МАРДИ ШУҶОЪ

Соли ҷорӣ ба анҷоми набардҳои хунини ҷанги солҳои 1941-1945, ки таърихи башарият мислашро надида буд ва ғалабаи инсоният бар фашизми гитлерӣ 78 сол пур шуд. Баробари ҳамаи халқҳои сулҳхоҳи олам, мардуми шарафманди Тоҷикистон низ ин рӯзи таърихиро ҷашн гирифтанд. Бояд хотиррасон намуд, ки аз аввалин лаҳзаҳои оғози ҷанг мардуми Тоҷикистон ҳамаи захираву имконот ва фарзандони далеру шуҷои худро ба ҷабҳа сафарбар намуданд.
Яке аз чунин ҷавонмардони бонангу номуси диёри Хатлонзамин Шариф Табаров буд, ки моҳи октябри соли 1942 ихтиёран ба муҳофизати Ватан-Модар рафта, то 20 октябри соли 1945 дар ҳайати фронтҳои якум ва дуюми Украина, дар муҳорибаҳои шадиди шаҳрҳои Сталинград ва Курск иштирок карда, ба гирифтани ордену медалҳо мушарраф гардидааст.Дар яке аз муҳорибаҳои хунин ярадор шуда, 20 октябри соли 1945, баъди шифо ёфтан ба ақибгоҳ бармегардад. Бобои Шариф минбаъд ба тарбияи насли наврас камар мебандад. Ба сифати муаллим чанде дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) ва баъ-дтар дар мактаби миёнаи №17-и шаҳри Кулоб то охири умраш ба омӯзгорӣ машғул мешавад. Дар тӯли 45 соли омӯзгорияш ҳазорон нафар фарзанди халқро таълиму тарбия дода, соҳиби обрӯ ва иззати мардуми хеш гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки мисли бобои Шариф беш аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон дар набардҳо шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдони ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Дар ин рӯзҳо пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осоиштаи наслҳои оянда ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб