КУЛЛИЁТИ МАВЛОНО – ОСОРИ МОНДАГОРИ ҶАҲОНӢ

24-уми майи соли ҷорӣ бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти мутафаккир ва шоири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии Куллиёти Мавлоно аз ҷониби кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Ӯзбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО сурат гирифта буд. Хушбахтона, тавассути ин иқдом ашъор ва таълимоти Мавлоно, ки дар ҳофизаи таърихии мардуми тоҷик ҷойгоҳи баланде дошт, имрӯз дар хотираи кулли инсоният низ мақоми шоистаи худро пайдо кард.
Вобаста ба ин воқеаи барои мардуми тоҷик хеле фараҳбахш таъкид мекунем, ки осори Мавлоно аз панҷ адад иборат буда, ҳамаи онҳо таҳти унвони куллиёти ӯ ба феҳристи мазкур ворид карда шуданд. Ин осор чунин аст: «Маснавии маънавӣ », «Девони кабир» («Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ»), «Маҷолиси сабъа», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Мактубот». Дар поин мухтасари тавсифи онҳоро ба хонандагон пешниҳод мекунем.
«Маснавии маънавӣ» асари асосии Мавлоно буда, аз соли 1257 то замони вафоти муаллиф эҷод шудааст, вале нотамом мондааст. Ин асар аз шаш дафтар ва 25685 (ба қавли Афлокӣ — аз 26600 ва Николсон — аз 25632) байт иборат аст. Асар бадоҳатан аз тарафи Мавлоно гуфта шуда, шогирдонаш, хусусан, Ҳусомуддини Чалабӣ онро сабт кардаанд. «Маснавӣ»-ро гоҳе «Қуръон дар забони паҳлавӣ» ва гоҳе «каломи суфиёни шум» гуфтаанд. Ин асар дар пайравии Саноию Аттор навишта шуда, фарогири мавзуоти васеи тасаввуфӣ, фалсафӣ, динӣ ва ғайра аст. Дар баҳодиҳии ҷаҳонбинии умумии Мавлоно Ҷалолиддин «Маснавӣ» ба ҳайси манбаъи нахустин хидмат мекунад, зеро ӯ дар ин асар дар бораи фавқулақлоният (ирратсионализм) аз мавқеи ақлгароӣ (ратсионализм) сухан мегӯяд. «Маснавӣ» соли 2001 бо хатти кириллӣ ба чоп расидааст.
«Девони кабир» ё «Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» аз 42 000 байт иборат аст ва 3502 ғазал, қасида, тарҷеъот ва муқаттаот ва 1995 рубоиро дар бар мегирад. Дар он аз нахустин шеъри Мавлоно бо матлаи «Оҳ, аз он рухсори барқандози хуш маҳпорае», ки дар 38-солагии муаллиф гуфта шудааст, то охирин шеъри ӯ бо матлаи «Рав, сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун» фароҳам омадаанд. Ин ашъор, асосан, барои авҷ гирондани самоъ эҷод шудаанд. «Девон» солҳои 2007-2009 бо хатти кириллӣ ба чоп расидааст.
Асари мансури Мавлоно «Маҷолиси сабъа» нисбатан хурдтар буда, мавъизаҳои Мавлоно — мавзуоти дар вохӯриҳои ӯ бо доираи васеъи мардум матраҳшударо дар бар мегирад. Тибқи баъзе маълумот, ин китоб агарчи мазмуни суфиёна дорад, то вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ, аз замони бистсолагии муаллиф нигошта шудааст. Матни «Маҷолиси сабъа», ки онро шогирдони Мавлоно ҳангоми маҷлисҳои вазъи Мавлоно сабт кардаанд, тахминан дар байни солҳои 1291-1312 аз ҷониби писари ӯ – Султонвалад бозхонӣ ва таснифи ниҳоӣ ёфтааст.
Асари мансури Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Фиҳи мо фиҳи» ё «Фиҳи мо фиҳ» дар шакли дастхат дар солҳои 716 – 751 ҳиҷрии қамарӣ дар Осиёи Сағир (Туркияи имрӯза) интишор гардида, нусхаҳои он дар китобхона ва осорхонаҳои кишварамон маҳфузанд. Дар замони муосир асари мазкур се бор дар шакли комил ва як бор дар шакли гузида аз он дар Эрон ба табъ расидааст.
Доир ба мундариҷаи «Фиҳи мо фиҳи» муҳаққиқон ақидаҳои гуногун баён кардаанд. Аз ҷумла, Бадеъуззамони Фурӯзонфар онро шарҳи «Маснавии маънавӣ» донистааст. Муҳаққиқи дигар Ҷаъфар Мударрис Содиқӣ баръакс, онро муқаддима ба «Маснавӣ» хонда, менависад, ки хонанда Мавлоноро дар «Фиҳи мо фиҳи» бепарда мебинад. Мавлоно дар ин асари худ савол мегузорад ва ба он ҷавоб мегӯяд, ҳадисе меорад ва онро шарҳ медиҳад. Ба ин сабаб забони асар намунаи дурахшони соданависӣ ва «ёдовари насри покизаи асри Сомонӣ»-ст.
Тазаккур бояд дод, ки номаҳои Мавлоноро шогирдон ва фарзандону ёру дӯстони ӯ ҷамъ оварда, дар шакли китоби алоҳидае ҷилд кардаанд. Дастхатҳои ин муҷаллад дар китобхонаҳои Туркия маҳфуз буда, дар шакли китоби алоҳида дар соли 1356 ҳиҷрии қамарӣ дар Истанбул ба чоп расидаанд. Баргардони номаҳо аз хатти форсии арабӣ ба хатти кирилиасоси тоҷикӣ дар асоси ҳамин нашрияи эронӣ ба анҷом расида, ин китоб соли 2017 бо хати кирилиасоси тоҷикӣ ба чоп расидааст.
Қисмати асосии китоби «Мактубот» фарогири 144 мактуб ё номаҳои Мавлоно ба фарзандон, хешу табор, ёрону дӯстон, амирону вазирон, малику маликаҳо ва ё ашхоси дигар аст. Ба ин шумора ҳамчунин чанд мактубе дохил мешавад, ки шояд ба худи Мавлоно аз ҷониби касони дигар навишта шуда бошанд ё нома набуда, мулоҳизоти сабтшудаи муаллифро оид ба ин ё он мавзуъ дар бар мегиранд, ё дар чанд маврид такрори ҳамдигаранд.
Чанд сухани боло дар бораи осори манзуму мансури Мавлоно шаҳодат аз он медиҳанд, ки осори боқимондаи ӯ аз ҳама ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ буда, таҳлил ва баррасии онҳо барои таснифи мукаммали таърихи фалсафаи Шарқи мусулмонӣ аҳамияти беандоза бузурге дорад. Аз ин рӯ, бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани он барои кулли инсоният як воқеаи дар ҳақиқат ҳам пураҳаммият ба шумор меравад.

Хуршед ЗИЁӢ,
Профессор