Кӯҳи Чилдухтарон аз мавзеъҳои нодири диёри азизамон мебошад.
Касе гумон ҳам надошт, ки баъди ҳазорсолаҳо дар домани ин кӯҳҳо боз биноҳо қомат меафрозанд ва ба ҳусни ин кӯҳсор ҳусн зам менамоянд.
Соли 2020 бо иқдоми афроди ватандӯст дар паҳноии беш аз 3 гектар биноҳои баландошёна бунёд ёфтанд. Баробари аз девораи панҷарадор гузаштан, аз пеш бинои панҷошёнаи меҳмонхонаву тарабхона намудор мегарданд. Тарабхона дар ошёнаи аввал иборат аз 60 ҷойи нишаст аст.
Бинои дуюми дуошёна, ки онро ВИП (VIP) низ меноманд, ду толори мунаққаши зебо барои семинарҳо дорад. Ҳар кадомаш дорои аз 20 то 50 ҷой. Дар се соли ахир дар ин ҷо 35 семинари сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ баргузор гардидааст. Дар таҳхонаи ин бино ҳаммоми дорои буғхонаҳои хушку тар барои 20 нафар сохтаанд. Дар саҳни қафои ин ду бино 5 бинои якқабата тарҳи миллии хатлонӣ, бадахшонӣ, хуҷандӣ (бо бухории аловии бобоӣ) ба чашм мерасанд, ки бо қолину гилемҳо, болишту кӯрпаҳо муҷаҳҳазанд. Хонаҳо дорои долон ва катҳои мунаққаши чӯбинанд. Сайёҳону меҳмонон метавонанд дар 4 ошхона худ таом пазанд ё ба ошпазҳои ҳунарманд фармоиш диҳанд. Ин маҷмааи саёҳӣ дар як вақт 100 нафарро бо ҷои хоб таъмин кардан метавонад. Майдончаҳои варзишӣ, кӯдакона, ду ҳавзи оббозӣ, гулгаштҳои дорои 5 ҳазор гулу бутта ва себу нок дар хидмати онҳост.
Дар нуҳ қисмати ин маҷмаа шаршараҳои гуногун мавҷуданд, ки манзараҳои аҷибе доранд. Ин ҷо барқ доимист, дар ҳолатҳои зарурӣ дастгоҳи пуриқтидори дизелӣ ҳамаро бо барқ таъмин карда метавонад.
Ҳуҷраҳои хобу будубош аз 50 то 300 сомонӣ арзиш доранд. Тавре ки яке аз маъмурони маҷмааи сайёҳӣ Зиёдалӣ Ризоев иттилоъ дод, дар се соли ахир 5 ҳазор меҳмону сайёҳ ба ин ҷо омадаанд. Манзараи Чилдухтарон, садои хурӯшони дарёчаи Сурхак, ки аз буни ин маҷмаа мегузарад, кӯҳи Сафед ва кӯҳи Сабз, ҳавои салқину мулоим, накҳати рустаниҳои хушбӯи ин мавзеъ шароити хуби буду бош ҳар касро шефтаи ин макон мегардонанд. Боғи чоргектарии дарахтони мевадор имсол бори нахуст ҳосил медиҳад. Боз дар ду гектари дигар зинабоғ бунёд карда истодаанд. Дар саҳни маҷмаа сохтмони бинои чойхонаи миллӣ идома дорад. Дар қатори он саҳнаи ҳунарии санъаткорон омода мешавад.
Роҳ аз маркази ноҳияи Муъминобод то кӯҳҳои Чилдухтарон (27 километр), азнавсозию мумфарш хоҳад шуд. Сайёҳону меҳмонон метавонанд, ба ин мавзеи афсонавӣ – Чилдухтарон бо роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод ё Данғара-Кангурт-Балҷувон-Ховалинг биёянд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
Рӯзноманигор
