ҲАМСОЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар даҳсолаи охирини садаи бистум дар заминаи ба Истиқлоли давлатӣ комёб гардидани ҷумҳурии азизамон дар тамоми бахшҳои ҳаёти мамлакат навоварию тозакориҳо ба вуқуъ пайвастанд. Ин ҳолат, албатта, соҳаи маорифи кишварро низ фаро гирифт ва дар силки дигар ибтикороти навин (бознигарӣ ба мазмуну муҳтаво ва фарогирии нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳияи насли нави китобҳои дарсӣ, корбасти усулҳои тозаи таълим, такмили сохтори идораи соҳа…) дар минтақаҳои гуногуни мамлакат мактабҳои типи нав-гимназияву литсейҳо, таълимгоҳҳои хусусӣ ва коллеҷҳо таъсис дода шуданд.
Соли 1997 дар шаҳри Кӯлоб аввалин мактаби типи нав – литсей ба фаъолият оғоз кард, ки расман литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонӣ ном гирифт. Он сол барои кишвари мо соли фархундаву саъд, соли нишоту фараҳмандии ҳамагонӣ буд, соле буд, ки ниҳоят пас аз ихтилофу даргириҳои зиёд ҷумҳурӣ ба марҳалаи нав ворид гашт; бо азму иродаи қавӣ ва бо талошҳои ватанпарваронаву ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги дохилӣ хомӯш карда шуд ва тарафҳо ба ҳам омаданду Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расид. 27 июни соли 1997 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи саодатбор ва амалӣ намудани ормонҳои мардумӣ абадан сабт гардид ва ин рӯзи фархунда бо ибтикори Пешвои миллат Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд ва ҳамакнун, беш аз биступанҷ сол боз ботантана таҷлил мешаваду ба мақбултарину дилпазиртарин ҷашни аҳли ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Устодону шогирдони литсейи №1-и шаҳри Кӯлоб аз ду далели вобаста ба таълимгоҳи маҳбубашон –номи фарзанди бузурги халқи тоҷик Исмоили Сомониро доштан ва ҳамсоли Ваҳдати миллӣ будани он ҳамеша ифтихор доранд…
Чун қарори раиси шаҳри Кӯлоб дар бораи таъсиси нахустин литсейи шаҳр ба имзо расид, масъалаи таъйини роҳбари шоиста ба он ба миён омад. Табиист, ки ҳар падидаи тоза дар баробари хушоянд буданаш мушкилот ва пешомадҳои ғайричашмдошт низ дорад. Аз ин рӯ, ба таълимгоҳи нав роҳбаре ботаҷрибаву ғайратманд ва соҳибирода лозим буд. Бояд қадами аввал устувору дуруст гузошта шавад, бартарию зарурати мактаби типи нав собит гардад, мардум ба афзалиятҳои он бовар кунанд ва роҳбарияташро дастгирӣ намоянд.
Номзадҳо, хоҳишмандон ба вазифаи сарвари литсей зиёд буданд ва масъулин пас аз мулоҳизаву баррасиҳо ба қароре расиданд, ки дар ин вазифа маҳз омӯзгори варзидаву соҳибтаҷриба Пирмурод Сабуров бомуваффақият кор карда метавонад. Ӯро дар шаҳру вилоят хуб мешиносанду эҳтиром мекунанд, тозакор, масъулиятшинос асту соҳаро хуб медонад ва ҷонибдори ибтикороти навин ва ислоҳот дар соҳаи маориф аст. Дар вазифаҳои омӯзгори мактаби миёна ва мушовири шуъбаи маориф кор карда, таҷриба андӯхтааст, бо аҳли ҷомеа иртиботи судманд дорад, таблиғгари фаъоли сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат аст. Ғалат накарданд дар интихоби худ масъулин. Инро нахустин марҳалаи фаъолияти литсей собит намуд. Қарор шуд, ки соли аввал литсей танҳо аз синфҳои ибтидоӣ иборат бошад ва ҳамин тавр, дар синфҳои 1-4 (зинаи аввали таҳсил) 110 нафар хонандаи болаёқат ба таҳсил оғоз карданд. Чун аз оғоз корҳо дар таълимгоҳ дар сатҳи баланду дилписанд ба роҳ монда шуданд, он зуд байни волидон ва аҳли ҷомеа эътибор пайдо кард, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Сарвари ғайратманду кордони литсей ин ҷо беҳтарин омӯзгоронро гирд овард, мусоидат ба он кард, ки синфхонаҳо бо услуби тозаву сабки ҷолиб ороста шаванду бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз бошанд. Назорат мешуд, ки ҳар гӯшаи литсей тозаву озода ва ороста бо шиору лавҳаву суратномаҳои ҳикматрез бошад. Таъмини хонандагон бо китобу ашёи таълимӣ, ташкили истифодаи босамари вақти холию фароғати шогирдон, баргузории ҳамоишу маҳфилҳои тантанавию маърифатӣ ва амсоли инҳо ҳамеша дар мадди назар қарор дошт. Муқаддамтар аз ҳама, ҷидду ҷаҳд ва таваҷҷуҳи махсус ба бомаром баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия равона шуда буд…
Ин буд, ки литсей давра ба давра мақом устувор карду ба пешравиҳои пайваста ноил гардид ва ба яке аз таълимгоҳҳои комёбу намуна дар вилояти Хатлон табдил ёфт. Ба таври фишурда чанде аз комёбиҳои литсейро дар давоми фаъолияти беш аз биступанҷсолааш ёдовар мешавем.
Аввалин гурӯҳи хонандагон соли 2005 литсейро хатм намуданд. Аз он айём то соли равон беш аз шаст нафар хонанда таҳсил дар ин таълимгоҳро бо дарёфти номаи камоли «аъло» (медалҳои тиллою нуқра) ба итмом расониданд. Пас аз хатми синфи нуҳ (зинаи дуюми таҳсил) наздик ба сесад нафар шогирди литсей соҳиби шаҳодатномаи «аъло» гардиданд. Аз беш аз 850 нафаре, ки дар давоми фаъолияти таълимгоҳ онро хатм намуданд, зиёда аз 600 нафар мактабҳои олиро ба итмом расонда (қисмате дар донишгоҳҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд), соҳибҳунар гардиданд ва ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ бомуваффақият кор мекунанд.
Шогирдони литсей дар озмуну олимпиадаҳо ва сабқатҳои дигари ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ҷоизаҳои зиёде ба даст оварданд. Танҳо дар давоми соли гузашта беш аз 50 хонандаи ин таълимгоҳ дар озмунҳои бонуфуз дастболо гардиданд. Дар озмуни Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ аз 23 хонандаи довталаби литсей 16 нафар ба дарёфти диплому ифтихорномаҳо шарафёб шуда, дар қатори ғолибон ҷой гирифтанд. Хонандагони синфи 9 Шавкат Азиззода, Акбари Зафар ва Абубакри Ҳофиз дар шаҳри Анталияи Туркия дар озмуни байналмилалии «Дониш» ба пирӯзӣ расиданд ва бо медалу ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Аз 17 нафар шогирди литсей, ки ба тариқи онлайнӣ дар олимпиадаи ҷаҳонии «Тинигл» аз фанҳои биология, математика ва забони англисӣ иштирок карданд, 13 нафар шаҳди ғолибият чашиданд ва теъдоди медалҳои таълимгоҳи худро боз ҳам афзуданд. Ба ин тариқ, гурӯҳи дигари хонандагон дар озмунҳои байналмилалии «Кенгуру» (аз фанни математика), «Фисо» ва «Спелинг-Ви» (аз фанҳои гуногун) бомуваффақият иштирок карда, беш аз 30 ҷоиза ба даст оварданд. Ширкати муваффақонаи шогирдони литсей дар озмунҳои байналмилалӣ, аз як тараф, баёнгари сатҳи баланди таълиму тарбия дар ин боргоҳи маърифат бошад, аз тарафи дигар, таҳсилоти шоиста доштани хонандагони таълимгоҳҳои Тоҷикистонро дар паҳнои ҷаҳон собит месозад.
Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ комёбиҳои хонандагони литсей назаррасанд. Ҳамасола теъдоди зиёди хонандагон дар озмунҳои фаннии мактабиёни кишвар иштирок намуда, ба мақомҳои ифтихорӣ мерасанд ва ҷоизаҳо ба даст меоранд. Аз ин хусус метавон теъдоди зиёди хонандагони муваффақро номбар кард…
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се хонанда ва як устоди литсей бомуваффақият ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд ва ҷоизаҳо ба даст оварданд. Теъдоди довталабон дар даври аввал (мактабӣ) аз 200 нафар беш буд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» хонандаи синфи 3 Савсан Шафизода дар сафи ғолибон ҷой гирифт…
Комёбию пешрафти литсей аз бисёр ҷиҳатҳо бо фаъолияти шоиставу маҳорати роҳбарии директори он, омӯзгори варзида Пирмурод Сабуров иртибот дорад. Ӯ аз оғози таъсиси ин таълимгоҳ то соли 2012 онро сарварӣ кард ва ба қавле, хиштҳои аввали боргоҳи тозабунёди донишро росту дуруст гузошту устувор намуд. Соли 2012 ин устоди муваффақро мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъйин карданд. Пас аз чор соли дар ин вазифа кор кардан боз ба литсейи барояш хеле маҳбубу азиз баргашт (соли 2016), вале соле пас ӯро масъули бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб таъйин карданд. Муддате дар ин вазифа ва баъдан дар вазифаи директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт. Соли 2020 боз ба таълимгоҳе, ки «нахустхиштҳо»-яшро гузошта буд-литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба сифати директори таълимгоҳ баргашт.
– Ҷозибаи меҳри ин таълимгоҳи бароям хеле маҳбубу азиз ва устодону шогирдони он ҳамеша тамоми ҳастиямро фаро мегирад, дар канори литсей худро болидаруҳу тавонманд эҳсос мекунам ва мекӯшам, ки дар пурсамару рангин, ҷолибу муассир будани ҳар рӯзи таълимгоҳ ҳиссагузор бошам, — иброз медорад устод Пирмурод Сабуров.
Абдурауф МУРОДӢ,
Шарифи АБДУЛҲАМИД,
шаҳри Кӯлоб,
«Омӯзгор»