МИНТАҚАИ КӮЛОБ: ТАЪМИР ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАД

Ҳамасола баъди анҷоми соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ омодагиҳо ба соли нави хониш оғоз мегардад. Чанде пеш бо ҷараёни омодагиҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шудем. Мутаассифона, барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ то имрӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, 30%-и маблағҳое, ки ба нақша дароварда шудааст, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас нашудаанд. Бояд гуфт, ки имрӯз 65-70%-и қисми дохилии биноҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз таъмири ҷорӣ бо ёрию дастгирии падару модарон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша бароварда шудаанду бас. Сариқтисодчии шуъба А. Шарифов дар бораи вазъи корҳои таъмиру тармимии муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб, маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъалаи таъмири хушсифат ва омодагии саривақтии муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили нав таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, 2 млн. 336 ҳазору 715 сомонӣ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимии шаҳр ҷудо намудааст. Айни ҳол 698 ҳазору 500 сомонӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидааст. Мавсуф ҳамзамон гуфт, ки маблағи ҷудогардида нақшабандӣ карда шудааст ва то охири сол ба муассисаҳои таълимӣ дода мешавад.
Барои сари вақт анҷом додани таъмири ҷорӣ ҳамасола аз ҳисоби АВО-и мактабҳо то 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, ба ҳамин самт равона карда мешуд. Соли ҷорӣ бошад, мутаассифона, баъди барҳам хӯрданӣ АВО-и муассисаҳои таълимии шаҳр, дар самти таъмири хушсифати муассисаҳои таълимӣ саҳми падару модарон ва соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ дида намешавад. Бо намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр аз фурсати муносиб истифода намуда, аз вазъи таъмири муассисаҳои таълимии №1, 3,9,11, 21,36 ва 51 шинос шудем. Дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимии №36 омӯзгорону кормандони хоҷагии мактаб машғули тоза кардани роҳравҳо буданд. Тавре ки сарвари таълимгоҳ Т. Нурматов иттилоъ дод, барои таъмири бинои мактаб аз тарафи буҷаи ҳокимияти шаҳр маблағи муайяне ҷудо шуда бошад ҳам, то ҳол онро дастрас накардаем ва барои аз таъмири ҷорӣ баровардан ва ба соли нави хониш омода намудани мактаб маъмурияти мактаб ба соҳибкорони маҳаллӣ муроҷиат намуда, дар ҳамкорӣ ба қадри имкон қисмати дохилии бинои асосиро аз таъмир баровардаанду бас ва дигар маблағ надоранд, ки таъмирро дар қисмати берунии бино давом диҳанд… Бояд гуфт, ки ҳолати хуби таъмирро дар муассисаҳои таълимии №1 (директораш Н. Ҳайдарова), №3 (директораш Қ. Ҳакимзода), №51 (директораш Н. Ҳақназаров), литсейи №1 (директораш П. Сабуров) ва кӯдакистони №7 (Л. Назарова) мушоҳида намудем. Аммо вазъи таъмиру тармими муассисаҳои таълимии деҳот ташвишовар аст. Набудани маблағи таъмир дар сметаи хароҷоти муассисаҳои таълимии деҳоти Кӯлоб боиси сифати пасти таъмир мегардад. Умеди ягонаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба маблағи ҷамъоваринамудаи шахсони саховатпешаи маҳаллӣ мебошад. Баъди ба истиқлоли молиявӣ гузаштани муассисаҳо (маблағгузории сарикасӣ), проблемаҳои нарасидани маблағ дар сметаи хараҷотии мактаб барои таъмир пайдо шудааст. Имрӯз мушкилоту проблемаҳои мактабҳоро роҳбарони мактабҳо ва омӯзгорону падару модарони хонандагон аз рӯи имконоти мавҷуда ҳал мекунанд. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Баҳодур Давлатзода мегӯяд, имсол аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия 669 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби АВО-и муассисаҳои таълимӣ 213 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни ҳол, 193 ҳазор сомонӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардида, маблағгузорӣ дар ин самт давом дорад. Мо бо роҳбаладии муовини раиси ноҳия Н. Ғоибзода ва мудири шуъба Б. Давлатзода ба рафти ҷараёни таъмиру тармими муассисаҳои таълимии ноҳия шинос шудем. Дар муассисаи таълимии №1 (директораш Д.Бобоев) тамоми синфхонаҳо таъмир гардида, корҳои таъмирӣ дар роҳравҳои бино босуръат давом дошт. Директори муассиса Д.Бобоев иброз намуд, ки аз 30 000 сомони ҷудонамудаи ҳукумати ноҳия то имрӯз чизе нагирифтаанд. Танҳо бо дастгирии АВО-и мактаб ва соҳибкори маҳаллӣ муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Директори мактаби №12 М. Кобулиев дар хусуси корҳои ободонию кабудизоркунӣ маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, ки бо маблағгузории АВО-и мактаб, ки 11 ҳазор сомониро ташкил мекунад, бо кумаки омӯзгорону коркунони хоҷагӣ синфхонаҳои мактабро аз таъмир бароварданд ва дар қисмати берунии бино аз тарафи шахсони соҳибкор корҳои таъмириро бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд. Дар муассисаи таълимии №14 (директораш Ш. Хоҷаев) сифати таъмири деворҳо ва рангубори фарши синфхонаҳо хуб буд. Омӯзгорону кормандони хоҷагии мактаб бо роҳбарии мудири хоҷагии муассиса корҳои таъмириро дар роҳравҳои бино иҷро мекарданд. Аз ҳисоби маблағгузории АВО-и мактаб барои таъмири синфхонаҳо 6200 сомонӣ ҷудо гардида, таъмири хушсифат анҷом шудааст. Бояд гуфт, ки таъмиру тармим дар қисмати дохилии бинои муассисаҳои таълимии № 13,14,15,16,17,28,31,33,43,45,49,52 ва 55 пурра ба анҷом расидааст.
Ноҳияи Фархор яке аз ноҳияҳои калонтарини минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия айни ҳол 70 муассисаи таълимӣ ва 10 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сари вақт ба соли нави таҳсил омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия ва аз таъмири хушсифат баровардани онҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 421 ҳазору 687 сомонӣ ва аз ҳисоби АВО-и муассисаҳои таълимӣ 393 ҳазору 357 сомонӣ ҷудо намудааст. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Лутфулло Мирализода иттилоъ дод, то имрӯз 60 фисади шумораи муассисаҳои таълимӣ, қисмати дохилии синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардаанд. Дар муассисаҳои таълимии №№1,3,7,13,15,23,26 ва 57 аз ҳисоби маблағҳои АВО-и муассисаҳои таълимӣ ва бо қувваи омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмириву ободкорӣ бо маром идома ёфта истодаанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб