????????????????????????????????????

ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ВА РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Мафҳуми “технологияи педагогии таълим” бо дарназардошти талаботи замони муосир дар таҳсилоти ватанию хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳи вижаи мутахассисони соҳа қарор гирифта, перомуни он фикру ақидаҳои зиёд иброз дошта шудаанд.
Фарҳангӣ – таърихи инкишофи психологии инсон Л. С. Виготский тавассути заҳматҳои зиёдаш дар бунёди ғояи “технологияи рушди таълим” саҳми меҳварӣ дорад. Ин олими маъруф бар он назар аст, ки тадқиқгарони илми педагогика бояд на ба дирӯз, балки ба ояндаи инкишофи кӯдак мутаваҷҷеҳ шаванд. Он вақт имкони дар раванди таълим пайдо шудани вазъе мегардад, ки равандҳои инкишоф дар “минтақаи наздиктарини рушд” фароҳам биёянд. Мазмуни “минтақаи наздиктарини рушд” ба ин маъност, ки дар марҳалаҳои муайяни инкишоф кӯдак метавонад супоришҳои таълимиро бо калонсолон ва дар ҳамкорӣ бо кӯдакони дигар иҷро намояд.
Аз ҳамин сабаб таълимро бояд тавре ба роҳ монем, ки хонанда ба натиҷаҳо бештар ноил гардад, ба монеа дучор нашавад. Дар он сурат нақши хонанда дар омӯзиш эҷодкорона буда, натиҷааш барои ӯ самарабахш аст.
Омӯзгори технология (таълими меҳнат) – ро зарур аст, ки ба технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ шинос бошаду онро дар раванди таълим истифода барад, чунки технологияи инноватсионӣ имкони хубест барои раванди гузариш.
Зарур аст, ки омӯзгорони технология (таълими меҳнат) аз пешравиҳои технологияи иттилоотӣ бохабар бошанд ва онҳоро ба хонандагон фаҳмонида тавонанд. Ин барои баланд бардоштани самараи кори омӯзгорон ва сифати таълим таъсири амиқ мерасонад ва таълим дар муассисаҳо хуб ба роҳ монда мешавад.
Фанни технология (таълими меҳнат) дар андешаи хонандагон донишҳои политехникиро ташаккул дода, онҳоро бо техникаи нав, технологияҳои муосири коркарди масолеҳ шинос менамояд. Дар раванди омӯзиши ин фан, хонандагон касби ояндаи худро бошуурона интихоб намуда, ба кори истеҳсолӣ шинос мешаванд. Кор дар инкишофи истиқлоли хонандагон, ташаккули маданияти ахлоқӣ, зебоипарастӣ ва экологии онҳо нақши муҳим мебозад. Дар айни ҳол, зарурати ташкил намудани раванди таълим дар асоси технологияҳои иттилооотию коммуникатсионӣ, ки ба сифати сарчашмаҳои ахбор бештар воситаҳои электронӣ, пеш аз ҳама, шабакаҳои глобалии технокоммуникатсионии Интернет истифода бурда мешавад, муҳим мебошад. Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) на танҳо омӯхтани маводи таълимиро осон мегардонад, балки барои рушди маҳорати эҷодии хонандагон чунин имконотро ба вуҷуд меорад: масалан, омӯзгор дар раванди машғулият бо хонандагон метавонад, ки бо истифодаи компютер дарси назарии худро нишон диҳаду ба таври амалӣ кор кунад.
Самимият, донишазхуд-кунӣ, озодандешӣ, эҳтироми шахсият ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, истифодаи имконоти мавҷуда, ҳам-корию муносибати самимо-наву инсондӯстона, сатҳи баланди камолоти маънавӣ, мустақилият, ошкор гар-дидани лаёқат, истеъдод ва адолатшиносӣ – ин аст феҳристи нотамоми он сифатҳое, ки шахсият аз овони хурдӣ тавассути истифодаи усулҳои инноватсионии таълим ва омилҳои асосии он ба даст оварда метавонад.

Акобир РИОЕВ,
корманди ДҶТИБКСМ