ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДАРС

Таҷрибаи амалии таълимӣ аз субъектҳои раванди таълим (омӯзгор ва хонанда) талаб мекунад, ки малакаи навро тавассути машқи зиёд то дараҷаи таҷриба (салоҳият) расонанд. Ҳар як фаъолияти таълимӣ иҷрои амалҳои мушаххаси хонандаро тақозо карда, аксари он амалҳо хусусияти таҳқиқотӣ доранд ва барои интихоби технологияи нави мувофиқ имкон фароҳам меоранд.
Пеш аз интихоби технологияи мувофиқ барои татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, моҳияти технологияи муосирро пурра баррасӣ кардан зарур аст.
Вобаста ба талаботи муносибати босалоҳият ба таълим якчанд навъи методи технологияи мувофиқ пешниҳод карда мешавад. Методи машқ, ки асосан вазифаи ташаккул додани маҳорату малакаро дорад, метавонад чунин усулҳоро дар бар гирад: намунаи кори муаллим, дар асоси намуна мустақилона машқкунии хонандагон, ба пешқадамон супоридани машқҳои иловагӣ, ҳамкории муаллим бо хонандагони донишашон суст, сустхононро руҳбаланд кардани муаллим, натиҷагирӣ ва ғайра. Солҳои тӯлонӣ мақсади асосии таҳсилот азхудкунии системаи донишҳои асоси илмидошта буд. Хотираи хонандагон бо ахбор, ном, мафҳумҳои гуногун пур карда мешуд. Барои ҳамин сатҳи дониши воқеии хатм-кунандаи муассисаи таълимӣ хеле баланд буд. Дар замони муосир сифати таҳсилот ҳамчун сатҳи малакаҳои мушаххаси умумитаълимӣ (байнифаннӣ), ки ба худмуайянкунӣ ва худфаъолиятии шахсияти хонанда вобастаанд, фаҳмида мешавад. Дар ин ҳолат дониш на «барои захира», балки дар маркази фаъолияти оянда ва вазъияти ҳаётӣ аз худ карда мешавад. Технологияи муосири фаъол тарзи ташкили раванди таълимиест, ки маҳаки асосии онро фаъолияти ҳаматарафа, фаъолгардонӣ ва иҷрои мустақилонаи амалҳои маърифатии хонандагон ташкил медиҳад. Ба ақидаи баъзе олимон, моҳияти технологияи таълимӣ ба ташаккули шахсият нигаронида шуда шинохтани хонанда ҳамчун симо (субъект)-и асосии раванди таълим мебошад: муносибати тафриқавӣ-ҷудо кардани хонандагон дар асоси фарқияти зоҳирӣ (омехта): сатҳи дониш, қобилият, навъи муассисаи таълим; муносибати фардӣ-муттаҳид намудани хонандагон ба гурӯҳҳои якхела; сатҳи азхудкунӣ, қобилият, соҳаи иҷтимоӣ (самти касб); муносибати субъектӣ-шахсӣ-шинохтани кӯдак ҳамчун шахси беназир, беҳамто, нотакрор.
Барои татбиқи муносибати мазкур аввал раванди таълимро бояд ба таври системанок ба роҳ монда, ҳамаи зинаҳои таҳсилотро фаро гирад. Кластер усули гирдоварии андешаҳои хонандагон доир ба ягон мавзуъ, мафҳум буда, дар шаклҳои гуногун тасвир меёбад. Хонандагон андешаҳояшонро доир ба мавзуъ баён карда, онҳоро бо ҳам алоқаманд мекунанд. Ин ба хонандагон имконият медиҳад, ки ҳамаи андешаҳои баёншударо дар як ҷо гирд оварда, дар баробари шунидани онҳо, тавассути аёният бо онҳо шинос гарданд. Маънои кластер «хӯша», «шохча» аст.
Мақсадҳо: гирдоварии андешаҳои хонандагон; бунёди вазъияти ҷустуҷӯ; инкишофи малакаҳои баёни мухтасари фикр; омӯзиши роҳҳои гуногуни гирдоварии андешаҳо; бо мақсади пешниҳод намудани маълумоти иловагӣ муайян кардани дониши хонандагон доир ба мавзуъ.
Кластерро метавон дастӣ ва ё электронӣ омода кард ва мавриди истифода қарор дод. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумат оид ба дастгирии неруи илмӣ, таҷдиди соҳаи илм ва ба самти ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ равона кардани он чораҳо андешида шуданд. Дар мамлакат таҳкими неруи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ давра ба давра рушд намуда, аз самтҳои асосӣ дониста шудаанд. Замони Шуравӣ барои намоиш додани маводи зарурӣ дар дарс, новобаста ба навъи он, аз воситаҳои техникии намоишдиҳӣ, ба монанди «Лектор», «Свитяз», «Лети» ва ғайра истифода бурда мешуд. Маводи намоишӣ ба тарзи марказӣ аз тарафи гурӯҳи муайяни мушовирону мутахассисҳо тайёр ва ба мактабҳо ирсол карда мешуд. Истифодаи онҳо дар мактабҳои тоҷикӣ монеаҳои гуногун дошт. Бо шарофати истиқлол, пешрафти илму техника ва дастрас будани компютеру техникаи компютерӣ омӯзгор имконият пайдо кард, ки воситаҳои зарурии намоиширо бо дарназардошти шароити маҳал ва дараҷаи дониши хонандагон худаш тайёр намояд. Ин маводи намоиширо омӯзгор бе харҷи зиёдатӣ бо истифода аз барномаҳои гуногун тариб дода метавонад. Аз барномаҳои гуногуни компютерӣ на танҳо омӯзгорон, балки олимон ва умуман, шахсони соҳиби касбу кори гуногун дар фанни дилхоҳу мавзуи дилхоҳ истифода мебаранд.

Умарҷони МИРЗОШАРИФ,
докторанти курси аввали Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав