ХИРАДСОЛОРӢ – ҶАВҲАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи профессор С.Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад»
Дар таърихи давлатдории тоҷикон идораи кишвар бар мабнои хираду дониш ва адабиёту илму фарҳанг ба роҳ монда шуда, на танҳо намояндагони адабиёт ва илм бо осори бадеию илмии худ заминагузори пешрафту тараққии мамлакат гардида буданд, балки дар ҳимояту ҳифзи марзу бум ва қаламрави мамлакат саҳми бузург гузоштаанд. Зеро подшоҳону ҳукуматдорон, билхоса, дар замони ҳукмронии Сосониён ва баъдтар Сомониён худ соҳибфазилату донишвар ва заковатманду доно маҳсуб мешуданд. Маҳз ҳамин омил ба он мусоидат намуд, ки давлати Сомониён ба қуллаи баланди рушду таҳаввул бирасад, ки ин давраро дар таърих ҳамчун давраи тилоӣ ва рушди ҳукуматдории тоҷикон унвон кардаанд.
Аммо дар марҳалаҳои баъдӣ таассубу ҷаҳолат, хурофот ва ҳисси тарсу ғуломиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи вақт руҳониён ва аҳли дин тарғиб намуданду густариш доданд ва нуфузи фаҳму дарки омиёна боло гирифту хираду донишсолорӣ батадриҷ саркӯб гардид, ки фарҷоми он аз байн рафтани давлати Сомониён буд. Ин андеша дар мақолаи пурмуҳтавои илмии профессор С.Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», ки перомуни Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 23.12.2022) таълиф ёфтааст, дарунмояи ғояву ҳадафи афкори муаллифро ташкил додааст. Воқеан, ҷомеаи мутамаддину хирадгаро дар ҳама давру замон боиси зиндагии босаодату рифоҳи мардум ва таҳкими сулҳу субот дар қаламрави ину он кишвар мебошад. Аз ин нуқтаи назар, бо усулу наҳваи муқоисавӣ бозгӯйӣ намудани муваффақияту дастовардҳо дар соҳаи маориф, ки зербинои такомулу рушди давлату ҷомеа ба шумор меравад, аз ҷониби муаллифи мақола огоҳона буда, мавсуф бар он таъкид мекунад, ки афзалияту бартарии нақши илму дониш, мактабу маориф ва касбияту тахассусмандӣ дар ин самт аз омилҳои таъсиргузор, асосӣ ва калидию ҳалкунанда ба ҳисоб мераванд. Аз дигар сӯ, пешрафту таҳаввулоти давлату ҷомеа ба сатҳи ҷаҳонбинию фаҳми қишрҳои гуногуни он вобастагии зичу амиқ дорад, ки ин масъала низ дар матлаби мазкур ҷойгоҳи вижаро доро мебошад. Мазмун, ҷаҳонбинии қолабию маҳдуд ва тангназаронаи таассубию хурофотӣ бо ҳар роҳу васила монеи тараққии давлат ва мунтаҳо, заифию заволи давлатдорӣ мегардад. Ҷаҳонбинии пешрафта (прогрессивӣ), ки баста ба донишҳои гуногуни илмӣ ва хираду маърифат мебошад, бешубҳа, кишвару миллатҳоро аз низоъҳою бархӯрд ва муқовиматҳои дохилӣ (мазҳабӣ, хурофотӣ, тафриқаандозӣ ва амсоли инҳо) нигоҳ дошта, садди роҳи ошӯбу ҷанг ва даргириҳо мегардад. Аз ин рӯ, дар давлати мутамаддин нақшу мақоми тарбия, ки ба ниҳоду сохторҳои давлатӣ ва аъзои ҷомеа вобаста мебошад, баҳри мусаллаҳ гардидани насли наврас ва ҷавонон ба донишҳои мукаммали замонавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии фарох хеле бузург аст. Ин андешаро профессор С.Ятимов ба таври махсус таъкид намуда, мегӯяд:
«Давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ наметавонад ва ҳуқуқ ҳам надорад, ки дидаву дониста ва бошуурона дар дохили ҷомеа нисбат ба падидаҳои аз лиҳози тарбия номуваффақ, ки имкон дорад, дар ояндаи наздик ва дур ба сохти конститутсионӣ, суботи мамлакат хатар эҷод кунанд, бетараф бошад. Чунин талабот фарогири ҳама қишрҳои ҷомеа аст. Он чунин масъулияти бузургро бар дӯши падару модар, мактабҳои миёнаву олӣ масъулони соҳаи дин, хулоса, кулли ҷомеа мегузорад. Муколамаи байни одамон мебояд дар асоси арзишҳои умумибашарӣ ба мақсадҳои рушди миллӣ созгор бошад».
Дарки ин масъала ва бардошту таҳлилҳои илмии муаллифи мақола дар иртибот ба ҳаводису рухдодҳои солҳои ахир дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, хусусан, Осиёи Наздик, ки зуҳури равандҳои хатарноку зиддибашарӣ бо амалкарди террористону экстремистон ва ифротгароёни бунёдӣ ҷомаи амал пӯшидаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки мағзу ҷавҳари ин ҳама низоу ҷангҳо дар адами донишу хирад ва ҷаҳонбинии пешрафтаю интеллектуалӣ нуҳуфтааст.
Аз ин нигоҳ, масъулияту рисолати мактабу маориф, омӯзгорону устодон дар тарбияи насли худогоҳу соҳибватан ва дорои ормонҳои волои миллӣ, ки амнияту осудагии миллату давлат амиқан ба онҳо вобастагӣ дорад, хеле муҳим ва муассир ҳисоб меёбад. Таассуб, ҷаҳолат, нодонӣ, ки решаи ин омилҳо баста ба хушунату бераҳмӣ ва амалӣ намудани ғояҳои хурофотию асримиёнагӣ аз ҷониби гурӯҳҳои фурсатталабии қудратхоҳ мебошад, ҳар лаҳзаву соат метавонад сар занад ва мағзу ақлҳои ҷавонони тангназару андакхондаро заҳролуд созад. Майлу таваҷҷуҳ пайдо кардан ба равияҳои зиддимиллӣ ва гурӯҳҳои қудратталаби ҳангомаҷӯ ҷавононро ба кӯйи раҳгумзадагӣ тела медиҳад, ки паёмадҳои он таассуфангезу фалокатбор аст. Чунин андешаи профессор С.Ятимов одилона ва саривақтист: «Фаъолияти мактаб, маориф – кӯшишҳои ташаккули ҷаҳонбинии мардум, махсусан, ҷавонон мебояд ба он нуқтае равона карда шавад, ки маҳз худи инсон, дониш, хирад, ақл ва фаросати ӯ омили хушбахтии ӯст. Халқҳои пешқадами олам, ки имрӯз мусулмонҳо пойбанд ва вобастаи онҳо ҳастанд, барои худ афсона, тасаввуроти ғайриодӣ намебофанд. Саҷда ба донишу хирад мекунанд. Ба умеди фазилат ва донишҳои замонӣ ҳастанд. Ба гуфти Абуалӣ ибни Сино, агар ба чароғ равған ҷон бахшад, ба инсон илм».
Ба таъкиди муаллиф, яке аз омилҳое, ки дар самти тарбияи неки ахлоқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии пешрафтаи насли наврас ва ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшад, китоби дарсӣ ба шумор меравад. Китобҳои дарсӣ бозгӯйкунанда ва ифодагари ғояҳову андешаҳои озодихоҳонаю созандаи намояндагони адабиёт (хусусан, адабиёти форсу тоҷик) ба ҳисоб рафта, дар талқини амалу хисоли некманишӣ, пиндору гуфтори нек, соҳибфазилату тавонманд ва ҳамадону донишманд будани инсон, ки Абуалӣ ибни Сино, Хайёму Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва аз шуарову удабои асри XIX Аҳмади Донишу Савдо ва Тошхоҷаи Асирӣ дар осорашон инъикос кардаанд, хидмати шоиста ва нақши ҳалкунандаро иҷро хоҳанд кард, зеро дар меҳвари ин осор шаҳомату шукӯҳ ва қудратмандию иззу шарафи инсон қарор дорад. Тавре ки Умари Хайём рисолати созандагии инсонро сутудааст:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми фалак гавҳари биниш моем.
Ин доираи чарх чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.
Ба таъйиди муаллифи мақола, китобҳои дарсӣ ифодакунандаи манфиату ормонҳои миллӣ буда, дар ташаккулу таҳаввули ҷанбаҳои хештаншиносӣ ва солимии тафаккуру ҷаҳонбинии насли наврас аҳаммияти бузургро доро мебошанд ва мутобиқ намудани манфиатҳои ҳар фарди ҷомеа ба манфиатҳои умумимиллӣ, ки эҳсоси бузурги ҳамраъйии ватанпарваронаро эҷод мекунад, бояд ҳангоми таълифи китобҳои дарсӣ ба назар гирифта шаванд. Аз нигоҳи С.Ятимов, амнияти давлат ба манфиатҳои миллӣ, таҳлилу натиҷагирии илмии марҳалаҳои таърихии рушд ё завол ёфтани миллату давлат, ба ҷаҳонбинии фарох ва донишҳои андӯхтаи намояндагони дину мазҳаб, ки ҳамчун шуури ҷамъиятӣ ҳуқуқи иштирок дар ҳаллу фасли масоили сиёсию иҷтимоиро доранд, иртиботи амиқ дорад. Ин масъала дар боби «Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ»-и матлаби мавриди назар ба гунаи жарф, бо таҳлилҳои фарогир ва хулосаҳои инфиродии муаллифи мақола тавзеҳу тафсир ёфтаанд.
Мулоҳизаҳои профессор С.Ятимов таҳкимбахши нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда ба шумор рафта, мавсуф ин омилро ба таври махсус таъкид намудааст:
«Дар маҷмуи ақидаҳои олам, ки миллатро ба истиқлол, ваҳдат, субот, оромӣ ва осудагӣ ҳидоят мекунанд ва рушди мамлакат-ро таъмин месозанд, идеяи давлати миллӣ, албатта, дар ҷойи аввал мебошад. Ин нуктаи ҳаётан муҳим дар таълимоти Пешвои миллат нақши муайянкунандагӣ дорад». Бурузу зуҳури таассуб, ҳурофоту мавҳумот, ки бар ақлу дарроку донишу хирад ва тафаккури созанда тасаллут ёфтааст, як идда кишварҳои Осиёи Наздик, аз ҷумла, Афғонистонро ба сарзамини ноором ва мардуми онро ба сарсонию ваҳшатзадагӣ мувоҷеҳ сохтааст. Дар ин кишвару чанд мамлакати дигар аҳкому аркони схоластикии асримиёнагӣ ва табъиду табъизу хушунат ончунон нуфуз пайдо кардаву реша давондааст, ки ҳуқуқи занону кӯдакон билкул помол гардида, онҳо бо ину он баҳона ва «қавоиду қавонин»-и сардорони навбаромади мазҳабӣ аз таҳсил кардану маълумот ба даст овардан маҳрум шудаанд. Ақидаҳои ифротию бунёдгаронаи хурофотӣ дар ин кишвар дар меҳвари сиёсати ҳукуматдорон қарор гирифта, онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми азиятдидаро дар торикию ҷаҳолат ва дур аз озодию ворастагӣ нигоҳ доранд.
Аз ин нигоҳ, хулосаю ҷавҳари мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» он аст, ки дар ҷомеа ҳувияти миллӣ бояст бар эҳсосу андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ дастболо гардад, ки ин омил ҷавҳари бақою ҳастии давлату миллат ба шумор хоҳад рафт. Дар таҳкиму тарғиби ақидаҳои озодандешона, ватандӯстию ҳувиятхоҳона саҳму нақши зиёиёни кишвар – олимон, шоирону нависандагон, устодони макотиби олӣ, омӯзгорони таълимгоҳҳо, фарҳангиён, ҳунармандон, ба як сухан, гурӯҳи пешрави ҷомеа хеле бузургу нозудуданист.
Бад-ин манзур, дар муқобили ҷаҳолат танҳо бо каломи созанда, афкору ғояҳои илмӣ, ки аз арзишҳои милливу тамаддунсоз сарчашма мегирад, метавон муборизаи боҳадафу беамон бурд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»