ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ МУҲИМИ СОҲАИ МАОРИФ

Шумораи навбатии нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» (№27, 6 июни соли 2023) аз чоп баромад, ки масоили муҳими соҳаи маорифро дар бар гирифтааст. Дар саҳифаи аввали ҳафтанома гузориш аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2-уми июли соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ҷой дода шудааст. Дар маҷлиси зикршуда масоили гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Яке аз нуктаҳои умдаи ҷаласа вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор мерафт, ки он ба таври махсус таъкид гардидааст. Дар ҳамин саҳифа мақолаи корманди нашрия Ш.Раҷабзод бо номи «Ғамхорӣ руҳбаланд мекунад» ба табъ расидааст, ки муҳтавои онро масъалаи баланд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон дар радифи дигар муассисаҳои буҷетӣ дар бар гирифтааст. Тавре маълум аст, бо Фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июли соли 2023 маоши кормандони муассисаҳои буҷетии давлат, аз ҷумла, соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Дар матлаби мазкур атрофи ғамхориҳои беназири Сарвари давлат нисбат ба кормандони соҳаи маориф ва устодону омӯзгорон сухан рафта, дар зимн, тӯли 3 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳама ҷабҳаҳои маориф вусъат ёфтани корҳои созандагӣ ба таври махсус таъкид гардидааст. Саҳифаи дуюми ҳафтанома фарогири масъалаи рӯзмарраи фаъолияти Вазорати маориф ва илм –ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат буда, баррасии як силсила маърӯзаю суханрониҳо ҷавҳари онро ташкил медиҳад. Дар гузоришҳои худ сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш.Асоммиддинзода, ректори ДҶТИБКСМ Ҷ.Намоззода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н.Зайниддинзода пас аз сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода масоили муҳимро матраҳ намуданд. Мақолаи пурмуҳтаво ва таҳлилии мактабшинос, корманди нашрия Саидаи Фазл –«Баҳсҳои имло беохиранд?» ба мавзуи нофаҳмию печидагиҳо дар имло ва умуман, забони кунунии тоҷик бахшида шудааст, ки дар он андешаҳои ҷолибу судманди забоншиносон, раҳбарони идораю сохторҳои Вазорати маориф ва илм ва як идда алоқамандони соҳа оварда шудаанд. Муаллиф дуруст зикр мекунад, ки бояд ба норӯшаниҳо дар хусуси қоидаҳои имло ва бенизомӣ дар ин самт вақт аст, хотима дода шавад ва омӯзгорон аз ташвиши навишти гуногуни калимаҳои ҷудогона раҳоӣ ёбанд. Саҳифаҳои 4-5 мақолаҳои гуногунмуҳтаворо бо номҳои «Иродаи қавӣ касро ба мақсад мерасонад» (Н.Раҷабзод, вилояти Суғд), «Н. Маҳмадиева: «Хазинаи табиат маро ба Португалия бурд (С.Азизӣ, шаҳри Бохтар), «Баланд аст аз фалак номи муаллим», «Ҳамшаҳрии ман» ва «Марди хираду адаб» дар бар гирифтаанд, ки шавқовару рангинанд. Очерки корманди нашрия Д.Аваз «Дурахши адабии офтоби ваҳдат» зинатбахши саҳифаи шашуми ҳафтанома буда, дар он воқеаҳои замони ҷанги дохилӣ ба таври муқоиса таҷассуми бадеӣ ёфтаанд. Очерк ҷанбаи волои тарбиявӣ дошта, ба насли наврас ва ҷавони ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ваҳдату амният ва сулҳу тинҷӣ бояд расид. Мақолаҳои марбут ба мавзуи хештаншиносӣ ва идеология таҳти унвонҳои «Хатар ба арзишҳои умумиинсонӣ» ва «Тарғиби ватандӯстӣ» дар саҳифаи ҳафтум ҷой гирифтаанд. Мухбири минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб Шариф Абдулҳамид мушкилоти таълимгоҳҳоро дар шаҳру навоҳии ин минтақа мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла, раванди таъмиру тармимро таҳлил намудааст. Рӯзноманигор Аъзам Бобоев бошад, аз хусуси ба таври бояду шояд омода набудани фароғатгоҳҳои тобистонаи мактабиён дар минтақаи Бохтар дар мақолаи «Чаро ба истироҳати тобистонаи мактаббачагон таваҷҷуҳ кам аст?» бо изтироб ҳарф зада, диққати масъулини навоҳии минтақаро ба бартараф намудани камбудию норасоиҳо ҷалб кардааст. Матолиби навиштаи Ҷангибеки Улфатшоҳ аз Бадахшон бо номи «Назорати дохилимактабӣ беҳбудӣ мехоҳад» ва Ш.Абдулҳамид – «Ба лагери ваъдагӣ чашм расид?» дар саҳифаи 9 ҷой дода шудаанд.
Саҳифаи 10 -и нашрия мусоҳибаи корманди нашрия Ш.Раҷабзодро бо ректори ДҶТИБКСМ Ҷамшед Намоззода таҳти унвони «Такмили ихтисос ва рушди маҳорати омӯзгорон» фаро гирифтааст, ки муфассалу доманадор буда, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти муассисаҳои мазкурро бозгӯйӣ намудааст.
Дар саҳифаи 11 мақолаҳои корманди ДҶТИБКСМ Акобир Риоев – «Технологияи муосир ва раванди таълим», омӯзгори мактаби №13, ноҳияи Лахш Дилрабо Абдураҳмонова –«Аз як даст садо намебарояд» ва мутахассиси МҶТМ Бӯрӣ Ҳайдаров – «Истироҳат бо саҳнаю бозиҳои ҷолиб» хонданию ҷолиб мебошанд. Саҳифаи 12-ро мақолаҳои алоҳидаи омӯзгор А.Зумратов (шаҳри Душанбе) ва донишҷӯи ДДМИТ Н.Аловиддинов зеб додаанд, ки ба озмунҳои нашрия бахшида шудаанд. Навиштаи узви ИЖТ Азизулло Мирзозода – «Садоқати омӯзгори боҳиммат» ба фаъолияти ватандӯстонаи рӯзноманигор ва нависанда Садриддин Ҳасанзода бахшида шудааст, ки мавсуф аз ҳисоби маблағҳои худ дар бунёди бинои муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ин мақола дар саҳифаи 13 ҷойгир шудааст. Аз ҳамин саҳифа мақолаи Зоиршоҳ Назирзодаро аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо номи «Ёдгориҳои таърихии Ҳалевард» хонандагон метавонанд мутолиа намоянд. Мақолаи пурмуҳтавои профессор Хуршед Зиёӣ-«Куллиёти Мавлоно осори мондагори ҷаҳонӣ» шуҳрати ҷаҳонии шоири бузурги адабиёти классикии форсу тоҷикро бозгӯйӣ намудааст.
Дар ҳамин саҳифа навиштаи устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ Маҳбуба Бобомуродова бо номи «Зебанда туро либоси атлас», ки таҳлили шеърҳои алоҳидаи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар он мавриди таҳлил қарор ёфтаанд, ҷой гирифтааст. Тавре маълум аст, нависанда, корманди нашрияи «Омӯзгор» Шодӣ Раҷабзод ҳафтаи гузашта барои китоби ҳикояҳои «Дасти боло»-и худ барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти адиб дар жанри ҳикоя аз ҷониби ҳамкасби ӯ, нависанда Абдурауф Муродӣ дар саҳифаи 15-и нашрия дар мақолаи «Дасти боло» дастболо шуд, мавриди таҳлили хуби адабиётшиносӣ қарор гирифтааст. Хабарҳои мухбири нашрия С.Муродов ва рӯзноманигор Ҳокими Сафарро дар ҳамин саҳифа хонандагон метавонанд мутолиа кунанд. Ниҳоят, саҳифаи 16-и ҳафтанома бо матолиби «Сарвати волои миллат» ва «Ваҳдати назар дар шарҳи мазмуни таҳсилот» анҷомбахши шумораи навбатӣ мебошанд.
Дар умум, маводу матолиби нашрия дар ин ҳафта хонданию фарогир буда, аз заҳмати муаллифону кормандони нашрия шаҳодат медиҳад.

Навбатдори масъул: Шодӣ Раҷабзод