ДАВРИ ЯКУМИ ИМТИҲОНҲО БАРГУЗОР ШУД

1‑уми июли соли 2023 даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) номнависшуда баргузор гардид.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муас сисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1129 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1-уми июл дар 42 маркази имтиҳонӣ довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб карда, қисми А-ро супориданд.
Қисми А аз чор субтест иборат буда, гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро вобаста ба забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Аз 73461 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда 10255 нафар қисми А-ро супориданд. Барои иҷрои саволу масъалаҳои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) 86521 довталаб, ки аз онҳо 73461 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 13060 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.
Дар марказҳои имтиҳонӣ 1875 нафар дар асоси шартномаи корӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият доранд. Дар ҳар маркази имтиҳонӣ бо мақсади ҳифзи саломатии иштирокдорони имтиҳонҳо ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувори эҳтимолӣ, таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҳудуди маркази имтиҳонӣ якнафарӣ корманди тиб дар асоси шартномаи корӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор, дар сурати рух додани мушкилот, 120 нафар аз корманди ҳайати асосӣ (74 нафар)ва кормандони муваққатӣ (46 нафар) ба ҳайси намояндаи ваколатдори марказ дар маркази имтиҳонӣ равона кардамешаванд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ низ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии шахсони ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дохилшуда соли ҷорӣ 135 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи ҷадвале, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти теъдоди довталабон ва ҷойҳои нишаст дар марказҳои имтиҳонии ташкилшаванда таҳия ва тасдиқ кардааст, даври якум (асосӣ)-и қисми А барои довталабони ҳар гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 6-уми июл – барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2‑юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) дар давоми як рӯз ва барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) дар давоми ду рӯз баргузор шуданд.
Инчунин, тибқи ҷадвали мазкур соли ҷорӣ даври якум (асосӣ)-и қисми Б барои довта лабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум, 2‑юм, 3-юм ва 4-ум рӯзи 4-уми июл ва барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб ва биология) рӯзи 7-уми июл баргузор гашт. Хотиррасон мекунем, ки солҳои пеш даври асосии қисми Б барои ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), новобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобкардаашон, пас аз баргузор шудани даври асосии қисми А — 7-уми июл баргузор мегардид.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби баргузории имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи пешниҳодҳои аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.
Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда карда шавад.
Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул мекунад, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври дуюм иҷозат дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда, натиҷаи имтиҳони ӯ бетағйир мононда шавад.
Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва аз рӯйи ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тестии дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳонӣ мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.
Соли ҷорӣ низ, чун солҳои гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои ин ҳар як маркази имтиҳониро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардааст.
Натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаиҳар як довталаб ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20‑уми июли соли ҷорӣ эълон карда мешавад.
Таҳияи
Муҳсин АБДУЛВОҲИД,
«Омӯзгор»