(«Омӯзгор», №26, аз 29 июни соли 2023)
Дар интиҳои моҳи июн дар кишвари азизамон ду ҷашни муҳим-Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) ва иди Қурбон (28 июн) таҷлил гардид. Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№26, аз 29 июни соли 2023) ба муносибати ҷашнҳои мазкур паёмҳои шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп расидааст (саҳ.1-2). Дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Сарвари кишвар, аз ҷумла, даъват кардаанд: «Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии хеш омада бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем».
Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, матни паёми табрикии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ба аҳли маорифи мамлакат бо номи «Ваҳдати мо безавол аст» чоп шудааст (саҳифаи 3).
Дар саҳифаҳои минбаъда як силсила хабарҳое оварда шудаанд, ки аз навгониҳо ва рухдодҳои навин дар Вазорати маориф ва илм ва умуман, дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ мерасонанд (саҳ. 3- 4 -5). Бо унвони шоиронаи «Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат!» дар саҳифаи 5-уми нашрия мақолаи мухбири «Омӯзгор» дар ВМКБ Ҷ.Улфатшоҳ ҷой дода шудааст, ки саршор аз меҳру ихлос нисбат ба Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин мақола аз чанд лаҳзаи корномаи рангину ибратбахшу ватанпарастонаи Пешвои миллат ёдоварӣ мешавад ва таъкид мегардад, ки устуворсози истиқлоли Тоҷикистон ва меъмори кохи ваҳдати миллат маҳз Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мақола бо чунин сатрҳои ифтихормандонаву самимӣ ҳусни анҷом пазируфтааст: «Пайдо намудани маҳбубияти том миёни мардум кори саҳлу осон нест, аммо Пешвои мо дар дилу дидаи халқ ҷой гирифтаанд, ки ба ин бахти баланд на ҳар кас сазовор мегардад». Ду мақолаи дигар дар ин саҳифа ба масоили фаъолияти Маркази миллии тестӣ («Мушкилкушои довталабон», муаллиф М.Яҳёева) ва тарбияи ахлоқии насли наврас («Ҳидоятгар бошем», муаллиф Р.Саидҷамол) бахшида шудааст.
Мақолаи ҷолибу муассир ва пурдалели муҳаррири шуъбаи ҳафтанома Ш.Раҷабзод «Хирадсолорӣ-ҷавҳари рушди давлатдории миллӣ» як саҳифаро фаро гирифтааст ва он ба масоили давлату давлатдорӣ, ифтихори миллию хештаншиносӣ бахшида шуда, дар ҳошияи мақолаи профессор С.Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» иншо гардидааст. Муаллиф ба таври хулоса чунин менигорад: «Ҷавҳари мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» он аст, ки дар ҷомеа ҳувияти миллӣ бояст ба эҳсосу андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ дастболо гардад, ки ин омил ҷавҳари бақою ҳастии давлату миллат ба шумор хоҳад рафт».
Дар шумораи пешинаи (№25) «Омӯзгор» силсилаи мақолаҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба чоп расида буд. Дар шумораи нав ин силсила идома ёфтааст. Мақолаҳои «Ваҳдати мову ту баҳор овард» (Р.Худоёров), «Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад» (С.Ваҳҳобниё), «Корвони маънавиёт»-таҳкимбаши сулҳу субот» (Ф.Абдулло), «Шукӯҳи зиндагӣ аз ваҳдат аст» (А.Ибодуллозода) ва «Башорат» (Ш.Раҷабзод) дар саҳифаҳои 7-8 ба ҳамин мавзуъ бахшида шудаанд ва саршор аз гуфтору андешаҳои ваҳдатпарастию ватандӯстӣ мебошанд.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба масоили миллӣ, хештаншиносӣ ва анъанаву русуми аҷдодӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорад ва вобаста ба ин мавзуъҳои ифтихорӣ пайваста мақолаву нигоштаҳои бадеӣ ба табъ мерасонад. Ин дафъа дар нашрия бахшида ба ҷашни Тиргон мақолаҳои ҷолиб ҷой дода шудаанд. Мақолаҳои фолклоршиноси маъруф Д.Раҳимӣ «Хуҷастаҷашни ниёгон» ва профессор Р.Раҳмонӣ «Устураҳо ва ривоятҳои Тиргон» хеле муҳтавоманду ифтихорбарангезанд ва мутолиаи онҳо барои ҳар як хонандаи нашрия судманду дилписанд хоҳад буд (саҳ. 9-10).
Таваҷҷуҳи муштариёни «Омӯзгор» ба озмунҳое, ки ҳафтанома эълон кардааст, батадриҷ бештар мегардад. Мақолаҳои М.Раҳимбердиев «Сарчашмаи ҳаёт», М.Бахтиёрзода «Тағйирёбии иқлим таъсиргузор аст» (саҳ.11), Ҷ.Муъмин «Файзобод оед, аз Вашгирд огоҳ мешавед», Н.Ҳасанов «Яке аз 7 муъҷизаи кишвар» ва Ф.Султонзода «Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ» (саҳифаи 13) ба озмунҳои «Тоҷикистон-сарзамини пиряхҳо» ва «Тоҷикистон диданист» бахшида шудаанд ва мазмуну муҳтавои ҷолиб доранд.
Дар мақолаи мухбири «Омӯзгор» С.Мӯсоева «Фариза Ғафурова-ғолиби даври минтақавӣ» аз ҷараёни даври минтақавии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2023 иттилоъ дода мешавад. Дар ин озмун мураббии кӯдакистони №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова ба пирӯзӣ расид ва барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст овард (саҳ.12). Мақолаи дигари ин саҳифа «Дастоварди тарбиятгирандагон» (муаллиф Ф.Ҳусейнова) ном дорад ва аз фаъолияти кӯдакистони №41-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳикоят мекунад.
Дар саҳифаи 13 барои хонандагони ҳафтаномаи “Омӯзгор” якчанд мақолаи методӣ пешниҳод шудааст. Бар он боварем, ки ин мақолаҳо ба омӯзгорон ба сифати такмили ихтисос хидмат хоҳанд кард ва барои ҳадафгиртар кардани машғулиятҳояшон бо шогирдон мадад хоҳанд расонд. Ба ҳукми анъана дар ҳар шумораи «Омӯзгор» сафҳае ба инъикоси фаъолияти омӯзгорони варзида бахшида мешавад. Нигоштаҳое бо номҳои «Донишманди пуркор ва хоксор» (муаллиф А.Наҷмиддин) ва «Сазовори эҳтиром» (муаллиф Ҷ.Қурбон) тасдиқгари гуфтаҳои мазкуранд (саҳ.15). Дар шумораи навини «Омӯзгор» хонандагон, ҳамчунин, метавонанд боз якчанд хабару иттилоъро вобаста ба соҳаи маорифи кишвар ва низ намунаҳо аз ашъори шоирони тоҷикро мутолиа намоянд.
Навбатдори шумора А.Муродӣ