Тоҷикистон дорои водиҳои сарсабз, рӯдҳои хурӯшон, кӯлу дарёҳои обҳояшон ширин, кӯҳҳои қуллаҳояш ба осмон расида, манбаи пиряхҳои бузург аст. Тоҷикон миллати хушбахтанд, ки дар саргаҳи обҳо қарор доранд. Чунон ки маълум аст, бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва рӯ ба рушди устувор ниҳодани он имкон фароҳам омад, ки кишвари моро дар ҷаҳон ҳар чӣ бештар бишносанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон афзалият дода, дар Паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид менамоянд, ки мо бояд дар масири шинохтамон ба ҷаҳони кунунӣ, дар баробари ширкат дар баррасии таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон рушди ҳамаҷонибаи сайёҳиро ба роҳ монем. Ҳамин талошҳои Сарвари давлат буд, ки соли 2008 дар Ҷаласаи ҳабдаҳуми Умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Колумбия баргузор гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмон гардид. Дар ин радиф Тоҷикистон харитаи сайёҳиро бо дарназардошти чунин имконот муаррифӣ кард: се фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб. Марзи мамлакатро аз ғарб ба шарқ се хатти роҳи оҳан мегузарад: тавассути он сокинони шимолу ҷануб ва маркази мамлакат рафтуомад намуда, молу колои худро интиқол медиҳанд. Хатсайри роҳи оҳани Тоҷикистон аз ҳудуди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон гузашта, ба самти Қазоқистону Русия ва ба ин восита ба давлатҳои собиқ шуравӣ ҳаракат мекунад.
Пайвастани Тоҷикистон ба узвияти Созмони сайёҳии ҷаҳонӣ дар соли 2008 имкон фароҳам овард, ки солҳои оянда теъдоди сайёҳон дар кишвари мо бамаротиб афзоиш ёбад. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат ба бунёди иншооти сатҳи ҷаҳонӣ оғоз карда, онҳоро манбаи даромад ва сарчашмаи муаррифии кишвар хонд. Дар даҳ соли ахир таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ 125 иншооти махсуси сайёҳӣ, аз ҷумла, 51 меҳмонхона, 9 осоишгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ сохта шуд. Барои истиқболи сатҳи баланди сайёҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат шароити боз ҳам хубтар муҳайё карда шуд. Дар даҳсолаи дувуми асри навин сайёҳӣ дар мамлакат рӯ ба рушд ниҳод. Тоҷикистон аз 80 кишвари ҷаҳон сайёҳонро пазируфт. Аз маълумоти оморӣ маълум аст, ки соли 2019 ба кишвари мо 1,3 миллион сайёҳ ташриф оварданд, ки ин қадамҳои устувор дар соҳаи туризм дониста шуд. Пайдоиши «Ковид-19» ба рушди туризми ҷаҳонӣ монеаҳоеро рост овард, ки ин ба вуруди сайёҳон дар солҳои оянда таъсири манфӣ гузошт, аз ин нигоҳ ин омор дар соли 2021-ум 999,3 ва соли 2022-ум 296,3 ҳазорро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, таваҷҷуҳи хориҷиён ба мамлакати мо кам нагардид, минтақаҳои сайругашт, кӯлҳо, дарёҳои хурӯшон, кӯҳҳову кӯҳнавардӣ (алпинизм), манбаъҳои обҳои шифобахш ва ғайра сайёҳонро дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон ба ваҷд оварда буд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту рушди сайёҳӣ дар мамлакат, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи туризм ибтикори хеле созандае нишон доданд. Пешвои миллат солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ин иқдоми наҷиб имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат ва берун аз он тадбирҳои дорои хусусиятҳои миллӣ доир гарданд. Дар мамлакат 44 ширкати сайёҳӣ вобаста ба рушди мунтазами туризм таъсис ёфта, ба онҳо имкони фаъолияти доимӣ дода шуд. Ин иқдом шароит муҳайё кард, ки фаъолияти кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтар ба роҳ монда шавад. Тамоми фаъолиятҳои расмии Кумита ва зерсохторҳои он оғоз аз вуруди сайёҳон, ҷалби онҳо, ҳуҷҷатгузориҳо, роҳнамоиҳо ба ҷойҳои дилхоҳу писандида, таъмини нақлиёт, роҳбаладҳо, таъмини тарҷумонҳо, дар умум, муҳити пур аз печутоби соҳаи туризм сода гардонида шуд. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020» қабул гардид. Фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат дар солҳои охир чанд ҳуҷҷати ҳамкориро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба хотири фаъолиятҳои мутақобила ба имзо расонид. Созишномаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия имкон фароҳам оварданд, ки фаъолияти инфрасохторҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамкории мутақобилаи судмандро бо Тоҷикистон беҳтар ба роҳ монанд.
Ҳоло дар мамлакат тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, то сайёҳӣ бо имконоти воқеие, ки вуҷуд дорад, на танҳо рушди бовусъат касб кунад, балки ба соҳаи фоидаовар мубаддал гардад. Барои ин замина танҳо муаррифии ҳадафмандона метавонад мусоидат намояд. Коршиносон ба ин назаранд, ки солҳои ахир сафи сайёҳони кӯҳнавард ва шикорчиёни ҳайвоноти нодир хеле афзудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои кӯҳҳои сарбафалаккашида аст, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 300 то 7495 метр ҷойгиранд. Бадахшони Тоҷикистонро барҳақ «Чатри симини замин» меноманд. Қуллаҳои баландтарину дастнораси он, ки аз 2800 то 7495 метр иборатанд, кӯҳнавардонро ба ваҷд овардааст. Онҳо аз масири сайёҳӣ ҳаракат карда, то ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Евгений Корженевский мерасанд. Барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад, ҳар сол фасли тобистон аз тамоми гӯшаву канори дунё кӯҳнавардони ботаҷриба ҷамъ меоянд. Алъон дар ҷаҳон сайёҳии вазъи фавқулода дар баландкӯҳҳо, ки дар он ҷойҳо ҳолатҳои ғайриинтизор (эстремалӣ) зуд-зуд рух медиҳанд муд шудааст. Сайёҳон дар чунин ҳолатҳо технологияи муосир ва нерӯи инсониро ба маъраз гузошта, таҷриба иваз мекунанд. Кӯҳҳои Бадахшон барои сайёҳоне, ки мехоҳанд харсангҳоро фатҳ кунанд, хеле муносиб аст. Бино бар он, ҳамасола теъдоди зиёди чунин сайёҳон, ки аз тамоми дунё дар пояи деворҳои сангини кӯҳҳо ба хотири фатҳи харсангҳо ҷамъ меоянд, варзиши кӯҳӣ ном гирифтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи захираи обҳои ширин дар минтақа дар ҷойи аввал қарор мегирад. Захираи обии кишварҳои поёноб ба пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлҳои он вобастагӣ дорад. Ҳоло дар ҳудуди кӯҳҳои Помир ҳазор пиряхи бузургу кӯчак вуҷуд дорад. Ҳамзамон Искандаркӯл, Зоркӯл, Рангкӯл, Қарокӯл, Ҳафткӯл, Шӯркӯл, Булункӯл ва Сарез манобеи обҳои ширин буда, ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ дар ин минтақаҳо истироҳат мекунанд. Сайёҳони хориҷӣ ба манбаъҳои обҳои маъдании кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳар сол аз Амрико, Канада, Австралия, Англия, Олмон, Россия ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи мо — Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ҳазорон нафар сайёҳ дар осоишгоҳҳои «Хоҷа Обигарм», «Шоҳамбарӣ», «Зумрад» ва «Ҳавотоғ» истироҳат карда, саломатии худро барқарор мекунанд. Дӯстдорони осишгоҳҳои «Гармчашма», «Шоҳдара» ва «Башор», ки дар ВМКБ ҷойгиранд, асосан кӯҳнавардон ва сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Сайёҳони хориҷӣ аз минтақаҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, аз ҷумла, Чилдухтарон, Ҳулбук, Золи Зар, Тахти Сангин, Хоҷа Дурбат (вилояти Хатлон), қалъаҳои Муғ (Хуҷанд), маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд, қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, петроглифҳо-сангнигораҳои ноҳияи Ашт, шаҳри бостонии Саразм, қалъаи «Қаҳ-қаҳа» ва мавзеи «Чил ҳуҷра»-и ноҳияи Шаҳристон, маҷмааи фарҳангии Қалъаи Ҳисор ва ҷойҳои таърихии дигарро тамошо мекунанд.
Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори литсейи №3 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе