“ХАЗИНАИ ТАБИАТ” МАРО БА ПОРТУГАЛИЯ БУРД

Назокат Маҳмадиева, омӯзгори муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғара, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори навовар” бо лоиҳаи “Хазинаи табиат” буда, дар конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Портои Португалия Тоҷикистонро миёни дигар давлатҳои ҷаҳон бо лоиҳа ва идеяи худ, аз назария ба амалия аз фанни химия муаррифӣ кард.
Назокат Маҳмадиева изҳор намуд, ки падараш омӯзгор аст. Дар муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғара беш аз 30 сол мешавад, ки аз фанни физика таълим медиҳад. Ӯ мегӯяд:
– Маҳз бо дидани кору фаъолият ва муҳаббати падар ба касби омӯзгорӣ таваҷҷуҳ ва рағбат ба ин пешаро пайдо намудам. Дар давраи мактабхонӣ ба фанни химия ва биология майли бештар доштам ва ҳамеша баҳои аъло мегирифтам. Пас аз хатм намудани муассисаи таълимӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯйи ихтисоси химия ва биология дохил шудам. Ҳанӯз аз таҳсил дар бахши дуюм ба сифати лаборанти фанни химия дар муассисаи таълимии маҳалли зисти худ ба кор шуруъ намудам. Дар вақти корӣ ба дарси муаллимаи фанни химияи муассиса Санавбар Абдуллозода диққати ҷиддӣ медодам ва нозукиҳои таълимро аз худ менамудам. Бо гузаштани соле муаллимаро ба коллеҷи тиббии ноҳия ба кор даъват намуданд ва ниёз ба омӯзгори фанни мазкур дар муассисаи таълимии №2 пайдо шуд. Дар мактаб ба сифати омӯзгор корро шуруъ карда, кӯшиш мекардам, ки бо истифода аз илмҳои педагогика ва психология дарсро дар сатҳи баланд ва шавқовар гузарам. Падарам Бачабек Маҳмадиев дар истифодаи усули муосири таълим, ҷалб карда тавонистани таваҷҷуҳ ва рағбати хонанда ба ман кумак мекард. Давоми чанд сол мешавад, ки дар ин муассиса фаъолият дорам ва омӯзгорони таҷрибадор ба мо, ҷавонон, кумаки худро дареғ намедоранд.
Идеяи эҷоди лоиҳаи “Хазинаи табиат” дар рафти иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд пайдо гардид. Ман барои бо хубӣ гузаштани дарс пайваста дар омӯзиш будам ва усулҳои ҷадидро ҷустуҷу мекардам, вале дар заминаи ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Мактабҳои 2030” дар тавлиди идеяҳои нав муваффақ шудам.
Шабонарӯз кор карда, донишу маҳорати худро такмил додам. Ба устодони фанни химия ва собиқадороне, ки дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат фаъолият доранд, пайваста дар робита ҳастам. Бо истифода аз лоиҳаи “Хазинаи табиат” дар муассисаҳои таълимӣ маҳфили “Химикони ҷавон”-ро ташкил кардан айни муддаост. Дар раванди фаъолияти маҳфили мазкур хонандагон корҳои амалӣ анҷом дода, аз наздик бо табибон, дорусозон ва фурӯшандагони доруҳои гуногун суҳбатҳо ороста, ба ҳамаи суолҳои худ ҷавоб мегиранд. Инчунин, бо истифода аз таҷҳизоти дарсӣ дар синфхона тибқи нақшаи таълимии фаъолияти маҳфил ҳар гуна таҷрибаҳои химиявӣ мегузаронанд. Ин ҷо ҳолатҳои набудани таҷҳизотро низ ба назар гирифта, дигар шакли корҳои амалиро пешбинӣ намудем. Масалан, бо истифода аз рустаниҳои табиӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар миёни 28 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гӯшаи пешниҳодкардаи Назокат Маҳмадиева баҳои баландро соҳиб гашт. Мавсуф илова кард, ки дар ин намоиш маҳсули дастранҷ ва лоиҳаҳои дигар ҳамкасбонро мушоҳида карда омӯхтам. Аз озмуне, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, бардошти хубе доштам ва аз тарафи муовини вазири маориф ва илм, инчунин, муовини раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шудану бо роҳхат ба шаҳри Портои Португалия сафар кардан бароям фаромӯшнопазир ва беҳтарин лаҳзаи зиндагиам буд. Назди худ мақсад гузоштам, ки бояд бо истифодаи тамоми донишу маҳоратам миёни дигар давлатҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуда, бо баҳои баланду сазовор баргардам.
Дар рӯзи якум намоиш ва муаррифии давлатҳо буд. Дар ин рӯз ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро ба намоиш гузоштаву ба намояндагони дигар давлатҳо муаррифӣ кардам. Онҳо маҳз ба ҳунарҳои мардумии мо мароқ зоҳир мекарданд. Бахусус, Бронвен Маграф, менеҷери глобалии мактабҳои 2030 ба либоси миллии ман ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус ҳозир намуда, ба он баҳои баланд дод. Ин ҳунарҳои арзандаро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ бояд намуд, зеро ба ин либосҳо ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда мешаванд.
Рӯзи дигар муаррифии лоиҳаҳо буд, ки дар шакли “аз назария ба амалия” пешкаш намудам. Дар толоре, ки беш аз 100 нафар намояндаи аксари давлатҳо ҳузур доштанд, аввал каме маро ҳаяҷон фаро гирифт, баъд масъулият ва вазифаамро ба ёд оварда, бо ҷасорат ва дар шарҳи васеъ муаррифӣ кардам. Аз тарафи меҳмонон баҳои хубро соҳиб гаштам.
Суҳроб АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”,
шаҳри Бохтар