БАШОРАТ

Ҳар субҳ, ҳангоме ки аз хоб бархоста, дар кӯча садои говону барраву бузғолаҳоро мешунавам, ки писаракону духтарчаҳо ба подаҷо мебаранд, қалбам ширин-ширин гум мезанад, эҳсоси болидагию нишот дар замирам ангеза мекунад, ҷонам ташнаи ҳазорон омолу ҳавас зери лаб пажвок мезанам:
– Дуруд ба мардуме, ки дар муҳите орому амн ба майли хотир ва осудаву фориғ аз ташвишҳои дунёи дун зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ва гоҳе ҳам, ки барзгареро ҳамроҳ бо фарзандону наберагонаш дучор меоям, ки ҷодаро садои ҳарф задану танини гомҳову хандаҳояшон фаро гирифта, досҳо дар китфу кӯзаҳои пуроб дар даст ҷониби саҳро мешитобанд, то гандуми ба заҳмат парваридаи хешро, ки инак, пухтаву расидааст, бидараванд, аз фараҳу масаррате беинтиҳо сарам ба осмон мерасад. Ингуна хонандагони дабистони деҳ – писарону духтаронро якҷо бо омӯзгоронашон бо либосҳои зебову чеҳраҳои аз ғояти шодмонӣ барафрӯхта, ки ҷониби мактаб равонанд, мебинам, нидо мекунам:
– Зиҳӣ миллате, ки новобаста ба тазоду мураккабиҳо ва муборизаю муқовиматҳое, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, бад-ин наҳву шева, озоду вораста аз ҳама тааллуқоти олам, аз пайи зиндагии рангин ва амалҳои неку созанда аст!
Аммо…
Аммо замоне буд, ки одамони баднияту бадманиш, ки ба олами зебову музайян ва пероста бо анвори ҷонбахшу зиндагизо аз паси айнакҳои сиёҳ менигаристанд, дар талаби манофеи шахсӣ ва соҳиб шудан ба курсию мансаб ин сарзамини сабзу шукуфо ва ободонро ба коми ҷанг кашиданд. Гову мол, гӯсфанду бузғолаҳо аз пода канор монданд, зеро писаракону духтарон буҳтзадаву ҳаросе дар дил дар кунҷи хонаҳошон хазида, аз фарти андӯҳе лобаён як луқма нон ба даҳон намебурданд. Ва барзгар роҳи саҳрою гандумзорро бехӣ ба боди фаромӯшӣ супурда, аз пайи ҷустуҷӯйи писараш сар ба ҳар кӯю дар мезад. Камонбадастони бехирад ба ҷони касе раҳм намекарданд. Гандум нодарав монда, зери пойи чорво пахш гардид. Меваҳои дарахтон пухтаву расида, мерехтанду мерехтанд рӯйи замин ва ботил мешуданд. Дуди ғализи оташи ҷанг пеши чеҳраи хуршед садде бардошта, нуру равшанӣ ғайб зада буд. Дари мактаб баставу ҷодаҳо холӣ, ту гӯйӣ, ин низоу ҷангу даргириҳоро поёне набошад. Муаллимон ҳамроҳи занону мардон ва пирону мӯйсафедон ба шаҳр раҳсипор гардиданд, то ноневу муште орд ба каф оранд. Духтараке бо исми Ҷамила, ки он ҳангом 10 солаш буд, бо модарашу додарча ва хоҳаракаш (падарашро даст баста, аз хонаашон бароварда, ба самти номаълум бурда буданд) аз хонаю ҳавлияшон рӯ ба фирор оварданд. Ҳар гоҳ садои ваҳмовару гӯшкаркунандаи тирҳо, ки аз техникаи низомии вазнин ба сӯе партоб мешуду гулӯлаҳое ин ҷову он ҷо метаркиданд, ба гӯш мерасид, духтаракро даҳшат фаро мегирифт, мепиндошт, ки ҳамин ҳоло ин гулӯлаҳо дар пеши пойи онҳо метарканд ё тирҳои дайду ба пайкарашон мерасаду он гаҳ… ҳаёт ба поён мерасад, ин ҳама рангрезию сабзию шукуфоии олами атроф ба таври абадӣ маҳв мешавад. Пас, зистану талошҳои инсон дар рӯйи олам аз баҳри чист? Ҷанг, хунрезӣ, ба тарсу таҳлука ва ваҳшат гирифтор кардани ҳамҷинсони хеш? Наход, зиндагӣ кардану гӯшаеро обод намудану ба дилҳои ҳамдигар нуру сафо бахшидан амале беҳуда ва нодаркор бошад? Ҳоли модараш бас вазнин буд, дили Ҷамила месӯхт ба ӯ. Аз дасти писараку духтарчааш доштаву тифли кӯчак дар пушташ, ашк аз бари рухсораҳояш шорида, бо азоб, банди андешаҳои ғамовар гаронборона қадам мезад. Лабҳо парсингбаставу гуруснагӣ чу деве хашмӣ бар ҳисори танашон нуфуз карда. Бадин ҳолу ҳаво, баъд аз тайи манзилу мароҳил ба деҳе расиданд, ки Гулбед ном дошта ва зери дарахте тановару боазамати чанор биншастанду лаҳзае орамиданд. Дар ин ҳангом хоҳарчаву додараки Ҷамила ба гиряву нола сар карданд, “нон, нон” –гӯён овозашон баланд шуд. Ҳеҷ ором намешуданд. Гӯши фалак кар мешуд, аммо садое аз он боло ба гӯш намерасид. Олам ба кавире сӯзону бегиёҳ ва оташгирифта монанд гардида. Дар ин садову фиғону навҳа зане миёнаумр, ки рӯймоли ғафс даври сару гарданаш баста буд, аз даре баромад ва модару фарзандонашро зери чанор дида, оҳиста-оҳиста сӯяшон гом бардошт. Аз ҳолу зиндагияшон пурсон шуд. Модари Ҷамила тавону неру дасту пойҳояшро тарк карда, бо овози хаста андак-андак аз вазъи талху рӯзи сиёҳаш ба зан ҳикоят кард ва “уф-уф…”- гӯён оҳ кашид. Об дар дидагони он зан ба пайдо омад, лаби рӯймол ба дандон бурда, сӯйи хонааш биштобид ва лаҳзае баъд нони гандумӣ дар даст берун омад аз хона. Нонро ба модари Ҷамила дод.
– Эҳ Худо, чашми камондоронро кӯр кунию тинҷию амонӣ шавад, бечора мардум як лаб нонашро орому осуда, беташвишу беминнат ёфта, бо ҳам бинанд,- ҳасрат кард зан ва афзуд:
– Охир, гуфтаанд- ку, банда ба умед, шайтон ноумед. Наход, ақли ин худобехабарҳо надарояду ҷангро бас накунанд? Ё Худоё! Баъд аз тановули нон зан аз модари Ҷамила пурсон шуд, ки азми куҷо доранд?
– Ҳеҷ ҷову макони ошнову дилпура намедонам, -арзи ҳол кард модар. Рӯ ба раҳми Худо, меравам ба тарафи кӯҳпораҳо. Дигар чӣ донам?
Зан, ки солеҳаву порсо ва боназокату тарбиятдида буд, аз роҳи раҳму сидқу одамият аз дасти духтару додари Ҷамила бигрифт ва гуфт, то оромиву осудагӣ дар хонаи мо мемонед ва худ пеш-пешу Ҷамилаву модараш аз қафо сӯйи дари дутабақа равон гардиданд…
Аммо аз шавҳари зан – модари Ҷамила нақл кунем, ки боре шабона бо мадади ҷавони ҳамдеҳааш аз ситоди камондорон фирор карду роҳ ҷониби дарё, сӯйи Афғонистон гирифт. Ва дарёи Панҷ шӯридаву кафк бар лаб чу уштури маст ҷорӣ мешуду ғавғою садои ваҳмовараш тарсу ваҳме бар дилҳо ҷо мекард. Падари Ҷамила ҳамроҳи дигар мардуми овораю берӯзӣ (зану марду тифлон) то шомгоҳ, то фаромадани торикӣ дар соҳили дарёи хунмаст бемуродона, гуруснаю ташна қадам мезаданду боди сард аз ҷигар берун мекашиданд. Баъд аз намози хуфтан падари Ҷамила пинҳонӣ, поида-поида ба хонааш меомад, ки деворҳои он аз беодамӣ ҳуввок мекашид ба сараш. Аз анҷомхона бурдаҳои нони хушки обаш паридаро дар рӯймоле баста, дубора ба соҳили дарё бармегашт. Пораи нонҳоро ба оби дарё тар кардаву бо дили кабоб фурӯ мебурд бо ҷамъи ҳамдеҳагони фирорӣ.
Ингуна рӯзҳо тирвор гузаштанду андак-андак хабарҳои хуш ба гӯши фирориён расиданд, ки камондорон дар бисёре аз минтақаҳо силоҳи худро супорида, тасмим гирифтаанд, ки аз пайи зиндагии осудаҳолона шаванд…
…Ва он рӯзи фирӯзу пурсурур, ки тантанааш тамоми шаҳру навоҳӣ ва манотиқи ҷумҳуриро фаро гирифт, фаро расид. 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид ва ба “ҷанги бунёдсӯзи тоҷикон” хотима гузошта шуд. Фирориён аз он сӯйи дарёи Ому ба ватан баргардонида шуданд. Падари Ҷамила баъд аз кофтукову ҷустуҷӯҳои зиёд билохира ҳамсарашу фарзандонашро аз деҳаи Гулбед дарёфт ва ҳамагон ашки шодӣ рехтанд. Ба зодгоҳашон баргашта, ба зиндагии тоза шуруъ карданд. Инак аз он айём 26 сол сипарӣ мегардад. Ҷамила пас аз хатми мактаб ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кард ва то ин дам дар таълимгоҳи зодгоҳаш ба пешаи омӯзгорӣ машғул аст.
Ӯ ба такрор мегӯяд:
– Худованд он рӯзҳоро ҳеҷ гоҳ дубора ба сари фарзанди тоҷик наорад! Охир, қувваи мушт дар даҳ ангушт аст. Шукр кунему ба қадри ин рӯзгори тинҷу саодатбахш бирасем.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”