БО ОМӮЗГОРОН ҲАМКОРӢ БОЯД КАРД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳаввулоти иҷтимоиву маънавии ҷомеа, ки бешубҳа, бо омӯзгорону устодон пайванд мебошад, ба рушди соҳаи маориф пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, зеро ҳадафи асосии ислоҳоти соҳаи маориф фароҳам овардани фазову муҳити солим ва шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, бунёди зербинои мустаҳками маориф ва фарҳанг дар ҷомеа мебошад.
Муҳассилини имрӯза аз нигоҳи зеҳнӣ, андешаронӣ таҳлил ва ба даст овардани маълумот аз донишомӯзони пешин хеле тафовут доранд. Онҳо тавассути Интернет ва дигар шабакаҳои маълумотдиҳӣ аз воқеа ва рӯйдодҳои дунё огоҳ мешаванд, дар муқоиса раванди тағйирпазирии ҷаҳони муосирро таҳлил менамоянд ва барои такмили дониши худ аз технологияи рақамӣ истифода мебаранд.
Мо имрӯз аз дастовардҳои даврони истиқлол ифтихор дорем ва дарк менамоем, ки талабот ба соҳаи маориф боз ҳам бештар мешавад, чунки мо дар асри XXI зиндагӣ дорем ва илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Дар чунин шароит бояд хонандагону муҳассилини мо аз “қатора”-и асри нав қафо намонанд, бо асосҳои илму дониши замонавӣ мусаллаҳ гарданд, дар баробари забони модарӣ якчанд забони хориҷиро донанд, бо техникаву фановариҳои муосир кор карда тавонанд.
Кори омӯзгор инсонсозӣ, тафаккурсозӣ ва шуурсозист, ки иҷрояш саҳлу сода нест, аз омӯзгор дониши мукаммал, асаби устувор ва заҳмати пайваста талаб мекунад. Арҷ гузоштан ба омӯзгор ва мавқеи ӯ амалест, ки бо гузашти вақт самара меорад.
Барои эътирофи мавқеи омӯзгор ва пешаи омӯзгорӣ бояд падару модарон низ фаъол бошанд. Барои таълиму тарбияи самарабахши насли наврас ҳамкории волидонро бо омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ вусъат додан зарур аст. Масъулияти падару модарон барои омода кардани фарзандон ба зиндагии мустақилона ва омӯзиши дастовардҳои илми муосир аз мактаб камтар нест. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки робитаро бо аҳли ҷомеа, бахусус, падару модарон устувор намоянд, зеро агар падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир насозанд, рафтори ӯро чи дар мактаб ва чи берун аз он зери назорат нагирад, фарзандашон соҳибмаърифат, дорои донишу фарҳанги баланд ва ахлоқи ҳамида намешавад.
Дигар шарти рушду пешрафти соҳаи маориф дар сатҳи қонунгузорӣ эътироф намудани мавқеи омӯзгор аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дарҷ гардидааст, ки “Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”. Дар моддаи 53 як силсила имконот барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф муайян гардидаанд, ки айни ҳол дар доираи имконоти молии давлат амалӣ карда мешаванд.
Биноан, ҷомеаро низ зарур аст, ки дар навбати худ ба омӯзгорон ва пешаи омӯзгорӣ арҷ гузошта, аз ҳар амале, ки боиси паст гардидани эътибори омӯзгорон мегардад, худдорӣ кунанд ва дар муносибат ба ин масъала масъулиятпазиру ҳассос бошанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз мутолиа ва мубодилаи ахбори номуътамад доир ба фаъолияти омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ дурӣ ҷӯянд. Чунон ки дарҷ гардид, ҳар қадар ки ҷомеа ба омӯзгор бештар эътимод бандаду оила ба он такя кунад, омӯзгор дар тарбияи насли ҷисману руҳан солим ҳамон қадар комёб мегардад.

Раҳматулло РАҚИБОВ,
корманди коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод