УСТУРАҲО ВА РИВОЯТҲОИ ТИРГОН

Ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан, дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав таҷдиди назар ин тантанаҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд.
Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра гандум расида, меваҳо мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи кишту кор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт.
ТИРГОН — ҶАШНИ СУЛҲ
Манучеҳр, шоҳи Эронзамин мехоҳад бо шоҳи Тӯронзамин Афросиёб сулҳ намояд. Ҳар ду ба чунин натиҷа мерасанд, ки камонваре тире раҳо намояд ва он тир дар ҳар ҷое, ки афтад, марзи Эрону Тӯрон таъйин шавад. Манучеҳр аз паҳлавони ватандӯсти номдор Ораши поку озодаву тандуруст хоҳиш менамояд, ки маҳорати худро нишон диҳад. Ба гуфти Берунӣ: «Ораши бараҳна бо қуввату неруи Худованд камонро то баногӯш кашида раҳо кард. Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён ба марзи Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад». Бо ёрии Эзид фариштаи Бод тирро то канори рӯди Ҷайҳун мебарад. Тир ба танаи калонтарин дарахти чормағзе бармехӯрад. Марзи Эрон ва Тӯрон таъйин мешавад ва сулҳ барқарор мегардад. Ин рӯз, ки дар моҳи тир ва рӯзи тир буд, ҷашн гирифта шуд ва онро Тиргон гуфтанд.
ҲАМНОМИИ МОҲ ВА РӮЗ
Дар замонҳои қадим номҳои моҳҳо 30 рӯз буда, ҳар рӯз номе дошт. Бо гардиши офтобу солу моҳ, он рӯзе, ки бо номи ҳамон моҳ дар як рӯз баробар ояд, онро ҷашн мегирифтанд. Дар моҳи Тир рӯзи тир 13-ум (3 июл, гоҳе 4-ум) аст, ки ба ин муносибат дар тобистон ҷашни Тиргон баргузор мешуд.
ҶАШНИ БОРОНУ ОБ БАР ЗИДДИ ХУШКСОЛӢ
Дар устураи дигаре омадааст, ки ситораи Тиштар, ки онро Эзаду фариштаи борон низ мегӯянд, дар қиёфаи аспи сафед ба дарё фурӯ меравад. Дар он ҷо бо деви хушксолӣ Апауш, ки ба қиёфаи аспи сиёҳ аст, чанд рӯз набард мекунаду шикаст мехӯрад. Дар набардҳои баъдӣ вай бо ёрии Аҳурамаздо бар он деви хушксолӣ пирӯз мешавад. Сипас, обҳо ба киштзорҳо ҷорӣ мешаванд. Бод боронҳои зиндагибахшро бар ҳафт кишвар мерезад, он рӯз 13-уми моҳи тир мебошад. Ривоят мекунанд, ки ба умеди боридани борон мардум дар солҳои хушксолӣ, дар моҳи тир, дар рӯзи тир ҷашне баргузор намуда, дар боғу роғ, дашту даман, доманаи дараву кӯҳҳо шодиву сурур, рақсу бозӣ, обпошиву оббозӣ мекарданд. Номи ин ҷашнро Тиргон гуфтанд.
ОИНИ ОБПОШОН
Шоҳи Эронзамин Кайхусрав дар чашмае танашро шуста, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад. Ба рӯяш об мепошанд. Ба ҳуш меояд. Барояш мегӯянд, ки «маяндеш», ҳамааш хуб аст. Баъд дар он ҷо деҳае бунёд намуда, номи онро «Майяндеш» мегузоранд ва бо гузашти замон номи он деҳа «Андеш» мешавад. Ба гуфти Берунӣ ва Гардезӣ, дар ин моҳ обпошӣ ва оббозӣ кардан ба ёди ҳамон чашмаю фаришта бар муқобили хушксолӣ чун оин боқӣ монд. Дар рӯзи Тиргон мардум бо шодиву сурур, ҷашни обпошон (обрезгон, саршӯрон)-ро баргузор намуда, аз Эзади борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.
СИТОРАИ ТИШТАР (СУҲАЙЛ)
Дар қисми ҷануби осмон, дар фасли тобистон ситораи дурахшоне пайдо мешавад, ки онро «Суҳайл», «Суҳайли Яман», «Суҳайли Ямонӣ» мегӯянд. Ин ҳамон ситораи Тиштар буда, маъмулан дар чиллаи тобистон намоён мешавад. Ҳанӯз ҳам дар байни тоҷикон, дар рӯзҳои чиллаи тобистон, гоҳе калонсолон дурахшиши ситораи Суҳайлро ба некӣ ба ёд меоранд ва хушнуд мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо занҳои тоҷик ҳоло ҳам баробари дидани моҳи аввал ва ситораи дурахшони Суҳайл бо шодмонӣ ҳафт маротиба аз ҷои худ «боло-боло» ҷаҳида мегӯянд: «шодӣ, шодӣ, Худо баракат диҳад, серию пурӣ шавад». Шояд ин яке аз нишонае аз ҷашни Тиргон аст, ки дар ёдҳо мондааст.
ПУХТАНИ МЕВАЮ ГАНДУМ
Ба гуфти Берунӣ, пас аз он ки Афросиёб заминҳои Эронро ишғол карда, то тангие рафт, аҳволи мардум вазнин шуд. Ватанро дифоъ карда, ҳатто барои орд кардани гандум ва пухтани нон фурсат намеёфтанд. Аз гуруснагӣ ва ночорӣ гандум ва меваҳои норасидаро мепухтанд. Пас аз сулҳу оромиш оини пухтани меваю гандум бо шодмонӣ ва ҷашну сурур дар рӯзи тири моҳи тир расм шуд.
СИТОРАИ НАВИСАНДАГОН
Ниёгони мо дар канори фарҳанги гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доранд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагону котибон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ, ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат ва китобат намудан бо ҳам наздик мебошанд:
ТИРГОНИ КУЧАК ВА ТИРГОНИ
БУЗУРГ
Ба мисли Наврӯзу Меҳргон ҷашни Тиргон низ хурду бузург доштааст. Берунӣ гуфтааст: «Рӯзи партоб кардани тир рӯзи тир мебошад, ки он Тиргони кӯчак аст. Ва рӯзи чордаҳуми он ки шаш рӯз аст, Тиргони бузург бошад. Дар ин рӯз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст. Ва дар ин рӯз мардум олоти табху танӯрҳоро мешикананд, зеро дар ин рӯз буд, ки онҳо аз Афросиёб раҳоӣ ёфтанд. Ва ҳар як ба кори худ машғул шуданд».
ОИНҲОИ ТИРГОНӢ
Ҳамин тавр, ҷашни Тиргон дар байни ниёгони мо шуҳрат доштаст, ки шодмониҳо ва баъзе аз нишонаҳои вобаста ба он то имрӯз дар ёди калонсолон мондааст. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷуфтронии деҳқонон, ки «одатан дар шабҳои тобистон» будааст, ёд намуда гуфтаанд, ки «дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда, дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд». Сурудхонии деҳқонон ҳамон нишонаи шодиву сурури тиргонӣ аз замонҳои бостон аст, ки то имрӯз расидааст.
Пешвои азизи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ин ҷашни ниёгон дар Тоҷикистон талош доранд. Инак, ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобис-тон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон, ба тамоми мардуми шарифи тоҷик ва ориёитаборон муборак бод!
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ