъ, умумӣ, махсус ва ҳамгироӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳар як модул аз сохтори муайян иборат аст, ки унсурҳои асосиро инъикос менамояд: мақсадҳо (умумӣ ва ё махсус); сатҳи воридшавӣ, натиҷаҳои эҳтимолии таълим (дониш, маҳорат, унсурҳои рафтор), мазмун (матн, методҳо ва шакли таълим, тартиби арзёбӣ). Чунин система ба хонанда имкони интихоби мустақилонаи суръати пешравӣ аз рӯйи барнома ва ба тартиб даровардани дастовардҳои таълимии худро медиҳад.
Дар маҷмуъ, вобаста ба баҳои баланди муҳаққиқон таълими модулӣ барои баёну амиқ аз худ кардани мавод то 30% имконияти ихтисор намудани вақти курси таълимиро фароҳам меорад.
Дар марҳалаи инкишофи илмҳои муосир мафҳуми таълими модулӣ мазмуни методологӣ пайдо намуда, яке аз шартҳои асосии муносибати системавиро касб кардааст. Технологияи инноватсионии мазкур ба қисмҳо ё бобҳои гуногун ҷудо карда мешавад. Омӯзгор модули таълимиро метавонад бе ҳеҷ монеа вобаста ба барномаи таълимӣ ба бобҳо ё қисмҳо ҷудо намояд. Миқдори соатҳоро ҳамон тавр ҷудо намояд, ки ба мақсад мувофиқ бошад. Чунин тарзи ташкили раванди омӯзиш ба шунаванда имкон медиҳад, ки бо барномаи таълимӣ кор кунад. Модули таълимӣ имкон медиҳад, ки дар курсҳои такмили ихтисос бештар худомӯзии шунавандагон таъмин гардад. Инчунин, суръати омӯзиш ба танзим дароварда мешавад ва суръати омӯхтани маводи таълимӣ аз ҷониби шунаванда низ меафзояд. Модули таълимӣ метавонад мазмуни курсро дар се сатҳ — пурра, мухтасар ва васеъ пешниҳод намояд.

Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»