Тавре ки медонем, дар ҷумҳурии мо мо меъёри панҷбаллаи баҳогузорӣ амал мекунад. Аз ҷониби дигар, бо тесту рейтинг дониши хонандаро баҳогузорӣ мекунанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ андешаву назарҳо дар бораи маориф, муносибат ба мактаб, хонандаву омӯзгор, тарбияву ахлоқ тағйир пазируфтаанд. Вобаста ба ин, мазмуну муҳтавои асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф низ дигаргун ва ба соҳа ислоҳот ворид гашт. Ҳарчанд тағйироту дигаргуниҳо зиёданд, ҳанӯз дар мактаб меъёри баҳогузорӣ дар шакли пешин амал мекунад. Дар ин замина саволҳои зиёде ҳам пайдо мешаванд: оё тартиби панҷбаллаи баҳогузорӣ сифати ҳақиқӣ ва воқеии дониши хонандаро муайян карда метавонад? Агар низоми панҷбаллаи баҳогузорӣ ба шароит мувофиқ бошад, пас, хол гирифтан аз рӯйи тесту рейтингҳо ба хотири чист? Он чӣ ки дар мактаб меомӯзанд ва он чӣ ки дар донишгоҳ аз худ мекунанд, дониш аст. Аз ин ду кадомеро бояд қабул кард? Ин ду шакли баҳогузорӣ ба дониши хонанда ва донишҷӯ аз ҳам чӣ фарқияту чӣ афзалият доранд? Оё ин меъёрҳои баҳогузорӣ сифати дониши хонандаю донишҷӯро мушаххасан муайян карда метавонанд?
Дар мактаб ба ду чиз аҳамияти зиёд медиҳанд: яке иҷрои миқдории барномаи таълимӣ, дигаре иҷрои сифатии барномаи таълимӣ. Масалан, барномаи таълимии адабиёти тоҷик дар синфи 9 дар як соли таҳсил 64 соат таъйин карда бошад, то охири соли таҳсил бояд ҳамин 64 соатро омӯзгор гузарад, яъне иҷрои миқдории барномаи таълимӣ бояд таъмин карда шавад. Вале дар ин 64 соат хонанда ҳамаи мавзуъҳоро аз худ кардааст ё на, ин ба иҷрои сифатии барномаи таълимӣ дахл дорад. Агар ин мавзуъҳоро аз худ карда бошад, пас, иҷрои сифатии барномаи таълимӣ таъмин гардидааст, агар қисман ҳазм карда бошад, сифати дониш хуб нест. Ҳамин тариқ, мо ҳар соат дар баробари ҳаллу фасли ҳар як мавзуъ дониши хонандаро месанҷем ва дар ин асос баҳо мегузорем. Ҳамаи гап сари ин масъала аст, ки мо ба дониши хонанда чӣ хел баҳо мемонем, баҳои мо воқеист ё сатҳию рӯякӣ? Агар “5” бимонем, оё бовар ҳаст, ки дониши хонанда ба ин баҳо сазовор аст?
Таҳлилу мушоҳидаҳо, хулосаву таҷриба нишон медиҳанд, ки меъёри баҳогузорӣ дар ҷумҳурӣ на ҳама вақт ва на дар ҳама ҷо риоя мегардад. Моҳи май гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм дар Бадахшон дар баробари дигар масъалаҳо сифати таҳсилотро омӯхтанд. Тавре ки дар ҷаласаи мушовараи сайёр иттилоъ доданд, сатҳу сифати дониши мактабиён дар баъзе ноҳияҳои вилоят паст аст. Болотар ишора рафт, ки масъаларо моҳи май санҷиданд, замоне ки то анҷоми соли таҳсил андак фурсат монда буд, яъне санҷиш ба давраи “ғалберро аз об бардоштан” рост омад.
Баҳоро қадр бояд кард, қадри баҳо қадри омӯзгор аст. Вақте ки баҳоро ба таври холисона мегузорем, савияи дониш низ мушаххасан маълум мегардад. Меъёри баҳогузорӣ, ки риоя гашт, сифати дониш беҳбуд меёбад. Вақте хонанда дарк кунад, ки дигар ба ӯ баҳои муфт намегузоранд, маҷбур мешавад, ки китоб ба даст гирад. Маҷбур мешавад, ки баъди дарс назди омӯзгор равад. Маҷбур мешавад, ки маркази таҳсилоти иловагӣ равад…
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”,
ВМКБ
