САДОҚАТИ ОМӮЗГОРИ БОҲИММАТ

Садриддин Ҳасанзода хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) аст. Вай аз овони мактабхонӣ хабару мақолаҳо навишта, онҳоро аввал дар газетаи девории мактаб, баъдтар дар рӯзномаи ноҳиявии “Мубориз” чоп менамуд. Дар давраи донишҷӯӣ бо адибони навқалами ҳамдеҳааш Абдулҳамид Самад ва шодравонҳо Ғоиб Сафарзода, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, Раҷаб Мардон ҳамтабақу ҳамсабақ гардида, меҳру муҳаббати эҷодкорӣ дар қалбаш боз бештар реша давонд. Ӯ баъди хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта, ба касби омӯзгорӣ машғул гардид. Баъдан, муддати 23 сол сарварии мактабҳои №6 ва №56-ро ба уҳда доштааст. Дар ин давра шогирдони зиёде тарбия менамояд, ки дар соҳаҳои гуногуни кишвар то ҳол фаъолият доранд. Баъди солҳои навадуми қарни гузашта озими пойтахт гашта, солҳои зиёд ба ҳайси директори шабакаи аввали ТВТ, ТВ “Баҳористон”, мушовири муовини аввали раиси Маҷлиси Олии ҶТ, мудири шуъбаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” иҷрои вазифа намудааст.
С.Ҳасанзода дар ташкили корҳои ободкориву созандагӣ майлу рағбати зиёд дорад. Бо ибтикори ӯ соли 1978 пайроҳаи гузари деҳаи Дашти Дилои Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Восеъ сохта шуд ва солҳои баъдӣ таъмиру тармими мактаби №56-ро анҷом дод. Дар кандани чоҳи об аз маркази деҳа ба ҷои бехавф кӯчонидани беморхонаи амрози сил саҳми бевосита гирифтааст. Соли 2013 бо кумаку дастгирии фарзандон ва пасандозҳои ҷамъкардаи худ нияти зиёрати хонаи Худо намуда буд. Боре барои дидорбинии хешу табор ва дӯстон ба зодгоҳаш меояду аз дохили нақлиёти мусофирбар чашмаш ба як теъдод тифлакони мактабхони синфҳои ибтидоӣ мерасад, ки дар ҳавои тафсон бо кӯлборҳои мактабӣ дар пушт бо машаққат ба самти мактаб, ки дар масофаи ду километр дур аз деҳа қарор дорад, дар ҳаракатанд.
Бо ҳамин аз сафари Макка даст кашида, ба бунёди мактаби ибтидоӣ оғоз менамояд. Дар як муддати кӯтоҳ мактаб сохта ва ба истифода дода шуд, ки то имрӯз ҳазорҳо мактаббачаи атрофу акнофи он ин даргоҳи илму маърифатро хатм менамоянд.
Чанд сол пеш дар деҳа хабари бо мусоидати роҳбарияти вақти ноҳия ба савдо расидани бинои ягона Қасри фарҳанги деҳа паҳн гардид. Ин хабари даҳшатбор ба гӯши устоди фарҳангдӯст расидан баробар бонги хатар аз ҷониби ӯ баланд гардид. Даҳҳо идораи ноҳиявию вилоятӣ аз ҷониби ӯ кӯфта шуд, аммо касе ба доди ӯ нарасид. Дар як муддати кӯтоҳ ғосибон бомпӯш ва қисме аз утоқҳои онро канда бурданд. Устод дар ин ҷабҳа низ истодагӣ намуда, шикоят ба мақомоти олии кишвар бурд. Танҳо баъд аз ин пеши роҳи талаву тороҷ гардидани Қасри фарҳанг гирифта шуд. Айни замон бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншоот ба рӯйхати иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ ворид гардидааст ва бо дастгирии бевоситаи вазири молияи кишвар, муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар масъули ободкориҳои ноҳияи Восеъ мебошад, эҳёи Қасри фарҳанги валангор аз нав оғоз мегардад.
Илова бар ин, бо ибтикору талошҳои С. Ҳасанзода ва бо дастгирии шогирдони устод, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби №50 таъмиру тармим гардид. Феълан дар мактаби №56, ки онро аз ҳисоби пасандозҳояш сохта буд, сохтмони бинои нави иловагӣ идома дорад.
Айни замон устод бо як зумра шогирдони ҳамақидааш ба даъвати мардуми се деҳа — Кадучӣ, Ғаллазори ноҳияи Восеъ ва деҳаи Сартези ноҳияи Темурмалик ҳамовозӣ намуда, дар корҳои барқароркунӣ ва сохтмони роҳи байни деҳаҳо ҳамкорӣ дорад. Сухан ин ҷо аз мушкилоти истифодаи замин ва роҳ дар Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ ва як қисм деҳаҳои ноҳияи Темурмалик меравад. Роҳи мошингарди байни деҳаҳои Кадучӣ, Ғаллазор, Хоҷа Сартез ба сабаби мушкилоти гуногун беш аз сӣ сол бе таъмир монда буд ва бар асари барфу боронҳову гармии фасли тобистон корношоям гардида буд. Ҳаракати нақлиёт ва мусофирону роҳгузарон дар ин роҳ натанҳо мушкил, балки хатарнок гардида буд.
Вобаста ба ҳолати ногувори роҳ сокинони деҳаи Ғаллазор бештар масъулият ҳис намуда, мактубе бо имзои 35 — нафараи сокинони деҳаро омода карда буданд, аммо ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонистанд. Дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 2022 ду нафар сокини деҳаи Ғаллазор Пирӣ Носиров ва Саид Азимов бо ҳамон мактубашон ба суроғи устод ба пойтахт омаданд. Баъди табодули назар устод маслиҳат дод, ки шумо аз пайи кор шавед, мо чорае мекунем. Устод бо шогирдон ба қабули вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азим Иброҳим рафт.
Вазир ҳайатро хуш пазируфту дар омади сухан шарҳ дод, ки роҳҳои маҳаллӣ дар тавозуни ноҳияҳо мебошанд ва онҳо вазифадоранд роҳҳоро нигоҳубин намоянд. Вазорат метавонад дар таъмини техникаҳои роҳсозӣ ва сангу шағал мадад расонад. Баъди ин роҳнамоиҳо устод роҳи ноҳияро пеш гирифт ва бо раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода ҳолати мавҷудаи роҳҳои зикршударо диданд. Онҳо пиёда 3-4 км минтақаи хароби роҳи пуразобро дар гармои моҳи июн, ки ба 50 дараҷа дакка мезад, то маҳалли Ғаллазор тай карданд. Рӯзи дигар устод ва шогирдон, аз ҷумла, банда, Ҷумъахони Муъмин, Гурези Азим, Искандари Носир барои вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ғаллазор, Сартез, Қиблаӣ ва Қуштеппа раҳсипор шудем. Дар мулоқот раисони ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъ низ ҳузур доштанд. Устод дар баробари роҳбарон ва ҳайат боҳарорат сухан гуфта, сокинони деҳаҳои зикршударо бовар кунонид, ки агар мардум сарҷамъу яктан бошанд, бо дастгирии раисони ноҳияҳо ва Вазорати нақлиёт роҳро аз нав эҳё карда метавонем. Баъди суханҳои ҳаяҷонбахши ӯ ва ҳамсафаронаш мардум дилбастагӣ ва омодагии худро барои бунёди роҳи муҳим иброз доштанд. Чунин мулоқотҳо бо 140 нафар соҳибкор, ки дар талу пеппаҳои деҳаҳои Ғаллазор ва Сартез аз як то сад гектар замин доранд, дар маҷлисгоҳи мактаб — интернати хонандагони болаёқати деҳаи Кадучӣ баргузор шуд.
Баъди ин 16 сентябри соли 2022 оғози расмии таҷдиди роҳи Кадучӣ – Ғаллазор — Сартез бо иштироки роҳбарону соҳибкорон, аҳли уламо, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва гурӯҳи корӣ сурат гирифт, ки дар он намояндагони васоити ахбори омма иштирок ва онро дар матбуот ва оинаи нилгун пахш намуданд. Баъди ду ҳафта дар сохтмони роҳ пешравиҳои куллӣ ба вуҷуд омад: роҳ тахту ҳамвор гардида, аз он ҷару ғор ва вартаҳои ҳалокатбор нишоне намонд. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз пешравиҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои роҳи мазкур 20 тонна мазут ваъда дод. Инак бо гузашти се моҳ тарҳи роҳи мазкур омода шуда, феълан хобонидани лӯлаҳои обпарто ва новҳои лаби роҳ идома дорад.
Ҳамин тавр, нависанда С.Ҳасанзода дар талу барзанҳои кӯҳдомани деҳаҳои Кадучӣ, Ғаллазор, Сартез хастагиро эҳсос накарда, бо маром дар татбиқи сиёсати созандаву ободкоронаи Сарвари давлат дар ҷабҳаи таъмину амнияти озуқаворӣ ва роҳсозӣ гом мезанад ва азму талош дорад. Барои ӯ ширкат доштан дар ин кори хайру савоб ифтихор ва сарбаландӣ маҳсуб мегардад. Ҳам бо панд, ҳам бо гуфтору рафтори намуна, ӯ барои мо — шогирдон, ҳамдиёрон намунаи олии инсонӣ, оинаи ибратомӯзӣ ва шукргузорист.
Устоди меҳанпарвар манзили зисти худро бо қарори МИҲД ноҳияи Восеъ ба китобхонаи оммавӣ табдил намуд, ки ҳамарӯза даҳҳо нафар толибилм аз ин махзани илму маърифат баҳравар гардида истодаанд. Мардуми минтақаи Кӯлоб барои ҷонфидоиҳо ва садоқатмандиҳои ин омӯзгори боғайрату боҳиммат хушнуданду офаринаш мехонанд. Устод дар баробари ин ташвишҳо дар боби эҷод низ хеле сермаҳсул буда, то имрӯз 33 асари илмӣ-оммавӣ, бадеӣ, воқеӣ ва саргузаштии пурмуҳтаворо иншо намудааст.
С.Ҳасанзода замони дар Кумитаи телевизион ва радио фаъолият карданаш дар офаридани 15 филми мустанади телевизионӣ, аз ҷумла, “Марди ҷонфидо”, “Умри барқ”, “Аҳорун”, “ Суруди зиндагӣ”, “Фарас”, “Ҷилои шамшер”, “Тахти Сангин”, ”Ҳулбук” ширкати бевосита доштааст.
Устод на танҳо бо навиштаҳояш, балки бо амалҳои ҳаррӯзаву садоқатмандонааш ибрати ҳамагон, сарбози аслии ҳақиқатхоҳу ҷонфидои сиёсати ободкоронаи Сарвари давлат аст.

Азизулло МИРЗОЗОДА,
узви ИЖТ