ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОН

Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Барои бо об таъмин намудани мардуми кишвар аҳаммияти пирях бузург аст. Аммо муаммои глобалие, ки сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд овард, тағйирёбии иқлим мебошад.

Абдувалӣ Ҳомидов — директори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд дар ин бора мегӯяд, ки дар солҳову асрҳои гузашта низ иқлим тағйир ёфта буд, аммо тағйирёбии иқлим дар ҳоли ҳозир ба зиёд шудани инсон дар рӯйи замин ва бисёр шудани партовҳо вобастагии зиёд дорад. Аз ҳисоби ин партовҳо газҳое, ки дар атмосфера бухор мешаванд, газҳои гармидиҳандаанд, ки метавонанд пардаи атмосфераро тунук кунанд ва нури офтоб дучанд ба замин расад. 

Агар мо пиряхҳоро ҳифз намоем, экосистемаи кишвар дар як сатҳи муайян меистад. Тағйирёбии иқлим ба ҳама таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, агар дар атмосфера миқдори газҳо кам ё зиёд шавад, гарду дуду туман одамонро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад. Бемориҳои шуш, дил ва камхунӣ аз таъсири ҳавои чиркин ба вуҷуд меоянд. Дар ҳамин ҳол, соли гузашта дар вилояти Суғд ва махсусан, дар шаҳри Хуҷанд чунин олудагии ҳаво ба назар расид, яъне табиатро гард фаро гирифта буд. Чунин воқеаҳо ба табиат ва инсон бетаъсир намемонанд. Новобаста ба ин, инсониятро водор месозад, ки барои ҳифзи табиат беаҳаммият набошад. 

Чин, ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия ва Ҳиндустон кишварҳое мебошанд, ки дар олудагии ҳаво таъсири бештар доранд. Агар аз рӯи саршумори аҳолӣ гирем, ИМА ба сари ҳар аҳолияш ба ҳавои атмосфера солона 23,5 тонна ва эквиваленти гази карбонат ё худ CO2 хориҷ мекунад. Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо 10 тонна ва Чин 5,5 тонна гази CO2 ба ҳаво мефиристад. Ин ҳолат дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ба назар мерасад. 

Кишварҳое, ки CO2 аз сӯзиши маводи сӯхт млн тонна хориҷ мекунанд:

Чин – 9040,74 

ИМА – 4997,50 

Ҳиндустон – 2066,01 

Россия – 1463,99 

Ҷопон – 1141,58 

Олмон – 729,77 

Кореяи Ҷанубӣ – 585,99 

Эрон – 552,40 

Канада – 549,23 

Арабистони Саудӣ – 531,46

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки иқлими сайёра тағйир ёфта истодааст. Таъсири ҳар як шахс барои нигоҳ доштани тавозуни табиат чӣ метавонад бошад? Сабз намудани он ва аз партов тоза нигоҳ доштани муҳити атрофе, ки худамон зиндагӣ мекунем. Нигоҳ дошта натавонистани тавозуни табиат ба тағйирёбии иқлим боис мешавад. Ин масъала на танҳо дар як кишвар, балки дар тамоми кишварҳои дунё мушоҳида мегардад. 

Маҳз чунин мушкилот, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардида, барои баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Бо ташаббуси Президенти кишвар 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Дар ҳама ҳолатҳо табиат кори худро мекунад, боқӣ камбуду норасоиҳое, ки ба амал меояд, бо дасти инсон бартараф мешавад ва танҳо вазъро фаҳмида, якҷо амал карданамон лозим аст.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

донишҷӯи ДДХ ба номи 

академик Бобоҷон Ғафуров