ФАЙЗОБОД ОЕД, АЗ ВАШГИРД ОГОҲ МЕШАВЕД

Шумо ба Файзобод кай омада будед? Даҳ сол пеш? Понздаҳ сол пеш? Эҳ -ҳ а… Ҳоло биёед, онро намешиносед. Аз қадами аввалин шуморо боғҳои ду ҷониби шоҳроҳ ба оғӯш мегиранд, ба оғӯши ҳаловатбахш. Боди Элок бо накҳати гулу гиёҳу боғу роғ дар истиқболи шумост, ба таъбири устод Бозор Собир, “Бо азони боди Элокаш дарахтон дар намоз”. Файзободи имрӯзаи дар гузашта Вашгирд (дар ҷо-ҷое Висагирд, Виса) таърихи дерин дорад. Бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ бо такя ба китоби “Авасто” муқаррар кардааст, ки Вашгирд 3000 сол пеш шаҳр унвон дошт. Дар ин муқаддасоти хаттӣ номи Вашгирд дар қисмати “Яшт” омадааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ воқеаҳои аҳди Хусрави Анӯшервон (солҳои 531-579) –ро ба риштаи назм дароварда, қисса мекунад, ки дар ҷанги байни туркҳо ва ҳайтолиён аз шаҳрҳои Балху Шуғнон, Хатлону Вашгирд, Тирмизу Ому ва Зам лашкару лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин, тиллою танга ҷамъ меоваранд:
Зи Балху зи Шукнону Омую Зам,
Силоҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.
Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд
Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд.
Тасвири Абулқосим Фирдавсӣ далолат мекунад, ки дар асри VI, тахмин 1500 сол пеш, Вашгирд (ё Висагирд, тавре дар “Шоҳнома” омадааст) шаҳри аз ҷиҳати ҳарбӣ устувор ва аз лиҳози сиёсӣ бонуфуз будааст. Ногуфта нагузарем, ки мувофиқи маълумоти “Шоҳнома” Пирон — фарзанди Вис, сарлашкар ва вазири Афросиёб — зодаи Вашгирд ва ҳокими ин шаҳр будааст.
…Ки сарлашкари гурди Афросиёб
Аз ин мулки машҳур, аз ин хоку об.
Ва Пирон буда исм, пайванди Вис,
Накурою хушном фарзанди Вис.
Дар асоси таҳқиқ ва тавзеҳи олими англис Марк Варт муҳаққиқи рус В.Ф.Минорский дар шарҳи ба асари географӣ – таърихии “Ҳудуд-ул-олам” додааш Вашгирдро ҳамчун шаҳри қадимӣ – афсонавии Висигард ё Веса маънидод менамояд.
Дар китоби гаронарзиши Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” омадааст, ки шаҳри Вашгирд, ки миёни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ҷой доштааст, баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон, Кумод дар он замонҳо як ҳукумати ба сари худ мустақили сиёсиро ташкил мекардааст. Бостоншинос Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ баъди таҳқиқи харобаҳои Вашгирд чунин хулоса мебарорад: “Возеҳ гардид, ки ин шаҳр дар асрҳои IХ — ХII яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва савдо дар Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр аз се қисмат иборат буд: диз (қалъа), шаҳристон ва работ. Дизи шаҳр ҳоло ба номи “Қалъаи сангин” машҳур аст. Дар охир таъкид мекунам, ки дар Тоҷикистон ба монанди харобаҳои Вашгирд шаҳри қадиму калон нест”.
Зимни таҳқиқоти якмоҳа (соли 2007) бостоншиносони Академияи улуми Тоҷикистон аз “Қалъаи сангин” се ҳуҷраи зист бо фарши сангӣ ёфтанд. Рӯи фарши ҳуҷраҳо дегдонча, танӯр, ташноб, сиккаи мисини темурӣ ва сафолу ашёи дигар пайдо шуд. Муайян гардид, ки шаш қабати зист ба асрҳои XI-XV, IX-X тааллуқ доранд. Мувофиқи ин ҳафриёт қалъаи “Фотима- Заҳро” дар асрҳои IX-X бунёд гардидааст. Аз хоки зери ҳамин қалъа сафолҳои даврони Кӯшониён ёфт шуданд. Деги аз оҳан сохташуда, ки ба асрҳои XI-XIII мутааллиқ аст, барои илми бостоншиносӣ муъҷизаи нодир мебошад. Ба далели бостоншиносон, “ин гуна дегҳо дар Осиёи Миёна бори аввал ёфт шуданд”. Сиккаҳои хитоӣ ва ҳиндӣ аз он далолат мекунанд, ки ҳушмандони Вашгирд бо роҳи тиҷорат ба Ҳинду Чин мерафтаанд. Ин, албатта, табиист, зеро Вашгирд дар миёнҷои шоҳроҳи байналмилалии “Роҳи абрешим”, ки аз Балх сар шуда то ба Чин мерасад, қарор дошт.
Ҳафриёти соли 2009 – уми Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии АМИ Тоҷикистон дар Қалъаи сангини Вашгирди куҳан (гӯристони кунунии деҳаи Саричашма) дақиқ кард, ки дар ин мулки бостонӣ ҳунармандию косибӣ ривоҷ доштааст. Олимони пажуҳишгоҳ ҳини ковиш қубурҳои обгузару хишт, сарпӯши гилину дегу оташдони интиқолӣ, симобкӯза, чароғ, ашёи ороишии занона, деги оҳанин, косаҳои сирдори мунаққаши катибадор, табақу шоҳ коса, дук, сияҳдон ёфтанд, ки ба асрҳои IX ва XV мутааллиқанд. Пайдо кардани муҳри шоҳи Ҳинд Акбаршоҳ ва сиккаҳои чинию ҳиндӣ исбот бар он аст, ки Вашгирди куҳан шаҳри тиҷоратӣ ва соҳиби бозорҳои сари “Роҳи абрешим” будааст.
Бостоншинос, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз ҳафриёти соли 2004 ба чунин хулоса омад: “Зери талу теппаҳои Вашгирди қадим ашёи зиёде маҳфузанд, ки кашфи онҳо таърихи кишварамонро бо санадҳои нав ғанӣ хоҳад кард”.
Қисме аз бозёфтҳо дар осорхонаи ноҳия гузошта шудаанд. Ҳар сокини ватандӯст ва худогоҳ, дӯстдори таъриху тамаддун, сайёҳу меҳмони соҳибзавқ метавонад таваҷҷуҳ карда, ба таърихи ин диёр то андозае ошно шавад.
Дар деҳаи Саричашма (дар гузашта Саримазор) мақбараи яке аз орифони тамаддуни башарӣ, шогирди Шақиқи Балхӣ – Ҳотам ибни Асами Балхӣ ҷойгир аст. Мақбараи Хоҷаи Ҳотам ёдгории беназири таърихӣ буда, тарҳи он дар Туркия қаламрезӣ шудааст. Бунёди бино ба асри XV тааллуқ дорад. Баландии мақбара 10 метр аст. Ин ёдгории таърихӣ ба зиёратгоҳи мардум табдил ёфтааст. Ҳар шахси ба ин ҷо омада, бигузор, меҳмон бошад, ё сайёҳ, ба шарҳи ҳол ва офаридаҳои ин орифи мумтоз ошноӣ пайдо менамояд.
Аз осорхонаи ноҳия ҳар каси мутаваҷҷеҳ борсангҳои асри биринҷӣ, ҳазораи II пеш аз мелод, ки аз деҳаи Шерамон ёфт гардидаанд, чархи ремонресии даврони ориё, кӯзаҳои нақшини асри X, қолаби сангини мӯза (асри VI-VII), ҳамчунин, сангҳои шикории зардуштиёнро дида метавонад. Барои ҳар бинанда сикаи нуқрагини шоҳи Юнону Бохтар – Эвтидеми 2 (солҳои 220-190 пеш аз мелод), ки аз деҳаи Тақназарӣ ёфт шудааст, аҷиб менамояд.
Маҳфили бостоншиносии мактаби рақами 2-и деҳаи Меҳробод бо роҳбарии омӯзгори таъриху ҳуқуқ Зариф Собиров аз деҳаи Тақназарӣ аз чуқурии 14-15 метр миҷмари асрҳои V-VIII ва кӯзаи асри Х, аз работи Вашгирди қадим кӯзаи асри VI, аз деҳаи Шерамон табари сангини асрҳои II- III пеш аз мелод ва борсангҳои бофандагии асри биринҷ, ҳамчунин, косаҳои сафолӣ мунаққашу катибадори асрҳои Х-ХI, пораҳои зарфҳои шишагии асрҳои IV-Х, дастгоҳи бофандагии асри Х пайдо карданд. Табари сангини аз деҳаи Шерамон ёфташуда ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя гардид. Ин табар ба ҳазорсолаи II-III пеш аз мелод тааллуқ дорад. Бостоншиносони ҷавон аз ҳамин деҳа тангаҳои асрҳои VIII-IХ ва ҳайкалчаи 25-сантиметрӣ пайдо карданд.
Тазкиранависи араб Ал-Истахрӣ Вашгирдро шаҳре медонад баробари Тирмиз ва бузургтар аз Ҳисор. Ҳамчунин, аз маълумоти ӯ равшан мегардад, ки дар асри Х Пули Сангин (дар Норак) сарҳади табиии байни Хуталон ва Вашгирд будааст. Бостоншиноси тоҷик Давлатхоҷа Довудӣ баъди ҳафриёти харобаҳои Вашгирди куҳан ба чунин хулоса омадааст: “Дар асрҳои миёна дар Бохтари қадим се вилояти бузургу бонуфуз буд – Хатлон, Чағониён ва Вашгирд. Аммо дар замонҳои қадим аз ҳама бонуфузтарин вилояти ин минтақа маҳз Висагард (Вашгирд) будааст. Хулоса, аз асри III-II то милод то асрҳои VI-ХVI шаҳри Вашгирд обод буда, “Қалъаи сангин”, “Қалъаи Фотима Заҳро” ва шаҳристону работ дошт. Ба ҳайати вилояти Висагирди қадим на танҳо ноҳияи имрӯзаи Файзобод, балки ноҳияҳои гирду атроф – аз Кабудҷар то Душанбею Ҳисор дохил мешуданд. Шояд вилояти Сурхандарё ва Тирмиз низ ба ҳайати Висагард дохил буданд ва ё ин ки аз лиҳози сиёсӣ тобеи шоҳи Висагард -Пирон ва авлодони ӯ буданд”.
Муаррихи асри VIII араб Самъонӣ зимни тавсифи шаҳри Вашгирд навиштааст: “Дар аввалҳои интишори ислом дар Вашгирд алифбои махсус ва навиштаҷоти аҷибе машҳур буд, ки дар китобҳо сабт шудааст”.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
рӯзноманигор,
Корманди шоистаи Тоҷикистон