ШУКӮҲИ ЗИНДАГӢ АЗ ВАҲДАТ АСТ

Ваҳдати миллӣ рукни асосии давлатдорӣ буда, дар ташаккули ҳар як халқу миллат мавқеи хосса дорад. Маҳз мавҷудияти Ваҳдати миллист, ки Истиқлоли давлатӣ побарҷо ва роҳи рушди давлатдорӣ устувор аст. Таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, халқияту миллатҳое, ки Ваҳдати миллӣ надоранд, мавҷудияти худро зери хатар бурда, барои муваффақ гардидани душмани худ шароити мусоид фароҳам месозанд. Дар таърихи давлатдории мо, тоҷикон, баъзе давраҳои таърихие дар чунин шакл мавҷуд буданд, ки душманони мо аз онҳо ба таври васеъ истифода намуда, ба Ватани аҷдодии мо ҳуҷум намудаанд. Яке аз давраҳои тираву торик дар масири давлатдории тоҷикон давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошад. Мавриди ёдоварист, ки пас аз ғалабаи Инқилоби октябр ва барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли ин иттиҳод буд ва мардуми тоҷик дар рушди он дар баробари дигар халқияту миллатҳо саҳми беназири худро гузоштанд.
Дар солҳои 80-уми асри ХХ ин давлати абарқудрат дучори буҳрон гардида, таназзул ёфт. Дар ниҳояти кор 8-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ ба таври расмӣ барҳам хурда, ба ҷои он ИДМ таъсис ёфт. Пас аз барҳам хурдани он давлатҳое, ки тӯли 70 сол аъзои ин иттиҳод буданд, яке паси ҳам истиқлоли худро ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳои узв 9 сентябри соли 1991 ба таври расмӣ мустақилияти худро соҳиб гардид. Мустақилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик як туҳфаи бузурги таърихӣ буд. Зеро пас аз барҳам хурдани давлатдории Сомониён миллати тоҷик тӯли чанд садсола ҳаёти худро дар зери ҳукумати давлатҳои турктабор сипарӣ менамуданд. Мутаассифона, душманони миллат аз фурсат истифода карданд ва як миллати воҳидро ба маҳалҳо тақсим намуда, муқобили якдигар гузоштанд. Аз моҳи майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 тухми нифоқро миёни миллати тоҷик кишт намуда, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро равшан намуданд. Ҷанги шаҳрвандии баамаломадаи солҳои 90-уми асри ХХ таъсири худро ба ҳама самтҳои давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол расонид. Хушбахтона, ба ҳама мушкилоти ба сари миллати тоҷик омада нигоҳ накарда, 16 ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик саҳифаи наву дурахшон боз гардид. Дар ин рӯзи таърихӣ шахсияти нотакрор, марди сулҳпарвар, инсони дурандеш, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо ҳамин хишти нахустини бинои ваҳдат дар миёни мардуми тоҷик гузошта шуд. Мардуми тоҷик ба думболи Сарвари тозаинтихоб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ба ҳам омадану васл шуданро пеша карданд. Раванди барқароршавии сулҳ ва ваҳдати миллӣ миёни тоҷикон дорои чанд марҳилаи таърихӣ мебошад. Бо мақсади хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқароршавии сулҳ, моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз гардид. Гуфтушуниди байни тоҷикон дар Афғонистон, Эрон, Покистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия борҳо баргузор гардид. Ниҳоят, мардуми тоҷик ба мақсади ниҳоии худ расиданд. 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон дар шаҳри Москва ба имзо расид. Имзои созишномаи мазкур барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи васеи тараққиётро боз намуд. Мардуми тоҷик аз дасисаи афроди мансабҷӯ раҳо гардида, ба ободии Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бастанд. Бо туфайли таъмин гардидани ваҳдати сартосарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо пешравии назаррасро соҳиб гардид. Аз ҷумла, маорифи кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳиби як қатор дастовардҳои бесобиқа гардид.
Бояд таъкид намуд, ки дар тӯли солҳои 1991-1997 маорифи мамлакат рӯзҳои душвортаринро аз сар мегузаронид. Дар ин давра соҳа ба танқисии молиявӣ рӯ ба рӯ гардида, маблағгузории давлатӣ дар ин самт ба маротиб поён рафта буд. Маоши омӯзгорон пардохт намегардид, қисме аз онҳо дар зери таъсири фишори зиндагӣ тарки пешаи омӯзгорӣ намуданд. Бар асари ҷанг дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншооти таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд. Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди соҳаи маориф ва ислоҳоти он, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилот, беҳтар намудани вазъи моддии омӯзгорон, тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, беҳдошти вазъи муассисаҳои таълимӣ як қатор барномаву консепсия ва стандартҳои давлатиро таҳия намуд. Танҳо дар фосилаи солҳои 2002-2006 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф 10 барномаи давлатӣ, 5 нақшаи миллӣ ва даҳҳо қарору санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Аз соли 2004 то соли 2009 тақрибан 3 ҳазор ҷавони тоҷикистонӣ ба таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Соли 2010 дар хориҷи кишвар 618 донишҷӯ, соли 2011 -1211 нафар, соли 2012 -1269 нафар донишҷӯ таҳсил менамуданд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Вобаста ба ин, ҳамасола дар ҷумҳурӣ олимпиадаҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуда, ғолибон ҳавасманд гардонида мешаванд.
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
ректори ДДОТ
ба номи Садриддин Айнӣ