ҒАМХОРӢ РУҲБАЛАНД МЕКУНАД

Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2022) зимни таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи соҳаи маориф пешниҳод намуда буданд, ки шуруъ аз 1 июли соли 2023 дар радифи дигар соҳаҳо маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлатро аҳли маорифи кишвар бо хушнудӣ истиқбол намуда, бо ҷаҳду неруи тоза ва азму иродати бештар баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия камари ҳиммат бастанд.
Воқеан, Фармони Президенти мамлакат низ дар ин масъала ба имзо расид. Бояд зикр намуд, ки аз рӯзҳои нахустини раҳбарии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию маърӯзаҳояшон пайваста иброз медоранд, ки маориф дар сиёсати давлату Ҳукумат соҳаи афзалиятнок ва калидӣ мебошад. Баъд аз ҷангҳои маълуми дохилӣ вазъи мамлакат хеле вазнин буд, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ заиф гардида, омӯзгорон намерасиданд. Аз ин рӯ, бо дастгирии Сарвари давлат тамоми қувваю кӯшиш ба он равона гардид, ки марҳала ба марҳала корҳои созандагӣ дар соҳаи маориф вусъат дода шуда, сатҳи зиндагӣ ва дараҷаи некуаҳволии омӯзгорон беҳтар гардад. Ҳамин тавр, сохтмони бинои нави таълимгоҳҳо ба роҳ монда шуда, ба омӯзгорон имтиёзҳо муқаррар гардид. Бо тадриҷан ба эътидол омадани вазъи зиндагӣ, Президенти кишвар аввалин тадбир, ки анҷом доданд, зиёд намудани музди кори кормандони соҳаҳои буҷавӣ, аз ҷумла, омӯзгорону устодон ба шумор мерафт. Вазъи маориф бо маблағгузории Ҳукумат ва Давлат беҳ гардида, дар ҳама ҷабҳаҳои соҳа тағйироту дигаргуниҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Дастгирию ғамхориҳои Ҳукумат ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар ин самт омӯзгорону устодонро дилгарму руҳбаланд намуданд. Заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, нахуст, таҳия ва таълифи стандартҳои давлатии соҳа, барномаю китобҳои дарсӣ шуруъ шуд.
Зина ба зина раванди таҳия, таълиф ва ба нашр расондани стандарту барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ тақвият ёфта, дар як муддати кӯтоҳ аз ҳамаи фанҳо китобҳои пурмуҳтавою ҷолиб, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси волои ормонҳои миллӣ тарбия менамоянд, ба миён омаданд. Баъдтар китобҳои дарсӣ таҷдиди назар шуда, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ “Китобҳои насли нав” аз ҷониби олимону донишмандон таълиф ва нашр гардиданд, ки ин воқеа ҷаҳиши ҷиддие дар соҳаи маориф маҳсуб мешуд. Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи инноватсионӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо буд. Бо роҳбарии дурандешонаи раҳбарияти мамлакат ва дастгирии Вазорати маориф ва илм дар ин бобат барномаи вижаи давлатӣ барои солҳои муайян таҳия ва қабул гардид.
Раванди муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои мактабӣ яке аз дигар паҳлуҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор рафта, дар ин самт низ амалҳои судманде анҷом дода шуданд. Озмоишгоҳҳои фаннӣ бо маводи зарурӣ таъмин гардида, ҷиҳати муассиру табиӣ баргузор намудани машғулиятҳо шароиту имконоти мусоид ба миён оварда шуд. Бунёди биноҳои нави таълимгоҳҳо ва таҷдиду навсозии онҳо суръати баланд дарёфт.
Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23.12.2023) зикр шудааст:
“Дар панҷ соли охир танҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла, дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст… Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд”. Ба шарофати ғамхориҳои Ҳукумат ва Давлат имтиёзҳои ба омӯзгорон, бахусус, мутахассисони ҷавон пешбинишуда иҷро гардида, омӯзгорон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин мешаванд. Квотаи Президентӣ, ки аз таъсиси он 26 сол сипарӣ мегардад, иқдоми дигари ватандӯстонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоб меёбад, ки тавассути он тӯли ин солҳо духтарону писарони зиёде, аз ҷумла, аз деҳоту музофоти дурдасти кӯҳистон ба макотиби олӣ дохил шуда, соҳиби ихтисосҳои писандидаи худ гардиданд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳо буд, ки дар муассисаҳои таълимӣ норасоии омӯзгорон аз байн рафта, мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Шодӣ РАҶАБЗОД
“Омӯзгор”