«ДАСТИ БОЛО» ДАСТБОЛО ШУД!

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо барои арҷгузорӣ ба асарҳои шоистаи адабӣ ва падидаҳои тозаву гаронмояи адабиёт чанд ҷоиза муқаррар шудааст, ки яке аз арзишмандтарини онҳо Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнист. Ин ҷоиза дар ҳар ду сол дар заминаи пешниҳоди коргоҳу муассиса ва созмонҳои адабию фарҳангӣ ва муҳокимаи доираи васеи хонандагон, ҳаводорони каломи бадеъ ва мунаққидону адабиётшиносон соҳибони воқеию арзандаи худро дармеёбад.
Соли равон дар қатори чанде аз адибони муваффақи кишвар нависандаи хушсалиқаву тозагӯй, муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» Шодӣ Раҷабзод низ ба дарёфти ҷоизаи мазкур пешбарӣ шуда буд барои китоби нави ҳикояҳояш «Дасти боло». Ба ҷоизаву мукофоте сазовор донистани қаламкаше, аз як тараф, эътирофи истеъдоду хидматҳои ӯ бошад, аз тарафи дигар, як навъ имтиҳону санҷиши сатҳи ҳунари ӯст дар назди хонандагон. Хушбахтона, давраи баррасии асарҳои пешниҳодшуда ба Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ки беш аз се моҳ идома ёфт, исботи он гашт, ки Шодӣ Раҷабзод имрӯз дар сафи нависандагони комёбу писандидаи кишвар қарор дорад ва хонандагони зиёде ба эҷодиёти ӯ таваҷҷуҳ пайдо кардаанд. Дар дарозои беш аз се моҳ дар маъруфтарин нашрияҳои мамлакат перомуни мазмуну муҳтаво ва арзиши адабии китоби «Дасти боло»-и Шодӣ Раҷабзод (Душанбе, «Ирфон», 2023, 262 саҳ.) аз ҷониби адабиётшиносон ва зиёиён якчанд мақолаи фарогиру таҳлилӣ ба чоп расид, ки ин мақолаҳо аслан як навъ ифодагари муҳаббату эътиқод ва таваҷҷуҳи доираи густардаи ҳаводорони каломи бадеъ ба осори адиб буданд. Муаллифони мақолаҳо умдатарин ҷанбаҳои ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзодро мавриди баррасию арзишдоварӣ қарор дода, ба хулосае расидаанд, ки «Дасти боло» қадами ҷиддии эҷодии адиб ба пеш дар ҷодаи адабиёт буда, аз сайқали маҳорату истеъдоди адабии нависанда гувоҳӣ медиҳад. Адабиётшиноси номвар Шамсиддини Солеҳ дар мақолааш «Назари дигар ба олами ботини инсон» вижагиҳои эҷодиёти Шодӣ Раҷабзодро ба риштаи таҳрир кашида, бисёр мулоҳизаҳои ҷолиб иброз доштааст ва ба хулосае расидааст, ки «Мутолиаи маҷмуаи «Дасти боло» собит месозад, ки нависанда бо камоли масъулият ва ҷиддият ба майдони адабиёт, хоса ба ҷаҳони рангини насри муосири тоҷик ворид гардидааст… Китоби мазкур қадами дигари устувор ва шоистаи Ш.Раҷабзод ба ҷаҳони зебои насри муосири тоҷик мебошад». («Адабиёт ва санъат», №24, 22.06.2023). Дар ҳамин ҳафтанома бо номи «Равоншиноси мардуми деҳ» тақризи амиқназаронаи адабиётшиноси маъруф Ҳафиз Раҳмон ба китоби «Дасти боло» чоп шудааст («Адабиёт ва санъат», №1, 18.05.2023), ки низ андешаву мулоҳизоти ҷолиберо фаро гирифтааст. Ин муҳаққиқи фарохназару пурмутолиа, ки дар баҳодиҳӣ ба осори адабӣ аксаран «хасисӣ» ва хеле сахтгирӣ мекунад, дар ниҳояти гуфтораш перомуни нигоштаҳои тозаи адиб ба чунин хулоса расидааст: «Китоби ҳикоёти «Дасти боло»-и Шодӣ Раҷабзод … падидаи тозае дар рушди ҳикояи тоҷикист. Намунаи бисёр хуби насри деҳ аст. Равонковии амиқ дар офариниши характерҳо ва фардикунонии нутқи персонажҳо исботи андешаи болост».
Иқтибоси зер аз мақолаи адабиётшинос ва рӯзноманигори варзида Шодӣ Шокирзода «Қудрати сухани адиб» («Омӯзгор, №21,25 майи соли 2023) низ бисёр ҷолиб аст ва як ҷанбаи вижаи ҳикояҳои нависандаро ташреҳ мебахшад: «Дар ҳамаи ҳикояҳои адиб (Шодӣ Раҷабзод –А.М.) мушкилоти иҷтимоии мардум ва нигоҳи некбинонаи қаҳрамонҳо дар ҷои аввал қарор дорад. Қудрату тавонмандии сухани нависанда низ дар гиреҳкушоии бандҳои чигилу мураккаби мушкилоти мавҷуда, бозгӯи бетафовутии иддае аз масъулону мақомдорон ба иҷрои рисолати хеш, ки ҳароина аз таъсироти ҷанги шаҳрвандӣ маншаъ мегирад, равшан ҳувайдо мегардад».
Саида Набизода, рӯзноманигор ва муҳаққиқ, дар мақолааш «Дасти боло»-и адиб ва дасти болои ӯ» «Минбари халқ», 31.05.2023) ин китоби нависандаро бо андешарониҳои васеъу бодалел аз назари таҳриру доварӣ гузаронида, Шодӣ Раҷабзодро дар сафи эҷодкорони пешрави кишвар мебинад ва менависад: «Шодӣ Раҷабзод дар номгузорӣ, баёни масъалаҳои мураккаби зиндагӣ, забони фасеҳу ширин, офаридани симои хотирмони қаҳрамон, истифодаи мақсадноки санъатҳои бадеӣ ва пешниҳоди хулосаи дақиқ салиқаи хос дошта, ин ҳама дар маҷмуъ аз завқу дарки баланди нависандагии ӯ шаҳодат медиҳанд».
Ба эҷодиёти Шодӣ Раҷабзод зумрае аз донишмандону адибони маъруфи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Чунончи, устод А.Сатторзода ӯро «адиби маърифатпарвар ва ҳақиқатнигор» номидаасту нависандаи шуҳратёр Юнус Юсуфӣ гуфтааст: «Шодӣ Раҷабзод рисолати адабиёту масъулияти адибро ҳамеша дар ёд дорад ва ҷаҳони кучаки худро месозад». Назари номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос Насриддин Охунзода низ ба эҷодиёти Ш.Раҷабзод хеле некбинона аст…
Адабиёт арсаи пуршебуфароз ва бағоят мураккаб аст ва дар ин арса муваффақ будану чеҳраи хоси худро пайдо кардан ва ба эътирофи мутахассисону хонандагон мушарраф гаштан на ҳар адаберо даст медиҳад. Нигоҳи иҷмолие ба нигоштаҳои аҳли назар перомуни эҷодиёти Шодӣ Раҷабзод ва бавижа, китоби тозанашри ӯ «Дасти боло» бозгӯи он аст, ки ин адиби кӯшову ҷӯё ва фарохназар дар арсаи адаб имрӯз ҷойгоҳе шоиста ва устувор пайдо кардааст.
Нависанда будан дӯшбори гарони маънавӣ доштан аст ва нависандаи асил ҳаргиз барои ба мукофотею ҷоизае сазвор гаштани қалам ба даст намегирад, ӯро ба эҷоди бадеӣ ормонҳояш, хостаҳояш, ҳақталошиҳояш, тарокуми афкораш, ҳисси волои масъулияташ дар назди халқ, Ватан, миллат… вомедоранд. Нависандаи ҳақиқиро шиор ин аст:
Маслиҳати кас напазируфтаам,
Ҳар чӣ дилам гуфт бигӯ, гуфтаам.
Аз мутолиаи батааннии ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзод хонанда зуд дарк мекунад, ки муаллиф чӣ азму нияте дар ҷодаи эҷод дорад ва чӣ неруе ӯро водошта, то қалам ба даст бигирад. Навиштаҳои ин адиби боистеъдод бозтоби меҳру эътиқоди мардум ба диёри маҳбуб, баёнгари дарду армонҳои халқи азизанд. Адиб ба воқеияти зиндагӣ амиқнигар аст, аслу моҳияти рухдодҳои рӯзгоронро дақиқ меҷӯяду дармеёбад, ноҷӯрию ноҳамвориҳои ҳаётро дарк ва бо забони килк ифшо мекунад, тадбир меҷӯяд. Вобаста ба ин таҳия метавон аз ҳар се китоби ҳикояҳои ӯ, ки то ҳол ба чоп расондааст — «Растагорӣ» (2016), «Ранҷиш» (2019) ва «Дасти боло» (2022), фаровон мисолҳо овард…
Шодӣ Раҷабзод дар шумори камтарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик аст, ки ба мавзуи замон, ҳаводису рухдодҳои айёми мо таваҷҷуҳ доранд. Дар инъикоси бадеии ҳаводиси пурихтилофу фоҷиабори солҳои навадуми садаи бисти кишварамон ӯ кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ дода, як силсила ҳикоёти ҷолибу муассир ва ҳикматомӯз офаридааст. Аз мутолиаи ин силсилаи ҳикояҳо ҳар хонанда ба хулосае мерасад, ки ба он ҳаводиси манҳус дигар ҳаргиз набояд роҳ дод ва бояд ҳамеша ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию осоиштагӣ арҷгузор буд.
Онҳое, ки перомуни эҷодиёти Шодӣ Раҷабзод ибрози мулоҳиза кардаанд, дар радифи дигар махсусиятҳои нигоштаҳои ӯ ба забони ҳикояҳояш дахл карда, таъкид бинмудаанд, ки ин адиб бо забони фасеҳу ҷаззоб ва пуробуранг менависад, навиштаҳояшро истифода аз вожаҳову ибораву ифодаҳои дилчасп, зарубулмасалу мақолҳои халқӣ ҳадафрастару муассиртар кардаанд.
Муҳаққиқон, ҳамчунин маҳорати адибро дар сужаороӣ, бандубасти ҳикоя ва ҷамъбасти афкор дар сатҳи баланд муаррифӣ намудаанд.
Шодӣ Раҷабзод дар рушди жанри ҳикоя дар адабиёти муосир хидмати шоиста дорад. Ӯ адибест пурғайрат, пурмутолиа ва фарохназар…
Нависандаи маъруф Густав Флобер зимни эҷоди романи машҳураш «Хонум Бовари», ки беш аз чор сол тӯл кашидааст, ба як дӯсташ номае менависад бо ҳасрат ва ин чанд сатр аз он нома аст: «Чунон хаста шудам, ки гӯё кӯҳеро чаппа карда бошам. Баъзан мехоҳам бигирям. Барои навиштан аслан неруе фаротар аз неруи инсонӣ лозим аст, вале ман ҳамагӣ як инсонам. Баъзан гумон мекунам, ки ба як бор ним сол бояд бихобам, то аз хоб сер шавам. Дар давоми як моҳ бо заҳмати беш аз ҳафтсоатаи ҳаррӯза ҳамагӣ бист саҳифа эҷод мекунам».
Бибинед, чӣ заҳмати тоқатфарсо дорад нависандагӣ!
Барои Шодӣ Раҷабзод низ саҳлу осон нест даст ба эҷоди бадеӣ задану осоре шоиставу ҷолиб эҷод кардан. Пайваста заҳмат мекашад, талош меварзад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то каломаш «сар занад аз дил ба дил коре кунад». Ин дар вазъест, ки ӯ боз фаъолияти рӯзноманигорию таҳиягарӣ ва тарҷумонӣ низ дорад…
Паёми ба Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сазовор гардидани адиб ва рӯзноманигори пуркору хушсалиқа Шодӣ Раҷабзод боиси қаноатмандию болидаруҳии ҳаводорони эҷодиёташ ва умуман тамоми ҳаводорони каломи бадеъ гардид. Ба ин муносибат ӯро бо ихлосу эътиқод табрику таҳният мегӯем ва барояш дар арсаи эҷод комёбиҳои нав таманно дорем.

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»