ИРОДАИ ҚАВӢ КАСРО БА МАҚСАД МЕРАСОНАД

Меҳровар ҳамеша дар пайи омӯзиш, ҷустуҷӯ ва навиштани ашъори дилангез аст. Истеъдоду иродаи матинаш ба ӯ имкон фароҳам оварда, ки дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, пирӯз гардад. Шеъраш низ аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шудааст. Атрофи шеъру сухан, ҳамнишинӣ бо аҳли қалам ва меҳру муҳаббат ба китоб ва китобхонӣ суҳбате доштем бо ин шоири ҷавон, ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Меҳровари Мастчоҳӣ.
– Мехостем, андешаҳоятонроперомуни иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат дар мавриди озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён менамудед.
— Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.
Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлол нақши китоб хеле бузург аст.
Инсони комилро танҳо ба воситаи китоб тарбия карда, ба камол расонидан мумкин аст. Шахсе, ки мунтазам китоб мехонад, Ватану миллатро эҳтиром мекунад, бадахлоқӣ намекунад, барои ободу зебо гардидани Ватанаш кӯшиш ба харҷ медиҳад. Китоб оинаи фазлу камол аст. Фақат китоб метавонад, ба шумо хушнудӣ орад ва маслиҳатгару ҳамфикр ва роҳнамоятон бошад.
Муҳимтарин санҷише, ки дар озмун бароям исбот шуд, дарки он буд, ки расидан ба саодат аз иродаи қавӣ маншаъ мегирад. Банда тайи ду сол пайи ҳам аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср — бахши назм иштирок кардам. Соли дувум ғолибият насибам гашт. Иштирок дар озмун аз чанд ҷиҳат маро такони ҷиддӣ дод. Масалан, даври аввали озмун боис шуд, ки болои шеъри худам бештар кор кунам, жанрҳои гуногуни шеъриро омӯзам, ба шеър, ба адабиёт ҷиддӣ сару кор гирам.
Маслиҳати ман ба ҷавонон ин аст, ки агар мо афтидему хестем, мағлубият нест, агар афтидему барнахестем, мағлубият аст. Ба ин хотир, бояд иродаро қавӣ дошту ҳамеша ба сӯи мақсадҳои наҷиб устуворона қадам ниҳод.
Мехоҳам як нуктаро таъкид намоям, ки дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, ки айни замон он ҷо кор мекунам, тамоми шароит барои таҳсили комили насли ҷавон фароҳам оварда шудааст. Дар марказ маҳфилҳои гуногун мавҷуд аст ва яке аз ин маҳфилҳо «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ном дорад, ки хонандагон бо ҳавас ва хоҳиши зиёд пайваста дар он иштирок мекунанд.
– Шумо айни замон дар риштаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил доред, аммо дилбастагиатон ба шеър рӯзафзун аст…
– Шеъргӯӣ шуғли писандидаи ман аст, ҳарчанд ихтисоси дигар дорам. Бо дастгирии устод Маликнеъмат Неъматзод маҷмуаи нахустини худро бо номи «Шабеҳи шарқ» ва маҷмуаи дигарам «Саодат аз иродат»-ро бо дастгирии устодон Ҷӯра Юсуфӣ ва Давлат Сафар мунташир намудам. Шеърҳоям дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ – «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Суғд» «Пайрав», «Паёми кӯҳистон», «Машъал», «Нигоҳи халқ» ва дар китобҳои дастаҷамъӣ интишор ёфта, хонандаи худро пайдо намудаанд.
– Дар шеъру сухан киро устоди худ мешуморед ва чакидаҳои хомаи шумо зери назари кадоме аз устодони сухан таҳрир мешаванд?
– Ман тӯли даҳсолаи охир шеър менависам. Фикр мекунам, ҳамаи онҳое, ки дар майдони шеъри имрӯзи мо муваффақанд, барои мо ҳаққи устодӣ доранд, зеро мо зарра — зарра аз ҳама омӯхта, баъдан бо пайравӣ аз бузургон оҳиста-оҳиста вориди дунёи шеъру калом мегардем.
Солҳои дар деҳа буданам, яъне қариб 6-7 сол пештар шеърҳоямро тариқи почта ба устодон Ҷӯра Юсуфӣ, Маликнеъмат Неъматзод, шодравон Абдулло Фозил, Мирзоҳайдар Умарзод ва дигарон мефиристодам ва тариқи телефон маслиҳат мегирифтам. Чун ба донишгоҳ дохил шудам, иртиботам бо устодон наздиктар шуд ва имкон пайдо кардам, бештар назди ин устодон равам, дар маҳфилҳо иштирок кунам ва дунболи омӯзиши шеър гардам.
То ҳанӯз ҳарчанд шеъри моро устодон баҳои баланд медиҳанд ва гоҳ аз ниёз ба таҳрир надоштанашон ишора мекунанд, аммоҳамеша маслиҳат мепурсаму аз роҳнамоиҳои онҳо истифода мебарам.
– Меҳровар, шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстонатон хеле хуб мешиносанд ва аз навиштаҳоятон, аз комёбиҳоятон тавассути ин шабакаҳо огоҳ мешаванд.
– Воқеан, шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз майдони муаррифии аҳли адаб ва шеъру сухан гардидаанд. Ҳар як ҷавон бояд аз онҳо самаранок истифода барад, дониши худро афзун гардонад, аммо набояд аз он бо ҳадафҳои нопок ва ғаразнок истифода бурд. Ман низ дар “Фейсбук” дӯстони зиёд дорам аз аҳли зиё, аҳли қалам, рӯзноманигорону омӯзгорон. Ҳар гоҳе як шеъри нави худро он ҷо мегузорам, устодон дар бораи ҳусну қубҳи он андешаҳояшонро иброз медоранд ва дӯстонам аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистони азиз бароям салому сипос мефиристанд.
Суҳбатнигор
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”