5-уми июли соли равон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент бо 100 нафар ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни мулоқот ба ятимон аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозунеъмат, маҷмуи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
Ятимон бо шодию нишот аз дасти Пешвои миллат туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат беҳтару хубтар мегардад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат, илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басазо мегузоранд.
Ятимони кул аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус, ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтаасту барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хидмати шоиста намоянд.
5 июл дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи корхонаи металлургии мисгудозӣ дар ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» ва мулоқот бо ятимон дар саҳни ҳавлии корхона ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар кардани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба сокинони шаҳри Панҷакент 4 адад воситаи нақлиёти муҷаҳҳази ёрии таъҷилии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисиро тақдим намуданд.
Нақлиёти соҳавӣ дорои шароити зарурӣ барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва интиқоли саривақтии беморон буда, чунин туҳфаи Пешвои миллат сатҳу сифати хидматрасониро ба сокинон боз ҳам баландтар хоҳад бардошт.
Ҳамчунин, ба бахши тандурустии шаҳри Панҷакент таҷҳизоти муосири тиббӣ, ки барои ташхиси беморон пешбинӣ гардидааст, аз қабили дастгоҳи рақамии рентгенӣ, таҷҳизоти ташхиси ултрасадоӣ, дастгоҳи ташхиси узвҳои нафас ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ тақдим карда шуд.
Сокинону кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаҳои арзишманд ва ғамхории ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.