РУШДИ МАЪНАВИИ ШОГИРДОН

Дар муассисаи таълимӣ, дар баробари дарсҳои фаннӣ, гузарондани машғулиятҳои тарбиявӣ дар ташаккули ахлоқи воло ва одоби неки хонандагон нақши муассир мегузорад. Мусаллам аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи забони муосир, ки ҷаҳонро равандҳои хатарзое, амсоли терроризму экстремизм фаро гирифтаанд, ба роҳ мондани машғулиятҳои тарбиявӣ, устодону омӯзгорон бояд аз сарчашмаю маъхазҳои иловагии бадеӣ, илмию назариявӣ ва ғайра ба таври огоҳмандона истифода намуда, дар зимн, ҳар як мавзуъро аз ҷиҳати моҳияту ҳадаф ва ғоя бо замони муосир алоқаманд намоянд.
Дар дарсҳои тарбиявӣ бояд ҳамаи хонандагони синф фаъол бошанд, андешаҳояшонро озодона баён ва доир ба мавзуи пешниҳодшуда баҳси гарму ҷӯшон ташкил намоянд. Афсӯс ки бо гузашти солҳо ҳоло ҳам иддае аз омӯзгорон – роҳбарони синф машғулиятҳои тарбиявиро ба таври қолабӣ, лексионӣ, якрангу дилгиркунанда мегузаронанд. Аз неруи зеҳнии шогирдон кам истифода мекунанд. Ҳол он ки маҳз дарсҳои тарбиявӣ бо муҳтавою ҳадафи ахлоқии худ хонандагонро дар руҳияи худогоҳӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, дӯст доштани Ватан, эҳсоси ормонҳои миллӣ, ба ҷо овардани ҳурмати калонсолон, ростқавлию поквиҷдонӣ, парҳез аз хабаркашию дурӯғгӯйӣ, коҳилию фиребгарӣ ва дигар хислатҳои инсонӣ тарбия мекунад. Таври мисол, ҳангоми баргузор намудани машғулияти тарбиявӣ дар мавзуи «Тоҷикистон – кишвари ман» дар оғоз дар хусуси муқаддасу шариф будани Ватан маълумот ироа намуда, перомуни соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ, ба даст овардани озодӣ ва бо иғвою дасисаи тоифаю гурӯҳҳои сиёсии мансабталаб сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва билохира, бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтани пеши роҳи ҷанг ва расидан ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ ҳикоят мекунам. Баъдан, ҷилави сухан ба хонандагон дода мешавад. Аз ҷумла, Зулола дар хусуси хидматҳои мондагору таърихии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, меафзояд, ки маҳз барои бо роҳбарии дурандешонаи ин марди ғаюру иродатманд хомӯш гардидани оташи ҷанги бемаънӣ ва ҳашт маротиба сари мизи гуфтушунид нишастан бо Иттиҳоди мухолифин ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат (аз ҷумла, зери тири тӯпу оташи ҷанг сафари таърихӣ анҷом додани Сарвари давлат ба мавзеи Хусдеҳи Ҷумҳурии Афғонистон) ва ниҳоят, 27 июни соли 1997 ба имзо расондани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба ӯ номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд…
Дар хотима омӯзгор мавзуъро ҷамъбаст намуда, изҳор медорад, ки ба андешаи мо, агар ҳар як омӯзгор бо чунин тарзу шева дарси тарбиявиашро гузаронад, бо боварии том гуфта метавонем, ки насли наврас ҳеҷ гоҳ ба роҳи каҷ нарафта, фирефтаи таблиғу тарғиби ғояҳои душманони миллат намегардад ва барои ба ватани худ — Тоҷикистони азиз хидмат кардан ҷаҳду талош мекунад.

Расул МУҲАММАДИЕВ,
омӯзгори таърихи
мактаби №86,
шаҳри Панҷакент