Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи ҷамъбастию таҳлилӣ ва натиҷагирии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи номбурда Икромиддин Вализода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Раиси ноҳия ва муовинони ӯ оид ба бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Кӯшониён дар нимсолаи якуми соли 2023 суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ки дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо 58 ҳазору 375 нафар хонанда таҳсил доранд. Дар назди 37 муассисаи таълимӣ 41 Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки барои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат менамоянд.
Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми кишвар 76 нафар мутахассиси ҷавон ба муассисаҳои таълимии ноҳия фиристода шудаанд, ки ҳоло 70 нафарашон ба ҷойи кор омаданд. Аз натиҷаҳои чоряки чорум ва солонаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2022 – 2023 бармеояд, ки сифати таҳсилот 59,8 фоиз буда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ 99,3 фоизро ташкил медиҳад. Балли миёнаи муассисаҳои таълимии ноҳия 3,7 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи ноҳия бомуваффақият гузаронида шуданд ва доираи васеъи иштирокдорон фаро гирифтанд.
Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 780 нафар иштирок карда, 55 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Тибқи квотаи Президентӣ 22 нафар соҳиби номи донишҷӯ шуданд.
Аз шумораи умумии хатмкунандагон 2020 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд, ки ин 73,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 166 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 87 медал зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявӣ шогирдони мактабҳои ноҳия 51 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ 19 нафар толибилм соҳиби медал гардиданд.
Вазири маориф ва илм вазъи тамоми самтҳои хоҷагии халқро ба риштаи таҳлил кашида, аз фаъолияти аксари соҳаҳо дар нимсолаи якуми соли равон изҳори нигаронӣ кард. Барои ислоҳи камбудиву норасоиҳо ва иҷрои саривақтии дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Р. Саидзода дар хотима иброз дошт, ки Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, кормандони ташкилоту муассиса ва сокинони ноҳияро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ фаъолияти худро вусъат бахшида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи
вилояти Хатлон
