АГАР ГӮӢ, КИ БИТВОНАМ…

Дар суҳбати омӯзгори варзида аз шаҳри Истаравшан Дилафрӯз Атаҷонова, ки таҳсилу маълумоти олӣ гирифтанро ба зани тоҷик, новобаста ба синну сол, дер намешуморад Ҳангоме ки сармуҳаррири нашрия изҳор дошт, ки бо донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, бонуе бо исми Дилафрӯз суҳбат анҷом бояд дод, ман номбурдаро ҳамчун духтаре мепиндоштам, ки воқеан, мутобиқ ба синну солаш дар курси чорум таҳсил мекунад. Аммо чун ӯ вориди дафтари кори мо шуд, фикрамон ғалат баромад, зеро Дилафрӯз дар синну сол дар қиёс бо донишҷӯёни соли чоруми донишгоҳ бузургтар ба назар мерасид. Ин чиз сабаби худро дошту ҷавҳари суҳбати мо низ аз он маншаъ мегирифт, зеро Дилафрӯз тавзеҳ дод, ки 4 сол қабл ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи буҷавӣ ба шуъбаи ғоибона, бо соҳиб гардидан ба 420 хол дохил шудааст. Ба иқрори Д. Атаҷонова, бо оғози таҳсил дар донишгоҳ вай худро то андозае хиҷолатзадаву ноҳинҷор ҳис мекард, зеро ҳамроҳи донишҷӯёне ба омӯзиши илм машғул мегардид, ки дар синну сол аз ӯ хурдтар буданд.
– Қабл аз он ки ба факултаи филологияи руси донишгоҳи мазкур, ба шуъбаи фосилавӣ дохил шавам, ман мактаби муҳосибии назди раёсати омори шаҳри Хуҷандро хатм карда, соли 2003 оиладор шудаму хонанишин. Бо гузашти чанд сол соҳиби чор фарзанд: як писару се духтар гардидам, — иброз медорад Дилафрӯз ва меафзояд:
– Он ҳангом ман дохил шудан ба ину он донишгоҳ ё донишкада ва таҳсил намуданро тасаввур ҳам намекардам, чунки ба қавле, «ба сархорӣ вақт надоштам». Дар хона гову моли зиёд доштем, вақтамон ба кори саҳро-алафу гандумдаравӣ, зироаткорӣ, парвариши сабзавот ва амсоли чунин корҳо сарф мешуд. Ман бо ин намехоҳам бигӯям, ки аз зиндагии он давраи худ норозӣ ҳастам. Не, ҳаргиз ин тавр набуду нест. Фарзандонам дар мактаб таҳсил карда, бо донишу одоб ва ахлоқи хуби худ намуна буданд. Дар ёдам ҳаст, боре духтарам Лайлоро, кидар синфи 6 мехонд, дар олимпиадаи шаҳрӣ (дар Истаравшан) аз фанни забони англисӣ ҳамроҳӣ мекардам. Лайло дар олимпиада донишу маҳорат ва малакаи беҳтаринро нишон дод. Чанд нафар аз ҳайати доварон ва кумитаи тадорукот аз духтарам мепурсанд, ки омӯзгори нахустини ту кист? Лайло бо сари баланд:
-Модарам ба ман дар омӯзиши фанҳои таълимӣ ёрӣ расонда, барои таҳсилу омӯзиши ояндаам заминаи мустаҳкам гузоштаанд, -мегӯяд. Дилафрӯз лаҳзае ба хаёл меравад. Шояд он айёми хотирмону гувороро пеши назар меорад?
– Яке аз доварзанон аз ман пурсид, ки шумо омӯзгоред?-ба нақлаш идома медиҳад Дилафрӯз Атаева. Ман посухи рад додам. Он зан банди ҳайрату тааҷҷуб гуфт, ки шумо бо ин саводу дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва зеҳни қавӣ бояд ҳамчун омӯзгор ба хонандагон сабақ омӯзонед. Баъд аз ин суханон ман дар назди худ мақсад гузоштам ки таҳсилро идома дода, омӯзгор мешавам. Ҷаҳду ҷадал ва саъю талош намуда, соли 2019 сазовори номи донишҷӯ гардидам. Аммо, ҳамзамон бо хушҳолию болидаруҳиям, андешаҳои мағшуше ба мағзам фишор меоварданд. Фикр мекардам, бо мушкилоте, ки гирифторам, таҳсил бароям вазнинӣ пеш меорад. Аввал ин ки дар деҳа, дар ноҳияи дурдасте зиндагӣ ба сар мебарам, дигар ин ки фарзандонамро бояд нигоҳубин ва тарбия кунам, боз, чунонки болотар ишора кардам, гову моли зиёде дорему дар замин ба парвариши зироатҳои полезӣ ва сабзавот машғул шудан лозим. Бароям масъалаи ба таври ҳаматарафа надонистани забони русӣ аз ташвишҳои дигар ҳисоб меёфт. Ман тасмими ҷиддӣ гирифтам, аз иродаи худ мадад ҷустам. Ва тадриҷан, марҳала ба марҳала, дар тӯли чор соли таҳсил ба дастоварду муваффақиятҳо ноил гардидам, ки дар ниҳояти кор ба ин ҳама пешрафт боварам намеомад. Бо саъйю кӯшиш ва худомӯзию бедорхобиҳои шабонарӯзӣ, ҳамчунин, кумаку дастгирӣ ва ҳидоятҳои дилсӯзонаи устодони соҳибтаҷрибаву донишманд, амсоли Татяна Гусейнова, Руниза Рамазанова, Татяна Сенюшкина, Илмира Самадова, Азим Аминов, Рафоат Султонова ва чанди дигар исбот кардам, ки донишҷӯёни гурӯҳи фосилавӣ метавонанд дар баробари шуъбаи рӯзона таҳсил намуда, илму донишро ба таври мукаммалу ҳамаҷониба аз худ кунанд. Муддати чор сол бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, талабгори дипломи сурх ҳастам. Ҳамбаста бо таҳсил ва илмомӯзӣ, ба фаъолияти пажуҳишӣ машғул гардида, бо пешниҳоду ҳидояти устодон дастури методии таълимиеро барои машғулиятҳо аз фанни забони русӣ бо номи «Дафтари кор барои ташкили машғулиятҳои аудиторӣ ва амалҳои мустақилона» таълиф намудам. Ман алҳол яке аз намояндагони донишҷӯёни намунавии таҳсил дар гурӯҳи фосилавӣ мебошам, ки баробари таҳсилу донишандӯзӣ аз фаъолони факултет ҳисоб шуда, роҳбарии гурӯҳро ба зимма дорам. Аз курси сеюм дар таълимгоҳи деҳаамон ба фаъолият пардохтам. Пас аз як сол маро ба кор ба гимназияи ноҳия даъват карданд. Аммо барои ман, тавре ки зикр намудам, тарбияи фарзандон тавъам бо фаъолияти омӯзгорӣ ва таҳсил дар донишгоҳ муҳим ба шумор мерафт, аз ин рӯ, ҳам дар мактаби деҳ ба кор идома додаму ҳам дар гимназия. Ба устодони донишгоҳиям дар масоили гуногуни таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ муроҷиат карда, маслиҳатҳо мегирам. Ба таъкиди Дилафрӯз Атаева, ҷумҳурӣ имрӯз ба омӯзгорони лаёқатманд аз фанни забони русӣ ниёз дорад.
– Ҳар як зане, ки хонанишин буда, савод ва дарку лаёқати хуб дорад, дар донишгоҳу донишкадаҳо аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни омӯзгорӣ ба таври фосилавӣ таҳсил кунад, нуран ало нур мешуд, зеро онҳо пас аз хатми макотиби олӣ соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба сифати омӯзгор аз фанҳои мухталиф дар таълимгоҳи зодгоҳашон ба фарзандони сокинони деҳа сабақ меомӯзонанд,- мегӯяд Д.Атаева ва идома медихад:
– Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-и шаҳри Истаравшан ҳамчун омӯзгори забони русӣ кор мекунам. Бо маълумоти олии нопурра 1600 сомонӣ маош мегирам. Албатта, барои пешбурди зиндагӣ шавҳарам низ кӯшишу ҷаҳд менамояд ва саҳми худро мегузорад.
Замин ҳаст, гову мол дорем. Ин як амри табиист. Дар мактаби деҳа ба хонандагони синфҳои 2-7 дарс мегӯям. Ҳангоми машғулиятҳо вобаста ба таълими мавзуъҳо ба инкишофи нутқи шифоҳӣ ва тарзи талаффузи калимаҳо аз ҷониби шогирдон бештар диққат медиҳам.
Ба таҳсил фаро гирифта шудани занони хонанишин ба мардҳо (шавҳарони онҳо) вобастагии зич дорад, зеро онҳо бо дастгирию кумаки худ метавонанд таҳсили ҳамсаронашонро дар макотиби олӣ таъмин намоянд.
Аз таҷрибаи зиндагию фаъолияти омӯзгорӣ ва ҳамзамон, таҳсил дар донишгоҳ ба натиҷае расидам, ки агар шахс дар назди худ мақсади қатъӣ гузорад, ки «ман саъйю кӯшиш мекунам, ки аз уҳдаи ҳамаи корҳо мебароям», ҳароина, тираш ба ҳадаф мерасад. Шоир низ беҳуда нафармудааст:
Агар гӯйӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ
В-агар гӯйӣ, ки натвонам, бирав, биншин, ки натвонӣ.
Мо ба донишҷӯйи серғайрат, омӯзгори муваффақ ва муҳаққиқи заҳматкаш Дилафрӯз Атаҷонова дар фатҳи қуллаҳои илм ва фаъолияти педагогияш муваффақиятҳо орзумандем ва хоҳони онем, ки сафи чунин бонувони боиродаву соҳибмаърифат дар ҷумҳурӣ бештар гардад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»__