ХАТАР БА АРЗИШҲОИ УМУМИИНСОНӢ

Сарчашмаҳои асосии пайдоиши терроризмро метавон ба ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ ва маънавӣ вобаста донист. Терроризм амали зӯроварии ғайрилегалии муташаккилона буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади он тарсонидан, ноумед кардан ва ба ақидаву идеологияи зиддибашарии худ мутаваҷҷеҳ гардонидани одамон мебошад.
Дар замони муосир, ҷараёнҳои диние вуҷуд доранд, ки зӯровариро таблиғ менамоянд. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши терроризм буҳрони ҷомеаи муосир ва халал ёфтани арзишҳои ҳуқуқӣ ва умумиинсонӣ мебошад. Таври мисол, дар як қатор мамолики Шарқ наврасонро дар руҳияи шиорҳои террористӣ тарбия карда, аз давраи хурдӣ дар ниҳоди онҳо ба ҷойи парвариши маърифату маънавиёт, сар хам намудан ба зӯровариро меомӯзонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 ноябри соли 2000 дар суханронии худ дар ин маврид чунин изҳор дошта буданд:
“Хатари паҳн гардидани тамоюли ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ дар минтақа мавриди нигаронии махсуси кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ гардидааст. Ин рухдодҳо, ки мутаассифона, бештар таҳти шиорҳои исломӣ зуҳур мекунанд, дар асл бо ҳадафҳои волои таълимоти исломи ҳақиқӣ, ки ба сулҳдӯстӣ, созандагӣ ва таҳаммул ҳидоят мекунанд, ҳеҷ умумияте надоранд”.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардидааст.
Яке аз мушкилоти умдаи замони муосир тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист.
Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ-нохоҳ тафаккури ғуломона дошта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Мавриди зикр аст, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза — экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Аз ин ҷост, ки солҳои 2018 — 2019 дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд бо иштироки намояндагони даҳҳо давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзуъҳои «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ва «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» баргузор шуд.
Ба вуҷуд омадани экстремизму терроризм, ҳукмҳои мақсадноки фарҳангӣ, омезиши тамаддунҳо, аз байн рафтани миллатҳо, омилҳои барангехтани кинаву адоват ё низоъҳои миллӣ –нажодӣ ва даҳҳо мушкили дигар таъсиргузор ба зиндагии оламиён гардидааст. Дар ин раванд ба сабабҳои гуногун ва омилҳои печ дар печ, андешаҳои бегонапарастӣ дар тафаккури иддае аз мардумони мо ҷо гирифта, онҳо гирифтори ақида ва идеологияи бегонагон гардидаанд.
Дар ин айёми ҳассос моро зарур аст, такя ба андешаи миллӣ намуда, дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва кӯчактарин мавод аз институтҳои бузурги идеологӣ пурсамар истифода намоем.

Сабоҳат МАҲМАДҚУЛОВА,
омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ