«ҲАМШАҲРӢ»-И МАН

(ё ба қадри омӯзгорони эҷодкор бирасем)
Соли 1970 дар рӯзномаи «Газетаи муаллимон» (айни замон нашрияи “Омӯзгор”) мақолае чоп шуда буд бо номи “Сарҷумлаҳои сарсон”. Дар он як масъалаи хеле печдарпечи забоншиносии тоҷик – ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави натиҷа мавриди баҳс қарор гирифта буд, ки донишмандони забони тоҷикӣ ва методикаи таълими кишварро ба мулоҳиза водор намуд. Ҳадафи мо ҳоло бозбинии он матлаб ва мавриди баҳс қарор додани ҷумлаҳои пайрави натиҷа нест, балки таъкиди он аст, ки матлабро кӣ навишта буд ва чӣ навишта буд, ки ин масъала боиси ташвиши забоншиносони тамоми кишвар гардид. Онро як омӯзгори мактаби миёна аз ноҳияи Ҳисор навишта буд, як омӯзгори мактаби деҳа…
Ҳангоми баргузории омӯзишҳо бо омӯзгорон дар гӯшаву канори кишвар интизор мешавам, ки ҳоло, албатта, касе ҳаст, ки мегӯяд: Ман мувофиқ нестам, ман назари дигар дорам, ё ман чунин мешуморам…
Сафари навбатии мо барои баргузор намудани омӯзиш бо омӯзгорон аз шаҳру навоҳии Балҷувон, Данғара, Восеъ, Муъминобод, Фархор, Шамсиддини Шоҳин дар масъалаи арзёбии сифати таълим ва татбиқи роҳу равишҳои самараноки он дар минтақаи Кӯлоб пешбинӣ шуда шуд. Иштирокдорони омӯзиш аз омӯзгорони собиқадор, мушовирони шуъбаҳои маориф, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кабинетҳои методӣ иборат буданд.
Ростӣ, аз шумори сафарҳои зиёд дар ин минтақа барои баргузории тадбирҳо ва иштирок дар онҳо ин вохӯрӣ шахсан барои ман хеле хотирмон буд. Шояд фоли некаш ин буд, ки аввалин ширкаткунандае, ки бевосита ҳамсуҳбаташ шудам, як марди наҷиб, фидоии пешаи худ бо собиқаи беш аз чиҳилсолаи омӯзгорӣ — мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон Гулмуҳаммад Хоҷаев буд. Аз аввалин суханҳои муаллим, ки бо шеъри “Мо худ ба гарди домани марде намерасем, Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад…” оғоз шуд, гуфтам:
– Шумо “ҳамшаҳрии ман”, аммо чун як устоди варзида набояд ин шеърро мегуфтед, мо мебоист дар назди шумо чунин мегуфтем.
Муаллим боз бо ҳамон хоксорӣ “Омӯзгор худ ҳамеша шогирд аст, ҳамеша меомӯзад, вагарна қафо мемонад, мо умед дорем, ки аз шумо ин чанд рӯз чизҳои нав меомӯзем” — гӯ ён паст намеомад …
Калимаи “ҳамшаҳрӣ” барои ман маънои махсус дорад. Лозим аст, ки бо чанд сухан хотираеро дар ин маврид қисса кунам. Соли 2004 буд. Вақте ки ба ноҳияи Панҷ барои баргузор намудани омӯзиш рафта будем, касе аз дӯстон ба ман ишора кард, ки ин муаллим ҳамшаҳрии ту будааст”. Албатта, дар ин сухан ҳеҷ ҷойи ҷудокунию фарқгузорӣ набуд ва ҳамин тавр дар омади сухан гуфта шуда буд, бинобар ин, ман гуфтам: “Ҳар касе ки омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик бошад, ҳамшаҳрии ман аст”. Аз ҳамон вақт дӯстони деринам, ки дар сохторҳои гуногуни маориф фаъолият доранду маро аз он рӯзҳо мешиносанд, дар мавриди филологҳо — омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, мегӯянд: “Ин кас ҳамшаҳрии Мухторӣ аст…”
Сухан кӯтоҳ, андешаи ман рост баромад. Муаллим Гулмуҳаммад Хоҷаев, воқеан, ҳамшаҳрии ман, яъне, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд. Бешубҳа, ҳамин таассуроти аввалин сабаб шуд, то се рӯзи омӯзиш барои ман ба як ҳамнишинии пур аз меҳру сидқ бо инсонҳое, ки ҳамагӣ худбохтаи касби омӯзгорӣ ҳастанд, мубаддал гардад.
Суҳбати мо бо Гулмуҳаммад Хоҷаев хеле кам хосса гузашта бошад ҳам, андешаи ин марди шарифро ҳамеша дар мавриди ба баррасӣ гузоштани паҳлуҳои гуногуни масъалаи мавриди арзёбӣ шунидан пур аз манфиат буд. Ба назари муаллим ҷалб ва ҳавасманд кардани волидон ба ҷараёни арзёбии пешрафти фарзандонашон, дастовардҳои онҳо аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим дониста мешавад. Вақте ки ин андеша садо дод, аз ҷониби баъзе омӯзгорони ҷавон шубҳа ҳам ба миён омад, ки “бале, таъсир мекунад, аммо шояд омили асосӣ набошад.
Муаллим Гулмуҳаммад Хоҷаев бо лабханди хеле самимӣ ва садои нарм, ки аслан хоси омӯзгорони пуртаҷриба ва соҳибмактаб аст, иҷозаи сухан пурсида, қиссаеро нақл кард, ки омили асосии баланд бардоштани сифати таълим будан ба ин ҷараён ҷалб намудани волидонро собит мекунад. Таҷрибаи омӯзгории ба умри як инсон баробари муаллим Гулмуҳаммад Хоҷаев ба ин кас имкон медиҳад, ки ҳар андешаро бо мисолҳои зиёди ҳаётӣ тақвият бахшад: “Имрӯз падару модар барои баҳои гирифтаи фарзандаш бепарвост. “Ҳо, бачам, панҷ гирифтӣ, офарин!”, — гуфтан ҳоло маънои ҳавасманд буданро надорад. Мо — омӯзгорон, онҳоро бояд ёд диҳем, гӯем, ки пурсед, барои чӣ панҷ гирифтааст, оё ба панҷ сазовор аст, дарс тайёр карда буд? Муаллим барои чӣ панҷ мондааст? Панҷи писар ё духтари ман дар куҷо ба кор меояд? Ҳамин панҷи гирифтаашро дар куҷо истифода карда метавонад?” Ҳамин малака ва салоҳиятро волидон бояд дошта бошанд. Мову шумо инро дар ҷамъомадҳои падару модарон ба онҳо фаҳмонем. Агар волидон ба ҳамин нуктаҳо сарфаҳм раванд, оҳиста-оҳиста ба дари мактаб меоянд, робитаи волидон ва мактаб тақвият меёбад. Мо бояд дар ин самт ҷиддӣ кор кунем, масъулияти асосӣ ҳамеша ба зиммаи касонест, ки маърифаташон баланд аст. Маърифати мову шумо дар ҷомеа аз ҳама баланд аст. Агар чунин набошад, пас мо ҳаққи омӯзгор буданро надорем…”
Албатта, қаҳрамони қиссаи мо дар миёни ҳамкоронаш, ки дар ин омӯзиш ҳузур доштанд, ягона набуд. Ман чандин нафарро метавонам ном барам, ки воқеан, омӯзгорони асил ва сазовори баландтарин мартабаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ҳастанд, дар баробари мушкилоти рӯзгор ва бузургсолияшон пешаи омӯзгориро тарк накарданд ва дар сафи сипоҳи бузург ва маърифатпарокани омӯзгорони кишвар устуворона қадам мезананд.
Қутбиддин МУХТОРӢ,
устоди ДМТ