Имло барои ман дард шуд. То соли 2004 ҳамчун омӯзгор, аз ин пас чун рӯзноманигор ва муаллифи китоби дарсӣ маро азият дод. Мо тавассути нашрияҳои соҳавӣ борҳо мизҳои мудаввар ташкил намудем, бо донишмандон суҳбатҳо ороста, ҳама фикрҳоро гуфтему пешниҳод кардем. Дар конфронси ҷумҳуриявие, ки бо ташаббуси устод Сайдамир Аминов ва Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ баргузор гашт, маърузаҳо ҳам доштем.
Албатта, дар ин муддат бисёр пешниҳодҳо дастгирӣ ёфтаанд, аммо эътирози ман дар мавриди имло ҳамчун муаллим, муҳаррир, муаллиф ҳанӯз ҳам бартараф нашудааст. Нашриёти “Маориф” бо дарки мушкилоти мавҷуда қарор дод, донишмандону мутахассисони соҳа, муаллифон ва муҳаррирони китобҳои дарсиро ба суҳбати гирди миз даъват намояд, то дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат карда тавонанд. Тавре директори нашриёт Комилшоҳ Исозода дар ибтидо иброз дошт, таҳриру таҷдиди китобҳои дарсӣ сол то сол барои мо мушкил эҷод мекунад.
– Ин мушкил асосан ба имлои забони тоҷикӣ ва истилоҳот рабт дорад, — таъкид кард ӯ. – Аз ин рӯ, зарур донистем, ки барои меъёри муайян ба даст овардан гирди миз як суҳбати хосеро бо иштироки забоншиносон, муаллифони китобҳои дарсӣ, мутахассисону муҳаррирон баргузор намоем. Умедворем, пешниҳодҳое дар ин нишаст ироа мегарданд, ки дархури кори муаллифону муқарризон ва муҳаррирон гашта тавонанд.
Ба гуфтаи Муҳаммаддовуд Саломиён – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, аксарият медонанд, ки ба сабаби дар атрофи масъалаҳои имло зиёд будани баҳсҳо, бо вуҷуди ҷалби гурӯҳи калони донишмандону мутахассисон, нисбатан тӯл кашид.
– Сабаби тағйирот даровардан ба қоидаҳои имло зарурати мутобиқ гардондани он ба табиати забон шуд, – иброз дошт устод. – Мушкили аслӣ асосан сари хат аст: қоидаҳои як хатро дар хатти дигар ҷорӣ кардан мушкилӣ ба миён меорад.
Дар робита ба ин мавзуъ Раҳим Зулфониён – мудири шуъбаи истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор кард, ки масъалаи имло ва истилоҳот солҳо боз мавриди таваҷҷуҳи Кумитаи забон ва истилоҳот қарор дошта, дар даврони Истиқлол атрофи ин нуқта корҳои зиёд ба анҷом расидаанд.
– Аз ҷумла, чанд бор таҷдиди назар шудани Қоидаҳои имло, таълиф ва чопи он дар асоси пешниҳодҳои зиёди забоншиносон бо иловаи аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ва дастрас гардондани он, фарҳанги имло, ки айни ҳол дар тарҳи нав ва бо фарогирии вожаҳои бештар дар интизори чоп аст, тадбирҳоеанд, ки дар ин самт аз ҷониби Кумита ва забоншиносон ва бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дида шудаанд, – гуфт ӯ.
Сайдамир Аминов – муаллифи китобҳои “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 7,8,10, муҳаррири нашриёти “Маориф” борҳо гуфтаву навиштааст, ки қоидаи имло барои осон кардани таълим бояд таҷдиди назар гардад. Ӯ зикр кард, ки дар муҳити мо баръакс шуд: ончунон ки мардум “Кӯлоб”-ро бо “у” менависанд, аз ҳад зиёд матни қоида хом аст.
– Бар асоси принсипи таърихӣ- анъанавӣ имлои забони адабии имрӯзаро ҳеч гоҳ навиштан дуруст нест, – таъкид кард устод. – Инро солҳои 70-уми асри гузашта забоншиносон таъкид карда буданд. Азбаски касе асарҳои методиро намехонад, дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ихтилофи назар зиёд аст. Дар куҷо тоҷик “суол” мегӯяд?
Устод аз таъкидҳои олимони тоҷику рус, аз ҷумла, Мадохир Қурбонов, ки 20 сол таълими имло омӯхта, рисолаи илмияшро дар Москва ҳимоя кард ва Обдолиский, ки менависад: “Ҳар гуна имло сода аст, агар он мураттаб ва пайдарпай бошад, имлои таърихӣ мураттаб буда наметавонад” иқтибосҳо оварда, назари худро асоснок намуд.
Он чи ки боиси нигаронии Кумитаи забон ва истилоҳот гаштааст, бо вуҷуди ба тасвиб расидани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (соли 2021), то ҳанӯз ҳам дар матбуот ва муассисаҳои таълимӣ ва ҳам дар китобҳо ҳар кас ба хости худ менависад. Тавре ки Р.Зулфониён таъкид кард, тибқи қоидаи нав “Шуро” навиштан лозим, на шӯро. Чунки “у”-и устувор аст ин ҷо, на ӯ.
– Ин қолабе, ки мо дар калимаҳои арабӣ солҳо ҷорӣ кардаем, на ба савтиёти арабӣ хос аст ва на ба савтиёти тоҷикӣ, – гуфт бо нигаронӣ ӯ. – Барои шинохтани калимаҳои “ӯ”-дор бояд ба назар гирифт: танҳо дар калимаҳои тоҷикӣ, ки ҳиҷои баста доранд: дӯст, пӯст; калимаҳое, ки решаашон бо “й” анҷом меёбад: рӯй, мӯй; дар ҳиҷои дуюми баъзе калимаҳо: кулӯх, шукӯҳ.
Корбурди ҳарфи “й” низ бояд дар калимаҳо ба дурустӣ риоя гардад. Масалан, баъди решаи калимаҳои “й”- дор пайвандак ё бандаки изофӣ ояд, бояд чунин навишт: саъйю кӯшиш, пайопай. Чаро ин қоидаро дар калимаҳои иқтибосӣ риоя кунему дар тоҷикӣ не (мисли майор, майонез)? Акнун “маю” не, “майу соғар” навиштан лозим. Ё дар мавриди ҳарфи сакта (маданӣ-маъданӣ), аз сатр ба сатри дигар нагузарондани ихтисораҳо (мисли Ту-154, 100 С, 4-уми март), дар дохили нохунак навиштани номи асарҳо: “Шоҳнома” – Фирдавсӣ, ғайр аз китобҳои осмонӣ: Қуръон.
Р. Зулфониён дар посух ба нигаронии муҳаррирони нашриёт, ки сари ҳар чанд вақт имлоро дигар кардан моро дучори камбуди муаллиму муҳаррири босавод ва ташвиши барзиёдро дар таълифи китобҳо пешорӯ мекунад, чунин гуфт, ки бо зарурат тағйирот ба амал меояд.
– Масалан, дар Қоидаҳои соли 2011 ҳарфҳои русӣ ихтисор шуда буданд, аммо тавсия нашуда буд, ки ба ҷойи онҳо кай, чӣ навишта шавад? – гуфт ӯ. – 109 тағйиру илова ворид карда шуд. Агар ба Қоидаҳои имло арҷ гузошта шавад, меъёрҳо риоя гарданд, мушкил зиёд намегардад.
Ба гуфтаи устод С.Аминов, аз калимаҳои душаклаву сешакла на бачаҳо забон меомӯзанд, на хориҷиҳо. Дар ҳақиқат, дар Қоидаҳои имло ҷое омадааст, ки калимаҳо ду шакли навишт доранд (ба мисли “мӯй-мӯ, рӯй — рӯ”), ҷойи дигар омадааст, ки ҳангоми калимасозиву иборасозӣ “й” ҳатман навишта мешавад. Модом ки ин қабил калимаҳо ду шакли навишт дошта бошанд, чаро бе “й” истифода бурдани калимаҳо дар калимасозӣ ғалат бошад?
Аммо Р.Зулфониён дар ин маврид ҳеч ғалатро намебинад.
– Ин вобаста ба хусусияти савтиёти вожаҳост, мавридҳои истифода доранд, ки онҳоро нодида гирифта намешавад, – мегӯяд ӯ. – Масалан, аз калимаи “рӯ-рӯй” “рӯймол” месозем, вале “рӯ ба рӯ” менависем. Таърихан истифодаи инҳо ҳатмист. Дар ҳамин ҳол ҳамаи мо, ҳамзабононро мебояд, дар роҳи ҳамгунсозии истилоҳот ва риояи меъёри муқарраршуда дастаҷамъона амал намоем. Бубинед, танҳо як мафҳум дар китобҳои физика ба се шакл корбурд мешавад: реаксия, вокуниш, аксуламал. Ин тарзи кор хонанда ва ҳатто, омӯзгорро ба иштибоҳ меорад. Дар масъалаи ифодаи “300 – граммма” ё “300-граммӣ” ҳам ҳар ду дуруст аст. Масалан, мегӯем: 1.Ба ҳар кадом 300-граммӣ нон расид. 2. Санги 300-граммаро ба ман диҳед.
Ҳар як санад бояд пеш аз чоп бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа карда шавад.
– Пас, омӯзгор диктантро бар асоси кадом меъёр санҷад? – бо таъкид гуфт устод С.Аминов. – Дар мавриди ҳиҷосозӣ бояд дар баробари садонокҳо, йотбарсарҳо ҳам зикр шаванд, чунки йотбарсарҳо ҳам ҳиҷо месозанд. Ӣ- дароз гуфтед, ӯ-и дароз не, чаро? Ғалатҳо дар матни Қоидаҳои имло хеле зиёданд, бояд гурӯҳи корӣ ба масъалаи таълими имло таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
Воқеан, чун дар бисёр мавридҳо меъёр нест, дарҳамбарҳамӣ зиёд аст. Дуруст аст, ки баъди солҳо бори аввал меъёри истифодаи аломатҳои китобат дар ҳамбастагӣ бо Қоидаҳои имло ба тасвиб расид ва бештари мушкилот ҳам осон шуд. Дар ҳамин ҳол норӯшаниҳо ҷой доранд. Масалан, истифодаи аломатҳои китобат (тире ё вергул баъди ному насаби муаллифи мақола) дар ҳар нашрия ба хости муҳаррирон сурат мегирад. Масалан, дар маҷалла баъди ному насаб тире мемонем, дар ҳафтанома вергул. Дар масъалаи истифодаи вергул баъди калимаҳои туфайлӣ (бино бар ин…) ва дар байн ояд, аз ҳар ду тараф дар Қоидаҳои имло таъкид шудааст, аммо ин ҷо баҳсталаб истилоҳот ҳам аст: ин вожаҳо калимаҳои туфайлиянд ё пайвандак?
Дигар, маълум шуд, ки дар калимаҳои забони арабӣ минбаъд “ӯ” навишта намешавад. Аммо дар Қоидаҳо… саҳван дар мавриди истифодаи “ж” ин калима бо “у” навишта шуда, боз ҳам дудилагиро ба миён овардааст. (Аз Кумита ҳам ба мо гуфтанд, ки “у” нависем.) Вале вақте ки китоби дарсии мо (“Забони тоҷикӣ” барои синфи 5) ба нашриёт пешниҳод шуд, комилан ин назар инкор шуд ва “пажӯҳиш” ба кор рафт. Акнун дар маҷалла “пажӯҳиш”, дар рӯзнома “пажуҳиш”.
Ба андешаи устод С.Аминов, роҳи ҳалли мушкилотро ёфтан зарур аст.
– Назару андешаҳо бояд омӯхта ва ба назар гирифта шаванд, вагарна мо аз ин мушкил халосӣ надорем, – гуфт ӯ. – Яке аз донишмандони Эронзамин гуфта буд, ки барои меъёрҳои забонро муайян кардан маҳдудаи муайян лозим, 40-50 соли ахир бояд ба назар гирифта шавад. Ба андешаи М.Саломиён, як сабаби нофаҳмии зиёд дар Қоидаҳои имлои имрӯз тавассути телевизиону радио шарҳ надодани он аз забони донишмандону мутахассисон аст. Чунин суҳбату тавзеҳҳо дар қоидаҳои пешин сурат мегирифтанд. Пас, масъули ин кор кист?
– Моро лозим аст, ки ба таълими имло таваҷҷуҳи бештар равона созем ва меъёрҳоро ба хонандагон фаҳмонем, – гуфт М.Саломиён. – Дар имлои мо ду чизи муҳим аст: якум, дар ҳолати калимаву иборасозӣ вожаҳое, ки бо “й” анҷом меёбанд, реша ба тағйирот дучор намешавад, масалан: чойи кабуд, ҷойи нав, рӯйи миз. Ин тариқа решаи калимаро ба бача нишон додан осонтар мешавад, дуюм, хоси забони тоҷикӣ эълон шудани “ӯ”, дар калимаҳои ғайритоҷикӣ аз истифодаи “ӯ” худдорӣ кардан.
Аҳмадшоҳ Комилзода – муҳаррири нашриёти “Маориф” аз мушкилоте, ки ба сари муаллифон ва муҳаррирон бор аст ва монеаҳои мавҷуда дар «Фарҳанги имло» изҳори нигаронӣ кард. Ба таъкиди ӯ, то ин вақт «Фарҳанги имло»-и соли 2013 хуб хидмат кард, аммо имрӯз он қонеъкунанда нест.
– Баъзе мушкилот дар мавриди имло, ислоҳ ва истифодаи истилоҳот боиси баҳсу мунозираҳои зиёд мешаванд, – изҳор кард ӯ. – Ин мавзуъҳо ҳалталабанд, донишмандони зиёде ҳастанд, ки наметавонем онҳоро маҷбур кунем. Дар ин ҳолат ёрии шумо ба мо бештар лозим мешавад. Хурсандиовар аст, ки Фарҳанги имлои нав таҳия мешавад, аз рӯйи инсоф, розӣ ҳастем ё не, бояд аз рӯйи он кор кунем, муҳим он аст, ки қаблан ба баррасии мардум пешниҳод гардад. Бахусус, пешниҳоди онҳое, ки ба таълифу таҳрир сарукор доранд.
– Дуруст аст, то «Фарҳанги имло» дастраси мардум нагардад, ба дастовардҳо ноил гаштан дар ин самт осон нест, – иброз намуд М.Саломиён. – Дар татбиқи имло нашриёт нақши бештар дорад. Аммо бо вуҷуди аз назари муҳарриру муқарриз гузарондани китобҳо, ғалат зиёд мегузарад, фикр мекунам, назари ягона надоштани онҳост: муаллиф-муҳаррир-муқарриз. Аз ин рӯ, ҳар чи зудтар қарори қатъӣ бояд қабул гардад.
Р.Зулфониён бар ин назар аст, ки тавассути телевизион бо соҳибзабонон бояд як соат дарси забони тоҷикӣ ба роҳ монда, ҳар бегоҳ 5 истилоҳи тоҷикиро ба мардум пешниҳод гардонд. Ба гуфтаи ӯ, 70 фарҳангномаи соҳавӣ таҳия шуд, аммо то ҳанӯз мо дар истифодаи вожаи тоҷикии баъзе истилоҳот дармемонем. Масалан, ба ҷои “разведка” чиро истифода барем, намедонем.
Гилаи мо ҳам танҳо аз Кумита не, бештар аз забоншиносон аст. Вақте ки ба мавзуъҳои тадқиқотии муҳаққиқон назар мекунем, ҳама умумӣ, мушкилеро ҳал намекунанд. Чаро мавзуъҳои ҳалталаб мавриди пажуҳиш қарор намегиранд? Чаро меъёр муқаррар намегардад? Ду муаллифи як китоб ҳамфикр шуда наметавонанд, чаро? Кӣ бояд сари ин масъалаҳо андеша кунад? Вазорати маориф ва илм (ва зерсохторҳои он), Институти забон ва адабиёти АМИТ, Кумитаи забон ва истилоҳот ё забоншиносон?
Раҳим Зулфониён дар ин маврид на айби Кумита, балки айби забоншиносон ва аҳли забонро бештар мебинад. Ба таъкиди ӯ, се даҳсола шуд, мо фақат мегӯем, аммо ҳеч не ки касе грамматика нависад. Тавре ки М.Саломиён зикр кард, имло ҷанбаи таълим дорад. Татбиқкунандаи он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илм буда, дар амалишавии он ҳамаи мо, омӯзгорону олимон вазифадорем.
– Ин ҳолат бозомӯзии омӯзгоронро ба миён меорад, бояд омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ ҳатман аз курси такмили ихтисос гузаронда шаванд, саҳми АТТ, нашрияҳо ва нашриёт бояд назаррас бошад, албатта, бо инъикоси мақолаҳои таҳлилӣ, илмӣ, таълимӣ-методӣ ва пешниҳодҳои созанда. Бетаваҷҷуҳӣ ба имло ва иншонависии хонандагон ба ҳаддест, ки дар рисолаҳои илмӣ (дар ҳамаи ихтисосҳо, ҳатто забону адабиёт) ғалатҳои имлоӣ зиёд ба назар мерасанд. Барои ислоҳи кор ташхиси забонӣ дар ин самт бояд сурат гирад. Камтаваҷҷуҳӣ ба корҳои хаттии хонандагон ҳам аз риоя накардани меъёр аст. Дигар, барқарор кардани таълими забон дар нимгурӯҳҳо, ба ин васила мо бештар ба татбиқи имло таваҷҷуҳ кардаву ба меъёрҳо ва монеаҳо аҳамияти бештар дода метавонем.
Тавре зикр шуд, Қоидаи имло бояд дастури ҳамешагии кори ҳар омӯзгор бошад, имлоро муаллим таълим медиҳад ва набояд ба он бепарво муносибат кунад. Дар суҳбат зикр шуд, ки қоидаҳо бояд ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқ гардонда шаванд. Пас, чаро аз “муаллима, шоира ва адиба” даст кашидем? Аслан йотбарсарҳо барои осонии таълими имло ба кор бурда мешаванд, чаро бо истифодаи “й” ва садонокҳо онро душвор мегардонем (“чойу нон)? Баъзеҳо забонро ҳамчун фанни дақиқ ном мебаранд, чун дарки он душвортар аст. Ба ёд овардани таъкиди устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо” ҳам дар ин маврид баҷост. Пешниҳоди М.Саломиён сад дар сад дуруст аст: бояд таълими забон дар нимгурӯҳҳо сурат гирад ва бояд омӯзгорон дар курси такмили ихтисос дарси донишу маҳорат омӯзанд.
Масъалаи дигар барои ислоҳи кор ба китоби дарсӣ рабт дорад. Барои китоби хуб таълиф кардан як тими қавӣ бояд ҳавасманд гардонда шаванд. Мутаассифона, бар иловаи ин, байни ин тим ҳусни тафоҳум ва ҳамоҳангӣ нест, чунки меъёр нест. Як омиле, ки барои рушди соҳа солҳои охир мусоидат мекунад, фаъолияти сармояи хориҷӣ тавассути лоиҳаҳои гуногун аст. Албатта, хуб аст, ки шарикони рушд ба мо шароити хуб пешниҳод мекунанд, аммо беаҳамиятӣ дар чопи тавсияҳои ба ном методӣ ба замони тарҷумазада зиёд ба чашм мерасад. Оё ин лоиҳаҳо ба ин қадар маблағе, ки сарф мекунанд, наметавонанд пеш аз чоп бо ҳавасмандгардонӣ муқарризону муҳаррирони асилро ҷалб намоянд? Дар чопи китобҳои бадеӣ ҳам ҳамчунин. Вазорати фарҳанг ҳам бояд масъулиятро дар ин самт бештар эҳсос намояд. Яъне, Вазорати маориф ва илм адабиёти таълимиро назорат кунад, Вазорати фарҳанг адабиёти бадеиро бояд пайваста дар мадди назар қарор диҳад. На ин ки ҳар чопхона ба ихтиёри худ “осор”-и гаронмояи қисме аз “адибон”-и замонро тибқи меъёрҳои худ ба ихтиёри хонандагон вогузор намояд. Бисёр мехоҳем, ки назарҳои гуногуни забоншиносон, ки дар нашрияҳои соҳавӣ, бахусус, дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” чоп шудаанд, омӯхта шаванд. Фақат хондану гӯш кардан кофӣ нест, ташкили баҳсҳо дар ин ҳол маънии худро аз даст медиҳанд. Ба таъкиди Р.Зулфониён:
– Ҳеч қонун догма нест, тавре ки дар Феҳристи номгузорӣ пайваста иловаву ихтисор сурат мегирад, дар ин ҷо ҳам мо метавонем, фикрҳои мувофиқро ба назар гирем. Фаразан, қоидаҳои соли 2011 –ро ду бор тағйир додем. Дар ин ҷо ҳам ҳуқуқ дорем, андешаву назарҳои худро пешниҳод намоем.
Саидаи ФАЗЛ,
“Омӯзгор”
