“КОРВОНИ МАЪНАВИЁТ” – ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ

Ваҳдат асоси осудагӣ ва саодати халқ буда, барои миллати мо бузургтарин неъмат маҳсуб мешавад. Бо шарофати ҳамин неъмати воло дар сарзамини мо пояи сулҳу оромию осудагӣ барқарор гардид ва ҳама ноумедиҳо аз байн рафт. Вазифаи муқаддаси мо, зиёиён, аст, ки аз ҷиҳати маънавӣ, ба хотири ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат ва ба хотири ояндаи Тоҷикистони азизамон ҳамеша бо ҳам бошем, аҳлона ва ба хотири ободии Ватан амал намоем.
Фаъолияти пурсамари маҳфили муштараку сайёр, илмиву методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқии доимоамалкунандаи “Корвони маънавиёт”- и назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мутобиқ ба гуфтаҳои болост.
Ин маҳфил аз ҷиҳати дарбаргирии масоил, бахусус, инсоншиносиву худогоҳӣ ва сайқал додани маънавиёт, ки ба олами фикриву руҳии инсон марбут аст, хеле ғанист. Ҳар як машварати он ҷолибу шавқовар гузашта, дар замири иштирокдоронаш худогоҳии миллӣ ва якдилиро таҳким мебахшанд.
Бояд тазаккур дод, ки маҳфили мазкур 30 сол боз, яъне аз соли 1993 то ба имрӯз бо мавзуи “Ватанам-Тоҷикистон”, зери шиори “Корвон дар шоҳроҳи Ваҳдат” амал намуда, дар машғулиятҳояш ба мафҳумҳои дӯстиву бародарӣ, ваҳдат, истиқлол, озодӣ, сулҳу амонӣ, тарғиби анъанаҳои ниёгон ва иҷрои Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Фаъолияти маҳфил куллан ба истиқболу таҷлили шоистаи ҷашнҳои таърихӣ нигаронида шудааст. Аъзои он дар соли хониши 2022-20023 чор бор ба ҳам омаданд ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои хеш ҳарф зада, нақши “Корвони маънавиёт”-ро дар таҳкиму ваҳдати миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
Агар мо ба фаъолияти 30 — солаи маҳфили судманд назар афканем, мебинем, ки дар ин солҳо маҳфил таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимиро байни муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон паҳн намуда, чандин омӯзгори ҷавонро тарбия намудааст ва вохӯриҳои муҳимму муфидро бо намояндагони ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ барпо намуда, ҳамзамон муҳокимаи масоили арзишмандро ба роҳ мондааст.
Чунончи, самти аввал “Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.” аст. Алҳол фаъолияти пурсамари маҳфили “Корвони маънавиёт” баҳри таҳкими дӯстиву рафоқати тоҷикону тоҷикистониён равона гардидааст.
Самти дигар “Ватанам-Тоҷикистон” ном дошта, ҳадафи асосияш тақвият бахшидани дӯстиву рафоқат ва бародариву баробарии тамоми халқҳои ҷумҳуристу ғояҳои инсондӯстӣ, ҳамдилӣ, истиқлол, ваҳдат, озодӣ, сулҳу ризоиятро тарғибу ташвиқ менамояд.
Бояд гуфт, ки маҳфили “Корвони маънавиёт” зиёда аз 30 нафар узви доимӣ дошта, аз оғоз гурӯҳ аз фидоиёни соҳаи таълиму тадрис насли наврасро гирд овардааст. Сарварии маҳфилро нахустраиси созмони “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон, иштирокдори Анҷумани таъсиси “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акбаралӣ Усмоналиев ба уҳда дорад. Номбурда фаъолияти маҳфилро давра ба давра сайқал дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки машғулиятҳои маҳфил шавқовару диққатҷалбкунанда баргузор шуда, маънавиёти аъзои маҳфил такмил дода шавад.
Дар ҳақиқат, фаъолияти пурсамари маҳфили “Корвони маънавиёт” дар партави фаъолияти “Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, баҳри таҳкими дӯстию рафоқати тоҷикону тоҷикистониён ҳамчун меҳвари фаъолияти методӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон мебошад.

Фаррух АБДУЛЛО,
узви маҳфили “Корвони маънавиёт”,
собиқадори мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ