ТИРГОН – ХУҶАСТАҶАШНИ НИЁГОН

Ҷашнҳои миллии мавсимии тоҷикон — Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангие мебошанд, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, онҳоро ниёгони мо – ориёиҳо бунёд гузоштаанд. Дар масири пурталотуми таърих аҷдоди тоҷикон ин ҷашнҳоро чун василаи пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи худогоҳӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан шинохтаанд ва гиромӣ доштаанд.
Ҷашну расму оинҳо ҳамчун намунаҳои фарҳанги миллӣ дирӯзу имрӯзи ҳаёти халқро ба ҳам мепайванданд ва барои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу амонӣ, дӯстӣ, арҷгузории арзишҳои маънавӣ, тарбияву ахлоқ ва мустаҳкам шудани худшиносӣ воситаи муҳим мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми октябри соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” ба иштирокдорони симпозиум ва умуман, ба аҳли илму фарҳанг рӯй оварда, таъкид намуданд, ки: “Дарвоқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд”.
Ин суханони Роҳбари давлат ба аҳли зиёву адаб ангезае барои таваҷҷуҳи бештару беҳтар ба омӯзиши ҷашнҳои миллӣ гаштанд ва мо шоҳиди он ҳастем, ки омӯзишу пажуҳиши таърих, одобу русум ва суннатҳои ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада сол то сол бештар ва густардатар мегардад. Аммо ҷашни Тиргон дар ин миён ҳанӯз дуруст омӯхта нашуда ва барои мардум ноошно мебошад…
Об ҳамчун бузургтарин неъмати табиат дар низоми офариниши оламу одам, ҳаёти гиёҳону ҷонварон ва мардумон дар байни ҳамаи халқу ақвом ва адёну асотир мақому манзалати олиро доро мебошад. Аз ҷумла, об яке аз чор унсури асосии табиат аст, ки дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик ҷойгоҳи хоссе дорад. Арҷгузорӣ ва эҳтироми об баробари оташу хоку бод дар байни халқҳои эронитабор аз даврони қадимтарин ибтидо мегирад, ки ишораву тасвири онро дар китоби Авесто, адабиёти паҳлавӣ, бозмондаҳои асотири бостон, осори ҳунар ва намунаҳои фолклорӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Тибқи маълумоти «Бундаҳишн», Ҳурмузд дар гетӣ ё олами моддӣ нахуст осмонро офарид ва сипас аз гавҳари осмон обро халқ намуд. Офариниши об панҷоҳу панҷ рӯз давом карда, дар рӯзи Обони моҳи Тир ба анҷом расид ва панҷ рӯз диранг (таваққуф) кард. Баъдан аз рӯзи Меҳри Тирмоҳ сар карда, аз об заминро дар ҳафтод рӯз офарид. Ҳамин тариқ, офариниши гиёҳону ҷонварон ва мардумон идома меёбад.
Об дувумин офаридаи моддӣ буда, мутобиқи ривояте, аз ашк ва ба ривояти дигар, аз бод офарида шудааст. Нахустин қатраи об баробар бо паҳнои ҳамаи обҳо будааст. Пасон Аҳурамаздо бо ёрии он об замин, абру боду борон ва барфро офаридааст.
Об дар асотири Эрони бостон марбут ба Аҳурамаздо ва эзадони нек аст, зеро бунёди офариниш ба об вобаста аст. Дар мазмуни устураҳо баён шудааст, ки офаридаҳои аҳуроӣ аз обу чашмаву дарё ва борон пуштибонӣ мекунанду махлуқони аҳриманӣ обҳоро шӯру гандидаву касиф месозанд. Аз ин рӯ, дар Авесто таъкид мегардад, ки махлуқоти зишткирдори аҳриманӣ бояд аз сари обҳо дур карда шаванд.
Инчунин, дар устураҳои қадимии эронӣ Тиштар номи эзади борон буда, дар Авес-то дар шакли Тиштрйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар форсии навин бо номҳои Тиштр ва Тир зикр шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонидан аст. Ҷашни Тиргон ба ҳамин фариштаи бостонӣ – Тиштар марбут мебошад.
Дар «Тир-яшт»-и Авесто Тиштар ба унвони ситораи ройуманди фарраманд ва эзади тавонои неруманди тезбини баландпояи забардаст тавсиф ва ситоиш шудааст. Тиштарро писар ва ё набераи Апам Напат хондаанд ва гуфта мешавад, ки тухмаи об дар ӯст. Тиштар ба пайкари аспи поке даромада, бо париён, ки ба пайкари ситорагони дунболдор табдил шуда, ба назди дарёи Фарохкарт омада буданд, дар набард мешавад ва онҳоро дар ҳам мешиканад. Ва ӯ ба дарё даромада, хезобҳо, яъне мавҷҳоро бармеангезад. Он гоҳ Сатвиси – ёвари ӯ обҳоро ба ҳафт кишвар мерасонад. Сипас Тиштар рӯй ба сӯйи кишварҳо меоварад, то онҳоро аз соли хуш баҳраманд кунад.
Дар кардаи шашуми «Тир-яшт» зикр шудааст, ки Тиштари ситораи ройуманди фарраманд ва Апаоши деви хушкӣ ба ҳам меҷанганд. Тиштар ба пайкари аспи сапеди зебое бо гӯшҳои заррину лигоми зарнишон табдил мешаваду Апаошаи дев, ки хушксолӣ овардан вазифааш буд, ба пайкари аспи сиёҳи саҳмноки беёлу дум медарояд. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.
Ҳамин тариқ, дар фарҳанги мардуми тоҷик то ба имрӯз бовару эътиқод ва устурапораҳои зиёде мушоҳида мешаванд, ки аз тасаввуроти асотирии ниёгони мо роҷеъ ба обу дарё, борон ва ҳодисаҳои дигари табиат ба вуҷуд омадаанд.
Ҷашни Тиргон дар баробари Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи эронӣ, дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Ба ҳисоби дигар, оғози моҳи Тир рӯзи дарозтарини сол ва ё ба истилоҳи нуҷумӣ – “инқилоби тобистонӣ” аст.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас, Тиргон ҷашни тобистонии мардумони ориёитабор буд, ки мутобиқ ба 3 ё 4-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, ниёгони мо илова ба идҳои динии зардуштӣ, дар чор фасли сол чор ҷашни марбут ба табиат доштанд.
Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон шоҳи пешдодӣ Манучеҳр аз Афросиёб шикаст хӯрд ва Афросиёб Манучеҳршоҳро дар Табаристон ба муҳосира даровард. Ин муҳосира муддате давом ёфт, чунонки шоҳу сипоҳонаш аз норасоии хӯрок азият мекашиданд. Дар гуфтугӯе, ки барои сулҳ миёни Афросиёб ва Манучеҳр воқеъ шуд, шоҳи Эрон пешниҳод кард, ки марз байни ҳар ду кишвар ба андозаи масофати партоби як тир аз сӯйи тирандозе аз сипоҳаш таъйин шавад. Шоҳи тӯрониён ин пешниҳодро қабул кард.
Ба фармони шоҳ мардеро, ки Ораш ном дошт, ҳозир карданд. Марде буд диндору неккирдор. Манучеҳр мақсадро ба ӯ фаҳмонида, гуфт: бояд ин чӯбаи тирро бо ин камон партоб кунӣ. Ораш омода гашт, пӯшок аз тан бадар овард ва бо хитоб ба шоҳу мардумон гуфт: «Пайкари маро бубинед, ки аз ҳар захм ва айбе муназзаҳ (пок) аст. Медонам, ки чун бо ҳамаи неру тире бияндозам, пайкарам пора-пора хоҳад шуд ва хоҳам мурд. Аммо ин корро мекунам. Пас, бараҳна шуд ва он камони бузургу сангинро бо неруе, ки Худованд ба вай бахшида буд, ончунон кашид, ки то ниҳоят зеҳ боз шуд, тирро раҳо сохт. Он гоҳ чунон ки гуфта буд, баданаш пора-пора шуду бимурд.
Ба фармони Худованд бод он тирро аз кӯҳи Рӯён ба дуртарин нуқтаи Хуросон, ҷое миёни Фарғона ва Табаристон бурд ва тир ба дарахти гирдуи (чормағзи) бузурге қарор гирифт. Масофат чунон буд, ки гӯянд, ҳазор фарсанг мешуд ва Манучеҳру Афросиёб бад-ин марз бо ҳам сулҳ карданд ва аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзи Эрону Тӯрон муқаррар шуд.
Аз он замон сар карда, мардумон ба ёдбуди чунин ҳодисае, ки дар рӯзи Тир аз моҳи Тир рух дода буд, ҷашни Тиргон барпо карданд. Аммо Абурайҳони Берунӣ ва дигарон чун Зайниддин Маҳмуди Гардезӣ аз ду Тиргон ёд мекунанд: Тиргони бузург ва Тиргони кӯчак. Рӯзи сездаҳум ё Тиррӯз аз Тирмоҳ, ки тир раҳо шуд, Тиргони кӯчак аст. Тир ҷиҳати тайи масофати ёдшуда, муддати як шабонарӯз дар роҳ буд ва рӯзи баъд, яъне Гӯшрӯз ё рӯзи чаҳордаҳум дар замине миёни Фарғона ва Тахористон фуруд омад ва сулҳ барқарор шуд ва мардум ин рӯзро низ ҷашн сохтанд ва Тиргони бузург номиданд.
Дар гузашта, дар рӯзи Тиргон дар байни ақвоми ориёӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида, шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро «Обрезгон» ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.
Муаллифи «Зайн-ул-ахбор» Абусаид ибни Маҳмуди Гардезӣ дар асари таърихнигории хеш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши ин ҷашн зикр намудааст: «… ва андар Тиргон порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанд ва хӯрданд, ки орд натавонистанд кард. Зеро ҳама дар ҳисор буданд».
Ин ривоятро Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» таъйид карда, меафзояд: «… ва чун дар вақти муҳосира кор ба Манучеҳр ва эрониён сахту душвор шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандум ва пухтани нон намерасиданд, гандум ва мева кол (хом) мепухтанд. Бад-ин ҷиҳат шикастани зарфҳо ва пухтани меваи кол ва гандум дар ин рӯз расм шуд».
Расмҳои зарфшиканӣ, шустушӯй, пухта хӯрдани гандуму мева дар дигар сарчашмаҳо низ ишора шудаанд. Роҷеъ ба зарфшиканӣ ҳаминро гуфтан лозим аст, ки ин амал як навъ такрори рамзии пора-пора шудани тани Ораши камонгир аст. Дар бисёр ҷашну маросимҳо амалиёте барпо мешаванд, ки тақлид ба нахустҳодиса мебошанд.
Дар расми зарфшиканӣ низ ин гуна тақлидро мушоҳида менамоем. Обтанӣ ё ғусл кардан дар чашмаҳо ва ҷӯйҳо тақлидест ба шустушӯйи Кайхусрав, ҳангоме ки аз ҷанги Афросиёб баргашт, ба кӯҳсор рафта ва дар чашмае ғусл кард. Албатта, шустушӯй кардан маънову рамзҳои дигар низ дорад. Пеш аз ҳама, ин амал рамзи покию беолоишист, баъдан тавассути об неру гирифтан ва ғайра.
Ҷашни Тиргон ва одобу русуми он бо ҷорӣ шудани дини ислом ва баъдтар бо ғасби Эрону Осиёи Миёна аз ҷониби муғулҳо коста шуд ва он дар шаклҳои сайри чашма, сайри мазор ва баъзе расму одатҳои дигар миёни мардум идома ёфтанд. Азбаски ҷашни Тиргон бар пояи тақвими эронии яздигирдӣ барпо буд ва он солшуморӣ то кунун дар Эрон роиҷ аст, ҳанӯз ҳам баъзе маросиму ақоиди асотирии Эрони бостонро дар деҳоти Эрон мушоҳида кардан мумкин аст. Дар байни тоҷикони Осиёи Миёна аз ҷашни Тиргону асотири марбут ба Тиштар танҳо баъзе бовару ақоид ва истилоҳот боқӣ мондаанд, ки шаклу мундариҷаи худро як андоза тағйир додаанд.
Дар байни тоҷикон, дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд ва ҳанӯз ҳам баъзе сокинони кӯҳистон дар айёми беборонӣ ин амалҳоро иҷро мекунанд.
Дилшод РАҲИМӢ,
фолклоршинос