ДУРАХШИ АБАДИИ ОФТОБИ ВАҲДАТ

Се нафар – Дилрабо, тарроҳ ва роҳбари идора аз субҳ барои омода кардани табрикномаҳои идона барои ҷашни Ваҳдати миллӣ заҳмат мекашиданд. Баъди нимаҳои рӯз корро ба сомон расониданд, танҳо як марҳалаи дигар монд: дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардани мусаввараҳои зебо. Аҷаб манзараи зебоеро тасвир карданд дар ин расм-табрикномаҳо: Дар осмони софу беғубор кабутарони сафед беғамона бол мезаданду офтоби дурахшон саховатмандона ба олам нурпошӣ мекард. Муқаддасоти миллӣ ҳам дар ҷои худ афтода, ба ҳуснашон афзуда буданд.
ОҒОЗИ МАТЛАБ
— Саҳар барвақт метавонем онҳоро дар саҳифаҳои интернетиямон гузорем, ҳамаашон омода шудаанд, матну тасвирҳояшон ҷо ба ҷоянд. Бинед, чӣ тавр дилкашанд, аз тамошояшон сер намешавед, — тарроҳи идора бо қаноатмандӣ ҳар табрикномаеро дар пӯшаи (папка) алоҳида мегузошт.
– Офарин, хеле заҳмат кашидӣ, – роҳбар низ аз кори анҷомшуда розӣ буд. – Ин тасвирҳо воқеан нотакроранд.
Ба телефони Дилрабо занг омад. Номи “Модар” дар рӯйи саҳифа падидор гашту қалби бону ширин тапид, нохудогоҳ ба худ андешид: танҳо модар аст, ки дар дунё моро бе ғаразу бе подош дӯст медораду ҳамеша аз ҳоламон мепурсад. Мудом интизори омаданамон ҳастанд, ҳаводору муштоқи дидорамон. Айни замон низ занг заданд, ки маро дар рӯзҳои таътил ба деҳа, назди худашон даъват кунанд…
– Модарҷон, имрӯз омада наметавонам, ба фикрам, рӯз аз нисф гузашт, то 3 соат роҳро паси сар мекунам, ки пардаи шаб ҳама ҷоро мепӯшонад, дар торикӣ намонам, гуфта метарсам…
– Дар ин замонаи тинҷу осуда аз чӣ метарсӣ, духтарҷон? Ба таксӣ шину биё, ба ронанда бигӯ, то дари хона биёрад туро, — модар барои дидани ҷигарбанд пофишорӣ мекард.
– Воқеан, чаро кори имрӯзаро ба фардо монам, рафтан лозим бошад, рафтан даркор, — худ ба худ андешид Дилрабо, ки хеле ҳам пазмони модар гашта буд, — дили модарам беқарор гаштааст дар хумори фарзанд, наравам, хуб намешавад. Дуруст мегӯянд, замона тинҷу ором-ку… Давраҳои нотинҷӣ барвақт паси сар шудаасту сулҳу оромӣ дар Ватан абадӣ ҳукмфармост. Дигар он замонҳои талху шумо ҳеҷ гоҳ наоянд ба сарамон, Илоҳӣ…
ЁДИ НОГУВОРИ ЗАМОНИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ
Дилрабо ба ёди айёме афтод, ки замин дар хун меҷӯшиду дар хун метапид. Бародар ба бародар шамшер мекашиду падару писар дар ду сангар муқобили ҳам меҷангид. Иддае аз одамон гӯё аз худ рафта буданд, ба ҷони мардум меафтоданд. Инсонҳои бегуноҳро ба қатл мерасонданду молашонро мебурданд, аз худ мекарданд.
Аз тири нохалафоне беҳтарин шахсиятҳои давр беасосу бесабаб бо ҳаёт падруд гуфтанд, ворастатарин фарзандони кишварро ҷоҳилон бераҳмона, дар рӯзи равшан бо таҳқиру азоб мекуштанд, то “алови чашми дигаронро гиранд” ва тухми ҳаросу нифоқ бикоранд дар дили аҳолии осуда. Як зумра ашхоси манфиатҷӯ барои мансабу ҷоҳе ба даст овардан, мехостанд шуълаи маърифату равшании маънавиятро дар ҷомеа хомӯш кунанд. Барои ниятҳои нопоки худро амалӣ бинмудан аз ҳич разолате чашм намепӯшиданду аз ҳич пастие рӯй намегардонданд…
Хурдсол буд он замон Дилрабо, аммо чун зеҳни гирову қавӣ дошт, бисёре аз ин амалҳои ношоиставу дардоварро то хурдтарин ҷузъиёт дар ёд нигоҳ дошта буд. Дақиқтараш, то он ҳад он рухдодҳои нохуш мутаассиру буҳтзадааш намуда буданд, ки мисли навори филми даҳшатноке ҳамеша пеши назараш ҷилва мекарданд. Гӯё дирӯз буд он ҳама ваҳшату ғаму андуҳ…
Бар асари ҷангу кашмакашҳои дохилӣ амнияти озуқаворӣ халал ёфт, сокинони шаҳрҳои бузург барои пораи ноне аз субҳ то шом бар дари мағозаву нонвойхонаҳо навбат мепоиданд, аммо аксар вақт ноумеду дасти холӣ бармегаштанд ба сӯи кулбаи хеш. Ҳолатҳое буданд, ки ба мардуми дар навбати нон рӯзро шом намуда, силоҳдорон бераҳмона ҳамла мекарданд, мекуштанду бенавбат ҳиссаи нони ҳамаро бардошта ба қароргоҳҳои худ мебурданд…
Бо бонуи зебову ворастае аҳди апаву хоҳарӣ дорад айни замон Дилрабо. Ӯ зани дар ҷомеаи имрӯза муваффақу номдор аст, соҳиби обрӯю нуфуз, молу манол, кӯтоҳи сухан, аз ҳама неъмати дунё баҳравар…
Ҳар боре, ки ба ҳам сари дастархон бишинанд, бо маҳзи дидани нон дар рӯйи дастархон ашки чашмони дӯсташ шашқатор мешаваду бо дидаи гирён рози ғаму андӯҳашро мекушояд:
– То имрӯз дар хӯрдани нон душворӣ мекашам… Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ падари фарзандонам саҳар барои нонхарӣ рафту бегоҳ тани беҷонашро ба хона оварданд. Чанд силоҳдори хунхоре бенавбат нон гирифтанӣ мешаванд. Ба ин ҳамсари ман зид баромада, сари роҳашонро мегирад ва онҳоро ба раҳму инсоф хонданӣ мешавад. Мегӯяд:
– Магар намебинед, ин ҷо занону модарон, пирону барҷомондагон барои пораи ноне аз субҳи содиқ навбат мепоянд? Шарм намедоред?..
Суханаш ба поён норасида, яке аз ҷангҷӯён бо нигоҳи чашмони хунгирифтааш аз миёни мардум ӯро ҷуста, берун мебарорад ва тирборон мекунад…
Дар деҳот низ аҳвол хуб набуд, мардум барои раҳоӣ аз гуруснагӣ аз донаи ҷуворимакка ҳам нон пухту аз ҷорӯбу ҷав ҳам. Моҳҳо рӯйи шакару дигар анвои ғизоиро намедиданд. Дар бораи нуқлу наво дигар ҳоҷати гап набуд. Одамон барои таъмини ҷигарбандон худро ба сад кӯю дар мезаданд, аммо пораи ноне ёфтан мушкил гашт. Бо пул ҳам дигар маводи ғизоӣ ёфтан номумкин буд, зеро бар асари ҷангу хунрезӣ роҳҳои кишвар баставу интиқоли маводи ғизоӣ ба дигар минтақаҳо қатъ гардид.
Дилрабо ҳатто ҳолатеро ёд дорад, ки оилаи камбизоате он солҳо ду фарзанди хешро ба назди хонаи як шахси миёнаҳоле пинҳонӣ оварда мегузоранду мераванд. Ба ин умед, ки фарзандонашон то як муддат аз хони ин даргоҳ ғизое барои худ дарёбанду аз гуруснагӣ намиранд. Пас аз чанд моҳе, бо расидани мавсими гандумдарав омада, ҷигарбандони худро гирифта мебаранд ва ба ин соҳибхонаи босаховат арзи сипоси бисёр мекунанд, ки тифлакони онҳоро нигоҳубин намуда, аз хатари гуруснагию марг наҷот доданд…
ГУРЕЗАҲО КӢ БУДАНД?
Боз ҳам авҷ гирифтани ҷанги дохилӣ сабаби рӯ ба гурез овардани мардум аз минтақаҳои даргир шуд. Баъзан теъдоди зиёди сокинон барои раҳоӣ аз хатари марг ба дигар шаҳру навоҳӣ ва ҳатто, берун аз Тоҷикистон фирор мекарданд. Ин одамон он шабу рӯз чунин ном гирифтанд: гурезаҳо…
Овозае шуд, ки дар рустои ҳамсоя аз дигар ноҳия гурезаҳоро овардаанду дар бинои мактаб ҷой додаанд. Дар қалби Дилрабои хурдакак оташ афтод, барояш ҷолиб буд дидани гурезаҳо. Тифоқо, дар ҳамон деҳа модарбузургу холааш мезисту ҳангоми ба дидорбинияшон рафтан аз холааш хоҳиш кард, ки барояш гурезаҳоро нишон диҳад.
– Барои гурезаҳо мардуми деҳа, бо вуҷуди он ки худ нони хӯрданӣ надоранд, дилсӯзии зиёд мекунанд. Бо розигию маслиҳати ҳамдигар, бо навбат онҳоро бо хӯроки субҳонаву нимрӯзӣ ва шомгоҳӣ таъмин карда истодаем, — вазъро шарҳ дод холаи Бибигул. — Пас аз чанд дақиқа ман ғизои омодакардаамро мебарам, биё, бо ҳам биравем.
Бо дидани ҳоли гурезаҳо авзои Дилрабо тағйир ёфт, андуҳ ба қалбаш лона кард, ғам дар вуҷудаш ҳоким шуд. Дар ҳавои гарму тамуз, занону кӯдакони бисёр дар чанд синфхонае ҷо дода шуда буданд. Бачаҳо мегиристанд, бонувон аз зарбаҳои ҷонсӯзи тақдир хаставу дилшикаста, дур аз ёру азизон, нигоҳашон пур аз дарду алам буд. Баъзеҳо хомӯшу бесадо менолиданду бо гӯшаи рӯймоли пурчанги худ аз бари рухсор донаҳои ашкро мечинданд. Зери лаб ба Худо илтиҷо мекарданд, ки ин ҷангу хунрезӣ зуд анҷом пазираду онҳо боз ба ҷову маконҳои хеш баргарданд ва ба зиндагии муқаррарияшон идома бахшанд.
Ин гуна ҳоли риққатбор доштани гурезаҳоро Дилрабо дар хоби шабаш ҳам тасаввур намекард…
Хост зуд аз он макон берун раваду дигар ин ҳама дарду ранҷи мардумро ҳеҷ гоҳ набинад…
НОМИ ТУРО НАВИСЕМ, ЭЙ ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ…
(Абармарди сиёсат тоҷикони парешонгаштаро соҳибӣ кард)
Беҳуда нагуфта будаанд: “Аз навмедӣ басо умед аст, Поёни шаби сиёҳ сафед аст”. Барои миллати тоҷик пас аз таҳаммули ранҷу дарду азобҳои зиёд субҳи умед дамид…
Шомгоҳе ҳама дар назди оинаи нилгун нишаставу бодиққат ба хабарҳо гӯш меандохтанд. Он рӯз навиди фатҳу зафар даррасид, ки мусодиф ба 27-уми июни соли 1997 буд. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо хатти заррин абадан сабт гардид ва ҳамасола аз он бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ин пирӯзӣ имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ буд, ки бо ташаббусу ҷонбозиҳои беназири Президенти пурталоши Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад. Ин рӯйдоди таърихию мондагор чанд муддат (солҳои 1992 то 1997) мисли руъёи дастнорасе буд ба аҳли кишвар, аммо фарзанди фарзонаву хирадпешаи тоҷик, Роҳбари ҷавону ғаюри сарзамин онро ба ҳақиқати таърихӣ мубаддал карданду дар тамоми минтақаҳои кишвари аҷдодии тоҷикон сулҳу амният барқарор ва пойдор гардид.
Бибии Дилрабо он солҳо ҳар вақте дар оинаи нилгун чеҳраи Президенти ҷумҳуриро медиданд, бо як меҳрубонии модаронаву садои баланд мегуфтанд:
– Худо барору иқболат диҳад, бачам, раҳмат ба падару модарат, ки чунин писари баномусро ба дунё овардаву тарбия карданд. Ту дигар танҳо фарзанди модари худ нестӣ, ту фарзанди тамоми модарони Тоҷикистон ҳастӣ, зеро ҳамаи модаронро аз ғаму андуҳ ва ранҷу машаққат наҷот додӣ, фарзандонашонро аз марг раҳонидӣ. Дар номат очат бимирад, бачам, Худо ҳамеша аз чашми бад нигаҳбонат бошад! — ва бо як ихлос даст ба рӯй мекашиданд.
Ин муроҷиатҳои бибӣ ҳамешагӣ буд, пайваста Президенти кишварро модарона дуо медоданду аз Худо талаб мекарданд, ки нигаҳбони писараш бошад. Доим орзу мекард, ки бо Президент вохӯраду меҳру муҳаббати модарони тамоми кишварро барояш иброз дорад. Ва бояд гуфт, ки танҳо бибии Дилрабо набуд, ки дар симои Сарвари кишвар фарзанди худро медид, тамоми мардуми Тоҷикистон самимона дӯсташон медоштанду талабгори пешравию комёбиҳояшон буданд. Зеро Роҳбари давлат заҳмати бисёр кашиданду ба ҷанги хонумонсӯз нуқтаи таммат гузоштанд, мардуми овора ба ҳар кӯю маҳалларо ба зодгоҳу манзилҳои хеш баргардонданд. Ҳарфҳои ҷонбахшу тасаллобахшашон ба дилҳо фараҳ оварду умед ба зиндагии хушу хуррамонаро дар замири мардуми аз ҷангу кашмакаш хаста бедор карданд. Ин сухани таърихияшон: “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис намекунам” тоҷикони аз Меҳан дурафтодаро дубора умедвор сохт ва онҳо бо дили пур, то охирин нафар ба Ватан баргашта, аз сиёсати мардумпарваронаи Президенти дурандешу хирадманди хеш тарафдорӣ намуданд ва дар бунёди давлати навини тоҷикон таҳти сарварии Пешвои миллатдӯсташон камари ҳиммат бастанд. Хонаву кошонаи худро обод намуданд, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоштанд ва имрӯзҳо рӯзу рӯзгори осудае доранд…
Ҳамчунин, Роҳбари ғамхор ба баланд бардоштани қадру манзилати модарону бонувон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳсилу соҳибкасб гаштанашон тадбирҳои зиёде андешиданд. Квотаи Президентӣ таъсис доданд, ки тариқи он аз гӯшаҳои дурдасти кишвар духтарону бонувони зиёде ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар диёри аҷдодӣ амнияти комил барқарор гашта буду волидон бе тарсу ҳарос ҷигарбандони хешро ба мактабҳои олӣ мефиристоданд. Дилрабо низ аз зумраи духтароне буд, ки дар фазои сулҳу осоиш ба донишгоҳ дохил шуда, соҳибмаълумот гашт.
Орзуи бибияш амалӣ шуд. Солҳои донишҷӯӣ дар яке аз чорабиниҳои бошукӯҳи давлатӣ бо ҷамъе аз азизон бо Президенти кишвар вохӯрду суҳбати кӯтоҳе сурат гирифт. Зимни он вохӯрӣ Роҳбари давлат таъкид карданд, ки илму донишомӯзиро сармашқи кори худ намоянд, соҳибкасб гарданд.
– Мо ҳамеша ҷавононро дастгирӣ мекунему аз мадди назар дур намегузорем. Талош кунед, хонед, — гуфтанд он вақт Сарвари маҳбуби ҷумҳурӣ.
Дилрабо ин гуфтаҳоро чун ҳалқае бар гӯш гирифту кӯшид, дар зиндагӣ роҳи худро пайдо намояд ва ба ҷое ҳам расид. Барои ҳамаи пешрафту комёбиҳояш аз Роҳбари давлат сипосгузор аст, барои он ки, пеш аз ҳама, сулҳ оварданд ба ин диёри ҷангзада, баъд, шароити мусоиди таълиму тарбия ва илмомӯзиро фароҳам сохтанд барои насли наврас, маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати хеш эълон намуданду дастгирии соҳа ва омӯзгоронро сол ба сол тақвият бахшиданд…
Барои ин ҳама хидматҳои беназирашон барои халқу Ватан мардум ба Роҳбари раъиятпарвар унвони таърихию мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро сазовор донистанду ҳамагон бо ифтихор Пешвои муаззами миллат меномандашон:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони миллат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат…
ТАҶАЛЛИИ АБАДИИ ОФТОБИ ВАҲДАТ
– Инак, чандин солест, ки мардуми шарафманди ин сарзамини зебову афсонавӣ дар сулҳу оромиш мезиянду сухан аз ободию рифоҳ ва бунёдкорию созандагӣ мегӯянд. Ваҳдат, Сулҳ ва Амнияти сартосарӣ ҳукмрони ин кишвари маърифатпарвар аст, — зери лаб мегӯяд ба худ Дилрабо. – Шукр, ки ман низ узви фаъоли ин ҷомеаи фарҳангию ободкор ҳастаму дар айёми тилоии зиндагӣ, тинҷию оромии диёр ба хидмати халқу Ватан машғулам. Ман алъон яқин дорам, ки агар соати 12-и шаб ҳам ба роҳ барояму сафар намоям, ё дар коргоҳ бимонаму баъзе корҳои муҳиммамро анҷом диҳам, ё ба хонаи пайвандону азизонам соати 1-и шаб ҳам равам, боз ҳам сиҳҳату саломат ва бехавфу хатар ба манзил мерасам, зеро дар кишварам оромию амният барқарор асту сухани ҳамватанон аз сулҳу осоиш аст.
Пас, марав, эй офтоби Ваҳдат аз осмони зиндагӣ, бо нурҳои гарму нарм ва ҷонбахшат ба рӯзгорамон равшанию зиёи бештар бибахш, сардиҳои ҳаётро сарнагун намо, то ҳамеша гармию нуру сафо ҳамсафари зиндагии ману ҳамватанонам бошад…
…Садои дубораи телефон Дилраборо ба худ овард. Бо ҳамкорон-роҳбари коргоҳу тарроҳ хайрухуш намуда, ба сӯи зодгоҳ роҳ пеш гирифт, нотарсонаву бо дили пур ба дидори модари чашминтизор шитофт, то ҷашни Ваҳдатро бо аҳли хонавода таҷлил бикунад.
Д. АВАЗ,
«Омӯзгор»