БОЗ ЯК ШУМОРАИ СУДМАНДУ ДИЛПИСАНД «ОМӮЗГОР», №28, 13 ИЮЛИ СОЛИ 2023

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар меҳвари рухдодҳои кишварамон дар ҳафтаи гузашта қарор дошт. Сарвари кишвар зимни ин сафарашон низ ба ҳукми анъанаи дерини хеш ба соҳаи маориф ва вазъи он дар маҳалҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз ин хусус бо масъулин машваратҳо оростанд ва дастуру супоришҳои судманд доданд. Дар оғози сафари кориашон ба вилояти Суғд Пешвои миллат дар шаҳри Панҷакент бо гурӯҳи калони ятимон аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Бӯстон ва Зафаробод мулоқот ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо иттилоъ аз ҳамин мулоқот оғоз ёфтааст, ки «Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Панҷакент» унвон дорад. Иттилои дигар дар нахустсафҳаи нашрия «Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд» ном дорад ва дар он аз баргузории машварати кории Президенти ҷумҳурӣ бо роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он хабар дода мешавад. Дар ин машварат низ Пешвои миллат дар радифи масоили дигар ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри тақвияти вазъи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Ҳафтаи гузашта вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ба вилояти Суғд сафар карда, дар давоми якчанд рӯз бо вазъи таълиму тарбия ва ободонии таълимгоҳҳои алоҳида бевосита шиносоӣ пайдо кард ва бо кормандони масъулу омӯзгорон мулоқотҳо баргузор намуд. Ин мулоқотҳо хеле самимию ошкоро ва судманд буданд. Вазири маориф ва илм дар шаҳри Хуҷанд барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят қабули сайёр баргузор кард. Силсилаи иттилоот дар саҳифаи дуюми «Омӯзгор» ба ҳамин сафари вазир бахшида шудааст. Дар мақолаи «Даври якуми имтиҳонҳо баргузор шуд» (саҳ.2-3) ба таври муфассал аз оғози даври якуми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иттилоъ дода мешавад.
Мақолаи «Ҳамсоли Ваҳдати миллӣ» (саҳ.3, муаллифон А.Муродӣ ва Ш.Абдулҳамид) аз хусуси муваффақиятҳои як мактаби типи нав – литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташаббускори он Пирмурод Сабуров ҳикоят мекунад.
Матни фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими қабули тарбиягирандагон ва таълимгирандагон ба мактаб – интернатҳо» ва 3 замима ба ин фармоиш саҳифаҳои 4-5-и нашрияро фаро гирифтааст. «Агар гӯӣ, ки битвонам…» мақолаи ҷолибу муассири мухбири ҳафтанома Ш.Раҷабзод (дар саҳ.6) мебошад, ки дар он аз хусуси фаъолияти ибратбахши омӯзгор аз шаҳри Истаравшан Дилафрӯз Атаҷонова сухан ба миён омадааст. Ду хабари дигари ин саҳифа — «Фаъолияти назаррас» (Д.Мӯсоева) ва «Бобуна»-и ороста» ба ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти кӯдакистони «Бобуна»-и шаҳри Левакант бахшида шудааст. Хонандагони «Омӯзгор» дар саҳифаи 6-и нашрия матни мусоҳибаи муфассали мухбирони ҳафтанома Ш.Раҷабзод ва С.Мӯсоеваро бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Беҳзод Баротзода мутолиа хоҳанд кард. Дар ин мусоҳиба муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти аҳли маорифи шаҳри Ҳисор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.
11 июли соли равон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи аввали сол масъалаи асосӣ буд. Дар ин ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба масъалаи мазкур гузориши муфассали таҳлилии пурдалел ироа кард. Дар қисмати музокираҳои ҷаласа суханрониҳои зумрае аз фаъолону роҳбарони соҳа шунида шуд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин қарор гирифт. Оид ба ин ҷаласа бо номи «Комёбиҳоро афзун бояд кард» дар саҳифаҳои 8-9-и нашрия гузориши муфассал дарҷ гардидааст. Мақолаи «Кӯшониён: вусъати фаъолият мебояд» низ ҷолиб буда, дар он аз баргузории ҷаласаи ҷамъбастию таҳлилӣ ва натиҷагирии хоҷагии халқи ноҳияи Кӯшониён, ки дар он вазири маорифи ҷумҳурӣ ба сифати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт, иттилоъ дода мешавад.
Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба масоили методӣ диққати ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Ин ҳафта ин масъаларо мақолаи мухбири ҳафтанома С.Муродов бо унвони «Таълими модулӣ» тавзеҳ бахшидааст (саҳ.10). Мақолаи мазкур ба таври фарогир моҳият ва зарурати гузариш ба таълими модулӣ дар такмили ихтисоси омӯзгоронро шарҳ медиҳад.
Мақолаҳое, ки дар саҳифаи 11 ҷой дода шудаанд-«Гуле, ки тарбият аз дасти посбон нагирифт» (Ҷ.Бойзода), «Таълим дар мактаби куҳна» (С.Ваҳҳобиён) ва «Нахустроҳбари маориф дар Бадахшон» (Ҷ.Улфатшоҳ), бешубҳа, писанди хонандагон хоҳанд шуд. Дар ин мақолаҳо мақому манзалати омӯзгор тавсиф гардида, нигоҳе ба гузаштаи маорифи кишвар афканда мешавад. Муаллифи мақолаи ахир Ҷ.Улфатшоҳ пешниҳод мекунад, ки ба хотири аввалин омӯзгорони Бадахшон лавҳаи ёдгорие дар ин макон гузошта шавад.
«Ҳақиқат ҳамеша пирӯз аст» (И.Абдуллоев), «Ҳаракат қоида дорад, чаро онро риоя намекунем? (С.Фазл) ва «17 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз шуд» (Н.Раҷабзода) – мақолаҳои ҷолиб буда, ба масоили гуногун – ҳамовозӣ ба мақолаи машҳури С.Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», пешгирии рухдодҳои нохуш дар роҳҳои ҷумҳурӣ ва татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шудааст.
Озмунҳои ҳафтанома ҳамоно идома доранд ва хеле хушоянд аст, ки сафи иштирокдорони ин озмунҳо пайваста зиёд мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар шумораи навбатӣ вобаста ба озмунҳои «Тоҷикистон –сарзамини пиряхҳо» ва «Омӯзгор –машъалафрӯзи ҷомеа» дар ду саҳифа (13-14) шаш мақолаи довталабони озмунҳо ба чоп расидааст. Мақолаҳо ҷолибу ҳикматбор ва дорои муҳтавою маънии баланданд. Саҳифаи «Гулистони сухан»-и нашрияро (саҳ.15) ин дафъа манзумаи «Китоби «Тоҷикон»-и устод Муҳаммад Ғоиб ва лавҳаи «Меҳмонхонаи ройгон»-и шоир ва рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ шукӯҳу мазмуни дилписанд эҳдо кардаанд.
Ҳафтанома дар саҳифаи охирин ду нигоштаи дигарро («Бозӣ ва ташаккули кӯдакон», муаллиф Ф.Раҳимзода ва «Дастовардҳои марказ хушҳолкунандаанд», муаллиф С.Искандарӣ) ҷой додааст, ки низ мутолиаи онҳо барои аҳли таълиму тарбия манфиатбор хоҳад буд. Мехоҳем порае аз шеъри «Китоби «Тоҷикон», ки дар боло зикр кардем, ҳусни анҷоми ин гузориши фишурда бошад:
Ин китоб осори нангу ҷуръати аллома аст,
Гашт исбот, аз ҳама ханҷар расотар хома аст.
Худшиносиҳои мо аз ин асар пайдо шавад,
Баҳри миллат ин асар, бешак, шаҳодатнома аст.

Навбатдори шумора А.Муродӣ