7-уми июли соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.
Вазири маориф ва илм бо пояи моддию техникии донишкада, шароити таҳсил, ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ва фаъолияти комиссияи қабул шинос гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани раванди таълиму тарбия, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, густариш бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, зиёд намудани гурӯҳҳои таҳсил ба забони англисӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, фароҳам овардани шароит барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ҷалби бештари хатмкунандагон барои таҳсил дар донишгоҳ дастуру маслиҳатҳои судманд дод.
Директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода иттилоъ дод, ки муассисаи мазкур дорои зиёда аз 800 компютер, 70 ноутбук, 107 принтер, 37 тахтаи электронӣ, 107 проектор ва 178 камераи назоратӣ буда, биноҳои таълимӣ бо Wi-Fi таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин, кормандони муассиса як китобхонаи электронӣ ва ду китобхонаи муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 6 синфхонаи лингофонӣ, 8 синфхонаи компютерӣ, бонки таълимию инноватсионӣ, бонки инноватсионии «Тавҳидбонк», кабинети фанни омор бо компютерҳои барномаҳои муосири ҳисоби оморӣ, кабинети махсус барои омӯзонидани барномаи 1С – корхона, Маркази акселератсияи соҳибкории рақамӣ, ки аз «Лабораторияи барномасозӣ», «Лабораторияи WEB-дизайн», «Лабораторияи инженерияи рақамӣ» иборат аст, озмоишгоҳҳои «Молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ», «Криминалистика», WEB-студия, ду толори фитнес, ду майдончаи волейбол, минифутбол, баскетбол, ду маҷлисгоҳ, толори Шурои олимон муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири иттилоотӣ барои баргузор намудани конференсияҳои маҷозӣ, ду ошхона, хобгоҳи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Биноҳои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон синфхонаҳо бо ангишт гарм карда мешаванд.
7-уми июли соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ боздид намуд. Ӯ бо вазъи таҳсил дар донишкада шинос шуда, ба озмоишгоҳу синфхонаҳои дорои шароиту имконоти замонавӣ баҳои баланд дод.
Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки имрӯз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ҳамкориҳояшро бо муассисаҳои таҳсилоти касбии олии дохилу хориҷи мамлакат густариш дода, ихтисосҳои рақобатпазири бозори корро ҷорӣ намуда истодааст. Дар доираи ҳамкориҳо дар донишкада таҳсилоти дуалӣ ба роҳ монда шуда, фаъолият дар ин самт густариш меёбад.
8-уми июл вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
Вазир бо раванди супоридани имтиҳоноти маҳорат, ки дар синфхонаҳои алоҳидаи донишкада бо фарогирии беш аз 400 нафар довталаб сурат мегирифт, шинос шуд. Маълум гардид, ки ин шакли имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили тамоми шароити зарурӣ ва низоми хос аз тарафи донишкада сурат гирифта истодааст.
Раҳим Саидзода ҳамзамон бо пойгоҳи таълимию илмии донишкада ва вазъи озмоишгоҳҳои ин муассисаи таълимӣ шинос гардид. Таъкид шуд, ки таълиму тарбия, шароиту имкони таҳсилу фаъолият ба пойгоҳи моддии муассисаи таълимӣ вобаста буда, омода намудани мутахассисони варзида ба он тавъам аст. Таъсиси теъдоди зиёди озмоишгоҳҳои фаннӣ мувофиқ ба ихтисосҳои донишкада намунаи пайравӣ ба дигар муассисаҳои олии мамлакат мебошад.
Вазири маориф ва илм ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, сатҳи омодагиҳо ба соли нави таҳсил, фаъолияти комиссияи қабули донишкада ва дигар масоили рӯзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дастуру супоришҳо дод.